
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш, моҷарои таваллуди ӯ ба достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
"Шаби таваллуди набераам духтурҳоро аз хонаашон овардем, чун вазни кӯдак моро хавотир карда буд", - ба ёд овард бибии Рустам – Назира Имомназарова.
Имомназарова рӯзи 3-юми сентябр гуфт, ҳарчанд наберааш бо вазни "рекордӣ" ба дунё омад ва овозаи гӯиё тақдими хона аз даҳон ба даҳон мегардад, касе дари онҳоро накӯфта ва табрик ҳам накардааст. Имомназарова гуфт, Рустам гоҳе ба шири модару янгааш қаноат намекунад ва онҳо маҷбур ҳастанд аз бозор шир бихаранд. "Ҳамаи хароҷотро худамон мекунем. Агар ин ҳодиса дар кишвари дигар мешуд, кайҳо ба чунин кӯдакони ғайриодӣ таваҷҷӯҳ мекарданд", - шиква кард ӯ.
Таҳмина Одинаева, модари Рустам, ҳам мегӯяд, барои бузург кардани ин тифл ва ҳамчунин духтари маъюбаш Шукрона азоб мекашад. Ӯ гуфт, "дар аввал гумон кардем, ягон парастор медиҳанд ва бо кумаки онҳо ду фарзандро бузург мекунам. Аммо касеро надоданд. Ҳоло ҳамроҳи хушдоманам Рустамро бузург мекунем. Ба Шукрона, ки маъюб аст, кам вақт мерасад".
Ақрабояш мегӯянд, Рустамро чанд вақт пеш барои ташхис ба Душанбе бурданд. Аҳли оила бар инанд, ки дар вақташ ба саломатии ӯ нарасиданд ва аз такрори ин ҳолат метарсанду пайваста Рустамро аз назари табибон мегузаронанд. Искандаршоҳ Худойназаров, падари Рустам гуфт, табибони бемористони “Истиқлол” дар Душанбе вазъи саломатии писарашро хуб арзёбӣ кардаанд. Ӯ гуфт, танҳо дар сари фарзандаш каме осеб будааст, ки табибон гуфтаанд, “зарар надорад”.
Ин нахустин тифле ҳаст, ки дар Тоҷикистон бо вазни рекордии 8 кило ва тариқи "буриши қайсарӣ" ба дунё омадааст. Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, дар Тоҷикистон таваллуди навзодон бо вазни аз якуним то панҷуним кило сабт шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, кӯдакони чаҳормоҳа 8 кило вазн дошта, қадашон 60 сантиметрро ташкил хоҳад дод. Ҳоло қаду басти Рустам, ба гуфтаи волидонаш, тақрибан кӯдаки яксоларо мемонад.