Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба осебдидагони заминларзаи харобиовар дар Туркия кумаки башардӯстона расонида шуд. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни вохӯрӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба пайвандону наздикони қурбониён ва мардуми ранҷдидаи ин сарзамин сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно намуд. Таъкид дошт, ки сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар лаҳзаҳои мушкил дастгиру мададгори ин кишвари дӯст бошем.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳизб дар фаъолияти худ сифатҳои наҷиби ахлоқиро талқин намуда, дар шароити мушкили имрӯза барои мо ин тасмим нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Зеро ҳизб, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя менамояд ва суннату анъанаҳо, арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, худшиносию ва ватанпарастиро рисолати меҳварии хеш маҳсуб медонад.
Бояд ёдовар шуд, ки заминларзаи 6-уми феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия бо шиддати 7,7 бузургтарин заминларза дар 100 соли охир ба қайд гирифта шуда, то ин замон шумори қурбониёни ин фоҷиаи азим беш аз 31 ҳазор ба қайд гирифта шудааст.