Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кумаки навбатӣ расид

Ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кумаки навбатӣ расид

16-06-2020, 17:26
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кумаки навбатӣ расидБа осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кӯмаки навбатии башардӯстона аз Сафорати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид. Сокинони хонаҳои осебдида дар мавзеи нав ба бунёди манзилҳои нав шуруъ кардаанд. Дирӯз ихтиёриён аз ташкилоту муассисаҳои вилоят ба ёрии сокинон омаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барқарорсозии харобаҳои сел ва рафти корҳои сохтмониро дар мавзеи нав таҳти назорати пурраи худ қарор додаанд.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба осебдидагони ноҳияи Хуросон кӯмакҳои нав расиданд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ба зарадидагони деҳаи Чорбоғи ҷамоати С.Айнии ноҳияи Хуросон 67 тонна семент чун ёрии башарӣ кумак намуд.

Дар маросими таҳвили ёрии башарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода полковник М.Салимзода, ҳамчунин намояндагони ҳукумати иҷроияи вилоят ва ноҳия ширкат намуданд.

Сафири ҶИП зимни суханронии худ изҳор дошт, ки халқи Покистон ҳамеша омодаи кӯмак ба бародарони тоҷики худ мебошад.

Ин миқдор ёрии башарӣ бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба макони сохтмони хонаҳои нав расонида шуд ва бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карда шуд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дирӯз, 14-уми июн гурӯҳи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои кӯмак дар умури сохтмонӣ ба маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон омаданд. Бо дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, мутахассисони соҳаи меъморӣ лоиҳаи сохтмони манзилро барои ҳар як оила таҳия намуда, ҳоло бинокорон аз рӯйи ин тарҳҳо хона месозанд.

Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба ҳолати 13 июни соли 2020, аз 68 хонаи пурра ва қисман зарардида корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунии он 100%, кандани хандақ (траншея) 100%, асоси таҳкурсӣ (подушка) 100%, таҳкурсӣ дар 51 хона 100%, дар 17 хона сохтмони зербино дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, дирӯз дар 5 хона бардоштани девор оғоз гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: