Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » РЕКТОРИ ДМТ: МАОШИ ОМӮЗГОРОН 10% БАЛАНД МЕГАРДАД

РЕКТОРИ ДМТ: МАОШИ ОМӮЗГОРОН 10% БАЛАНД МЕГАРДАД

2-02-2022, 08:29
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
РЕКТОРИ ДМТ: МАОШИ ОМӮЗГОРОН 10% БАЛАНД МЕГАРДАД

Дар баробари пешниҳоде, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид доштанд, яъне зиёд шудани музди меҳнат дар ҳаҷми 20% аз якуми июли соли 2022, илова бар ин, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ шурӯъ аз якуми сентябри соли ҷорӣ маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 10%- и дигар баланд бардошта мешавад,- зикр намуданд ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамзамон, ба иттилои номбурда соли сипаришуда донишгоҳ дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ ҷойи 241- умро ишғол намуд. Қайд гардид, ки айни ҳол донишгоҳ бо 313 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ- тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои донишгоҳи шабакавии ИДМ ва Донишгоҳи СҲШ мебошад. “ДМТ аъзои фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳои Авру- Осиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳои Осиё, Муассисаи Ассотсиатсияи донишгоҳои Осиёи марказӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад”,- зикр намуданд ректори ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: