Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар алоқамандӣ бо вазъияти ҳарбиву сиёсии Афғонистон аз масъалаҳое мебошанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳояшон дар сатҳи дуҷонибаю бисёрҷониба бо сарони давлатҳои хориҷии дуру наздик, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари минтақавӣ, ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳангоми вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат, конфронсу форумҳои гуногуни байналмилалӣ, Паёмҳои ҳамасола ва мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба он ишора мекунад. Ин масъала, аз ҷумла дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикоси худро ёфтааст. Чунончӣ, дар Паём омадааст: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.
Бахусус дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати Исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст».
Нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъияти кунунии ҳамсоякишвари мо – Афғонистон, ки тамоми хавфу хатарҳои муосир, ба монанди экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллии солҳои тӯлонӣ дар ин кишвар рушдкарда ба амнияти миллии ҷумҳуриамон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, бесабаб намебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои пешин танҳо дар фасли зимистон фаъолнокии ҷангиёни Толибон, «Давлати Исломӣ» ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ бо сабабҳои баста шудани роҳҳои иртиботии интиқоли онҳо аз Покистон ба Афғонистон коҳиш меёфт. Дар зарфи ду соли охир ин ҷангиён тамоми фасли сол фаъол буда, ба неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ ва Артиши миллии Афғонистон
муқобилият нишон медиҳанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷангиёни номбурда имрӯз дар қаламрави Афғонистон доимӣ маскан гирифтаанд.
Ба ақидаи мо, омили асосии носуботии вазъи сиёсии Афғонистон дар марҳалаи кунунӣ ин муқобилияти абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ баҳри пиёда кардани манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худ дар ин кишвар ва аз тариқи он ба минтақаи Осиёи Марказӣ шуморида мешавад.
Аз як тараф, мубориза алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон абарқудратҳоро муттаҳид созад, аз тарафи дигар, ба ҳам зид будани манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онҳоро аз ҳам ҷудо сохтааст. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур чунин зикр кардаанд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”.
Бояд бигӯем, ки мафҳумҳои “бартариҷӯйӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” хоси абарқудратҳо мебошад. “Ҷанги сард”–и навбатӣ боиси сардшавии муносибатҳои байни онҳо гардида, ба тамоми кишварҳои таҳти нуфузи онҳо қарордошта, ба шумули Афғонистон таъсири манфӣ мерасонад. Ҷангҳои Ироқ, Сурия, Украина собит намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ аз ҳеҷ чиз, ҳатто аз ҷанг даст намекашанд.
Ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ тавре дар баромадҳо зикр гардидааст, пайдоиш ва батадриҷ мустаҳкам гардидани гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» ва хусусан шохаи «Вилояти Хуросон»-и он дар қаламрави Афғонистон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд, зеро дар ҳайати онҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имкони интиқоли махфиёнаи онҳо ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон бо истифода аз нуқоти осебпазири хатти сарҳади давлатӣ то имрӯз вуҷуд дорад.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш аз вазъи кунунии хатти сарҳад изҳори нигаронӣ карда, чунин зикр намудаанд: «Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Қочоқи маводи мухаддир аз тариқи хатти сарҳади давлатӣ чун пештара масъалаи доғи рӯз ҳисобида мешавад, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, имсол майдони кишти ин зироат 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар
расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.
Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла, зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад”.
Қочоқи ҳама навъи маводи мухаддир воқеан ҳам, сарчашмаи асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба шумор меравад. Маҳз барои дастрасӣ пайдо кардан ба чунин сарчашмаи маблағгузорӣ гурӯҳи экстремистию террористии “Давлати Исломӣ” баъд аз мағлубияташ дар Сурия ва Ироқ, ки маблағгузории он аз ҳисоби қочоқи маводи нафтӣ сурат мегирифт, имрӯз ба Афғонистон омадааст.
Дар баробари ин, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҳалли буҳрони Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа муайян карда шудаанд: «Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд.
Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад».
Ба ақидаи мо, ин даъвати Пешвои миллат воқеан ҳам, яке аз омилҳои ба субот даровардани вазъияти муташанниҷ дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сулҳу субот ва муътадил гардонидани вазъияти сиёсии Афғонистон манфиатдор мебошад, зеро пурра амалишавии се ҳадафи стратегии аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашуда бо Афғонистон, ки дарвозаи минтақаи АвруОсиё маҳсуб мешавад, вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, баҳри ба эътидол овардани вазъияти сиёсии Афғонистон дар баробари андешидани тадбирҳои сиёсиву низомӣ ба нақша гирифтан ва иҷрои тадбирҳои дигари дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ, фарҳангиву варзишӣ, фановарӣ ва ғайра аз аҳамият холӣ намебошанд.
Ба ин асос, дар ин самт андешидани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
-минбаъд ҳам ҷалб кардани Афғонистон ба ҷараёнҳои ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ идома дода шавад;
-робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои охир бар асари «бозиҳо» — и абарқудратҳо дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтаанд, ба сатҳи баландтар бардошта шаванд;
-ба Афғонистон, дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатнок, аз қабили КАСА – 1000, роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон, инчунин барномаву лоиҳаҳои дигари аз тарафи кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави Афғонистон амалишаванда, ба монанди корхонаи истихроҷи миси Айнак, ТАПИ ва ғайра мусоидат карда шавад;
-имкони иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароркунии системаҳои кишоварзӣ ва обёрии Афғонистон, сохтмони обанборҳо ва инфрасохторҳои ҳаммонанд иловатан баррасӣ карда шавад.
Алланазаров Ш.,
коршиноси масоили сиёсӣ