Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

28-01-2023, 12:03
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии ТоҷикистонДар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, кормандони КИ ҲҲДТ дар ноҳия оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кормандони кӯдакистони №11 мулоқот баргузор намуданд.

Бояд тазаккур дод, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳангию миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Зимни мулоқот баромадкунандагон зикр карданд, ки тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро оқилона дарк намуданд. Зеро Пешвои миллатамон таъкид карда буданд, ки “То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз баён набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин гуна бидъатҳо ва сарбориҳои сохта, ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: