Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАР ТАВАЛЛУДХОНАҲО ТАНҲО БУРИШИ ҚАЙСАРӢ ПУЛАКӢ АСТ

ДАР ТАВАЛЛУДХОНАҲО ТАНҲО БУРИШИ ҚАЙСАРӢ ПУЛАКӢ АСТ

9-02-2023, 08:53
Хабарро хонданд: 1053 нафар
Назарҳо: 0
ДАР ТАВАЛЛУДХОНАҲО ТАНҲО БУРИШИ ҚАЙСАРӢ ПУЛАКӢ АСТ
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 таваллудхона фаъолият мекунад. Дар умум 16030 кат барои модару кӯдак хизматрасонӣ мекунад. Аз инҳо 6449 кат барои занон ва 9851 кат барои кўдакон аст. Ин нуқтаро Ҷамолиддин Абдуллозода- Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» иттилоъ дод.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳар як шахс бояд ҳуқуқу ваколатҳои худро донад. - Дар ҳар як муасиссаи тиббӣ хазинаҳо мавҷуданд, ки наздашон нархномаҳо овезон аст. Дар тавалудхонањо танњо буриши қайсарӣ пулакӣ аст, дигар ҳама намуди хизматрасонӣ ройгон ба роњ монда шудааст. Ба хотири ба танзим даровардани камбудиҳои ҷойдошта, вазорат гардишњои рӯзона ва шабона ташкил намудааст ва мо ҳамеша таъкид менамоем, ки хизматрасонї дар таваллудхона ройгон аст, ғайр аз буриши ќайсарї. Ин њам бошад, танњо барои кам кардан ё коњиш додани буриши қайсарӣ аст. Агар буриши қайсарӣ дар таваллудхона зиёд шавад, як мушкилии дигар њам дар муассиса ва њам дар занњо пайдо шуданаш мумкин аст аз ќабили ягон оризањо ё фавти зани њомила,-таъкид намуд вазир.
Гуфта шуд, ки дар ҷумњурӣ зиёда аз 2,5 миллион занњои ќобили таваллуд аст, ки аз онњо 11840 зани њомилаи маъюб ба њисоб меравад. Барои пешгирии маъюбї тањлилњо аз тарафи мутахассисони вазорат дар њамин самт гузаронида мешавад. Ба аќидаи коршиносони соња, бештар беморињои музмин, гурда, шуш ва ѓайра дар ваќти њомиладорї ва таваллуд метавонанд сабаби пайдоиши ориза гарданд.
Њамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода зикр намуд, ки аз шумораи 238288 таваллуд, зиёда аз 110121 зан аз ташхиси њомиладорї гузаштаасту халос, ки аз онњо 1114-тоаш бо иллати модарзодї таваллуд гардида, 897-тои дигарашон аз оризањои модарзодї пешгирї гариданд. Бояд гуфт, ки яке аз роњњои асосии пешгирии маъюбї аз тарафи занњои ќобили таваллуд, ин сари ваќт муайян ва табобат кардани беморињои дар боло зикргардида мебошад.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: