Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар зинаҳои гуногуни таҳсил 22 ихтисоси нав роҳандозӣ намояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон роҳбари ин муассиса иттилоъ дод.
Ректори Донишгоҳи мазкур Жило Гулназарзода тазаккур дод, ки имрӯзҳо ин муассисаи олии мамлакат мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.
“Шумораи умумии донишҷӯён дар маҷмӯъ 5056 нафарро ташкил медиҳад, ки донишҷӯёни шакли рӯзонаи Донишгоҳ 3256 нафар ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1800 нафар мебошанд. 3606 нафари онҳо ё ин ки 71,3% духтарро ташкил медиҳанд. Таҳлилҳои омории соли охир нишон дод, ки динамикаи афзоиши шумораи донишҷӯён ба назар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 3,7%, ё ин ки 190 нафар зиёд гардидааст”,- гуфт номбурда.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳро 932 нафар, аз ҷумла, 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ бо 8 шуъбаи маориф, 26 муассисаи таълимии миёна, литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 14 корхонаву ташкилот шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.