“COVID 19”-ро дар хона муолиҷа кардем17-01-2021, 16:43
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ба Афғонистон ҳамсарҳад буда, дар баробари ин кишвари амн барои паноҳандагони ин давлати ҷангзада мебошад. Сол то сол шумораи гурезагони афғон рӯ ба афзоиш буда, тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба паноҳҷӯён дар ноҳияҳои назди сарҳадӣ ва шаҳри Душанбе иҷозати иқомат дода нашудааст, вале дар дигар ноҳияҳо метавонанд озодона зиндагӣ кунанд. Нигина Солеҳзода, қариб се сол мешавад, ки ҳамроҳи оилааш ба Тоҷикистон омадаанд ва ин ҷоро як кишвари амн интихоб намуданд. Онҳо дар маҳаллаи Истиқлол 1-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд. Нигина дар суҳбат ба мо гуфт: “Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҷои кор надоранд ва гаронӣ дар бозорҳо ба чашм мерасад, вале мо ин ҷо амну осуда ҳастем. Дар Афғонистон зиндагиамон хуб буд ва оилаамон 14 нафарро ташкил медод. Бо сабабҳои ҷангу хунрезӣ мо ду тақсим шудем, ҳафт нафар аз аъзои хонаводаамон дар Афғонистон монд ва ҳафт нафари дигарамон ба Тоҷикистон кӯч бастем. Ноновари хона бародари шавҳарам мебошад, худи шавҳарам бошад гоҳ кор меёбад гоҳи дигар не”. бо аҳли оилаашон паноҳандагии Тоҷикистонро ба даст овардаанд ва ду моҳ пеш курси дузандагиро хатм кард. Нигина умед дорад, ки бо касби интихобкардааш зиндагиашро беҳтар мегардонад. “Аз тарси сироят ёфтан, ба беморхона нарафтем” Аз суҳбат бо эшон маълум гашт, ки аксари гурезаҳои ин маҳалла ба ҳар беморие, ки дар давраи короновирус гирифтор гаштаанд, ба худмуолиҷакунӣ машғул шудаанд. Руҳия Ҳаётхон, роҳбари гурезаҳои афғон, дар суҳбат ба мо қайд кард, ки дар маҳаллаи Истиқлол 1 тақрибан 20 оила аз паноҳандагони афғон зиндагӣ мекунанд: “То ҷое огаҳӣ дорем, аз ин беморӣ як-ду нафар сахт бемор шуданд ва шукри Худо фавт набуд. Дар давраи коронавирус тарс аз сироят нашудан ҳамеша бо мо буд. Он вақт ба ҳар беморие дучор шудем, аммо беморхона нарафтем. То дорухона мерафтем, мушкилии худро мегуфтем ва дору харида, ба хона бармегаштем. Тарс доштем, ки мабодо аз нақлиёти мусофирбар ба вирус олуда нашавем”. Нигина низ бемории ҳамагирро аз сар гузаронидааст ва бо таассуф ёдовар шуда мегӯяд, “мариз шудем, вале ба бемористон нарафтем. Ба худмуолиҷа машғул шудем. Ҳар давое лозим мешуд, аз дорухона мепурсидему дору гирифта, истеъмол мекардем. То ҳол шавҳарам мариз аст ва доруҳои зиёдро харидорӣ кардем”. Тарси таваллуд аз гаронӣ дар беморхонаҳои Тоҷикистон Нигина Солеҳзода дар ин муддате, ки дар кившари мо зиндагӣ мекунад, аллакай гаронии хизматрасонии тиббиро мушоҳида кардааст. Ӯ феълан ду фарзанд дорад, тасмим гирифтааст, ки набояд таваллуд кунам. Зеро аз ҳамсояҳои худ фаҳмидааст, ки барои таваллуд дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон аз 100 доллари амрикоӣ зиёд масраф мешаваду кам не: “Зиндагии инсон то хуб набошад, таваллуди фарзанд мушкилӣ пеш меорад. Бо ҳамин ду фарзандам, масрафи зиёд дорем”. Вобаста ба хизматрасониҳои тиббӣ дар давраи короновирус ва пеш аз он сару садоҳо дар бораи мушкилиҳои марбута дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Махсусан чанде қабл Далери Эмомалӣ, рӯзноманигор ва фаъоли шабакаи иҷтимоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш дар мавриди таваллудхонаи беморхонаи Истиқлоли шаҳри Душанбе ва хизматрасонии пулакӣ, ки дар асл ройгон аст, интиқоди шадид карда буд. Ӯдар суҳбат ба мо қайд кард, ки “ҳамсарам роҳат таваллуд кард, вале бо ҳар роҳ мехостанд, ки аз ман пул ситонанд, аммо рӯирост намедодам. Бо вуҷуди ҳамин харҷи берунаву дарунаи худам ба 1000 сомонӣ расид”. Паноҳандагони афғон бошанд, баръакс мегӯянд, ки дар Кобул хизматрасонӣ дар беморхонаҳои давлатӣ ройгон аст. Ба гуфтаи онҳо ҷарроҳӣ, муоилаҷа кардан, кандани дандон ва ҳатто таваллуд кардан ройгон аст, ба ҷузъ беморхонаҳои хусусӣ. Азизулло Идиев, мудири бахши муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ зимни суҳбат қайд кард, ки дар ноҳия 16 ҷамоат аст ва дар қисме аз он паноҳандагони афғон зиндагӣ мекунанд: “Агар ба таври пурра гӯем, дар панҷ ҷамоату шаҳраки ноҳия 82 оилаи паноҳҷӯёни афғон зиндагӣ мекунанд”. Ба суоли он ки боре паноҳҷӯёни афғони ноҳия ба шумо барои кумак муроҷиат карда буданд, номбурда чунин гуфт: “Дар худи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ “Маркази таълимии калонсолон” фаолият мекунанд, ки дар онҷо курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ мебошад. Дар ҳамин марказ 15-20 нафарӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, забони англисӣ, курси компютер ва дӯзандагӣ ба паноҳандагони афғон омӯзонида шуд”. Бино ба иттилои Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғонҳо "Ориёно", дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи бемории ҳамагир Ҳукумати Тоҷикистон ба паноҳандагон кумаки пулии якддафъаина ба миқдори 400 сомонӣ кард. Дар ин бора Вазорати молия низ хабар доа буд, ки ба 300 нафар гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гурезаро доранд, ба маблағи 400 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Маҳина Давлатова хабарнигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.