ПОЙПӮШҲОИ ГИГИЕНӢ: РОЙГОН Ё ПУЛАКӢ?15-10-2018, 16:15
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳар як аёдаткунанда ҳангоми даромадан ба беморхона ва ё таваллудхона, пӯшидани бахил (пойпӯши гигиенӣ) ҳатмист. Бахил барои нигоҳдории тозагӣ ва қоидаҳои санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳо истифода бурда мешавад. Истифодабарии ин рӯйкаши пояфзол хеле қулай мебошад. Ҳангоме, ки бахил бошад даромадан ба муассисаи табобатӣ ҳеҷ мушкил эҷод намекунад. Аммо бахил пулакӣ буда, арзиши он дар беморхонаву таваллудхонаҳо 50 дирам ва ҳатто дар баъзе беморхонаҳо як сомониро ташкил медиҳад. Даромадан ба беморхонаҳои ҳам шахсӣ ва ҳам давлатӣ бе пӯшидани бахил қатъиян манъ аст. Вале маълум нест, ки ҳангоми истифода аз бахил бояд корафтода ва ё бемор маблағ диҳад ва ё он аз ҷониби муассиса ройгон пешниҳод карда шавад? Истифодабарии пойпӯшҳои гигиенӣ ба манфиати худи ҳамон муассиса аст, барои ҳамин хуб мешуд, ки онҳо ройгон дода мешуданд, зеро ҳангоми даромадан ба баъзе беморхона, ё таваллудхона, автоматхо фаъол нестанд ва шахсоне, ки дар назди даромадгоҳ нишастаанд, барои як ҷуфт «бахил» 1-як сомонӣ талаб мекунанд. Аммо агар ба гигиенаи ҳамон муассиса бошад, боке нест, зеро ба аёдати як дӯсти наздикам ба таваллудхона рафта будам, рӯзе даромадан намонданд. Се дона бахил харидорӣ намудаму, ҳатто ба шарти напушидани он пойпӯшҳо иҷозаи вуруд доданд. Худ ба худ андеша кардаму гуфтам, пас ин пойпӯшхо он қадар зарур набудаанд. Баъзе аёдаткунандагон шикоят намуданд, ки рӯзе мешавад, ки чанд маротиба ба ин ҷо мебиёем ва ҳар дафъа як сомонӣ барои пойпӯш пардохт мекунем, ки бароямон гаронӣ мекунад, дар ҳамин пойпӯшҳо ҳам мардуми мо як рохи тиҷорат, яъне, ба ибораи дигар, як роҳи «пулкоркунӣ» шудааст. Ҳамчунин дар баъзе муассисаҳо ин пойпӯшҳои гигиении истифодашударо боз дуюмбора мефурӯшанд, магар ин аз рӯйи адолат аст? Дуруст аст, ки масъалаи тозагӣ ё гигиена яке аз шартҳои асосии ҳифзи саломатист ва ҳангоми ба назди беморон даромадан ҳам ин шарт бояд риоя шавад. Вале бемороне ҳастанд, ки наздиконашон маҷбуранд рӯзе чанд маротиба ба беморхона раванд. Яъне ҳар бор ворид шудан ба беморхона, онҳоро зарур аст, «бахил» пӯшанд. Яъне, ин маънои ҳар навбат як сомонӣ супориданро дорад. Чанд маротиба нисбати барои бахил ситонидани маблағ аз аёдаткунандагон ва беморон арзу шикоят карда шудааст, ки пойпушхои гигиенӣ ба истифодакунандагон тариқи ройгон дода шавад. Мутаассифона, ин масъала то ҳол роҳи хали худро наёфтааст. Чуноне ки сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои беморхонавии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатмурод Олимов иброз намуд: « пойпушҳои гигиении истифодабариашон яккарата, дар бисёри муассисаҳо вобаста ба имконияти тиббиашон ройгон ба мардум дастрас карда мешавад. Бештар барои он шуъбаҳое, ки амалиетҳои гуногун мегузаронанд, хатмист. Умуман, дар дилхоҳ муассиса истифодабарии пойпӯшҳои гигиенӣ хатмӣ мебошад, зеро ин аҳамияти калон дорад. Яъне, интиқоли барангезандадагони бемориҳо кам мешаванд ва аз тарафи дигар, муассисаҳои тиббиро аз вориди ин барангезандаҳо ҳифз мекунад. Чанд маротиба мо аз ин муассиасҳо назарсанчӣ кардем, дар сӯҳбат бо кормандони ин муассисаҳо ва беморону аёдаткунандагон маълум гардид, ки ҳама аз истифода бурдани пойпушҳои гигиенӣ розӣ ҳастанд. Дастгоҳҳои фурӯши «бахил»-ҳо, ки дар муасссаҳои тиббӣ насб шудаанд, моли беморхона нестанд, онҳо ба ширкатҳои хусусӣ тааллуқ доранд. Агар дар ягон муассисаҳои давлатӣ барои пойпӯшҳои гигиенӣ маблағ талаб кунанд, мардум метавонанд ба мо расман мурочиат намоянд, телефонхои боварии мо дар тамоми муассисаҳо дастрас аст ва мо дар навбати худ ин масъаларо ҳатман чораҷӯйи мекунем». Тибқи фармони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар тамоми муассаҳои тиббӣ пӯшидани хилъатҳои сафед барои тамоми кормандону аёдаткунандагон ҳатмӣ буда, барои нафароне, ки мубталои бемории зуком ҳастанд, таъмин намудани ниқобҳои махсус бо тариқи ройгон дода мешавад. Дар шароити имрӯза ҳарчанд, ки як сомонӣ маблағи на он қадар калон бошад ҳам бошад, вале барои нафари шахси наздикаш дар беморхона бистаришуда, ки дар як рӯз чанд маротиба ба аёдаташ меояд, ин маблағи чашмрас аст. Барои хифзи беморону айедаткунандагон риояи талаботи қойидаҳои гигиегӣ-санитарӣ нақши муҳим дорад, аммо ин чораҳо набояд воситаи даромади бархе аз «корчаллон»-ҳо гардад ва ба киссаи мардум, зарба зананд. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.