Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИХТИСОСҲОИ НАВ ДАР ДБССТ

ИХТИСОСҲОИ НАВ ДАР ДБССТ

1-08-2022, 12:14
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба эҳтиëҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, саноат, иқтисодиëти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес - равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, полиси сайëҳӣ, тибби сайëҳӣ, сайëҳии осоиштагӣ- табобатӣ таъсис дода мешаванд.
Ин нуктаро Убайдулло Асрорзода, ректори ДБССТ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Номбурда дар идома қайд кард, ки ҷамъи ихтисосҳои амалкунанда аз 56 ба 77 адад расонида шуд. Ҳамчунин 5 гурӯҳи иловагии таҳсилаш бо забони англисӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ташкил карда шуд. Тибқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои "Иқтисодиëти соҳибкорӣ", "Иқтисодиëти сайëҳӣ" ва "Маркетинг" дар донишгоҳ ичозат дода шуд.
Вобаста ба робитаҳои хориҷии донишгоҳ таъкид гардид, ки дар ин давра донишгоҳ бо 32 муассисаҳои олии хориҷӣ ва марказҳои илмӣ- таҳқиқотии хориҷи кишвар, аз ҷумла донишгоҳҳои Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон, Мумбай 18 шартномаи ҳамкорӣ ва 14 шартнома маҳз барои табодули академии донишҷӯëн ва такмили ихтисоси омӯзгорон ба имзо расонидааст.
Қурбон АҲМАДЗОДА
ИХТИСОСҲОИ НАВ ДАР ДБССТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: