Мақоми зан дар рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол19-10-2016, 12:25
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино таҳти унвони «Мақоми зан дар рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» мулоқот доир гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зимни маърӯза дар мавзӯи «Нақши занон дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таъкидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, гуфт: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набардорем, ба қабулу тадбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.