ШУМОРАИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРӢ МЕАФЗОЯД1-08-2022, 11:21
Хабарро хонданд: 100 нафар
Назарҳо: 0
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии нафақагирони маъюб 159 ҳазору 679 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4% зиёд гардидааст.
Таъкид гардид, ки 20,97 дарсади нафақагиронро маъюбон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 2273 нафар ё ин ки 1,4 фоиз зиёд гардидааст. - Барои пардохти нафақа ба нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 52,3 миллион сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 372, 69 сомонӣ баробар аст, - директори агентӣ. Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз шумораи умумии маъюбон 17 ҳазору 165 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 76 ҳазору 792 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 ҳазору 275 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар кишвар 32 ҳазору 447 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 307,98 сомонӣ баробар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 761 ҳазору 312 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 527 нафар ё 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.