Соли 2022 бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мақоми байналмилалиро касб кард, ки ин дастоварди муҳими коллективи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Мавсуф зикр намуд, ки соли 2022 раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Қайд гардид, ки моҳи феврали соли 2022, дар маҷмуъ, 9 нафар донишҷўёни донишгоҳ дар панҷумин олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд.
Зикр гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии саноати кимиёии шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба тавозуни донишгоҳ гуаронида шуд. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода карда шаванд.
Саида ХОҶАЕВА