Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, зимни нишасти матбуотӣ, ки 8 феврал доир гардид, иброз намуд, ки донишгоҳ дорои 3 хобгоҳи замонавӣ буда, аз рўйи шароитҳои мавҷуда имкони таъмини 1186 нафар донишҷўйи ниёзмандро дорад. Ҳоло дар хобгоҳ 958 донишҷў зиндагӣ мекунад. Аз ин шумора 584 нафар дар хобгоҳи №1А-Б ва 374 нафар дар хобгоҳи №2 бо ҷойи зист дастрасӣ пайдо намудаанд.
- Ҳамчунин, зикр гардид, ки аз шумораи умумии донишҷўёни ба хобгоҳ таъмингардида 217 нафарашонро духтарон ва 741 нафари боқимондаро писарон ташкил медиҳанд ва айни замон 13 нафар донишҷўйи хориҷӣ дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад. Шумораи донишҷўёни ятими кулл бошад, 12 нафар ва маъюбон 14 нафарро ташкил медиҳад.
Барои беҳбудии ҳаёти маишии донишҷўёни истиқоматкунандаи хобгоҳҳои донишгоҳ 6 толори китобхона, 2 толори истироҳативу тамошои телевизион, 2 толори варзиш фаъолият менамоянд. Ошёнаҳое, ки барои духтарон пешибинӣ шудаанд, бо таҷҳизоти муосири маишӣ таъмин буда, роҳраву долон ва атрофи хобгоҳҳо бо наворбардорҳои муосир назорат мешаванд.
Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки нархи истиқомат барои як моҳ 70 сомонӣ, барои як сол 700 сомонӣ пешбинӣ гардидааст,-гуфт ректор.
Саида ХОҶАЕВА