Калигула (12-41 мелодӣ), императори Рим:Ё хоксорона бояд зист ё шоҳ бояд буд. Роҳи саввум нест.
Бигзор ба ман нафрат дошта бошанд, ба ман зарур он аст, ки аз ман битарсанд.
Чунон бизан, ки ӯ ҳис кунад, ки мурда истодааст! (ба ҷаллод).
Назари дигарон:
Дар олам аз ӯ дида ғуломи хубтар ва ҳокими бадтар набуд.
Муосиронаш дар бораи Калигула.
Агар дар шахсони фавтида ягон ҳиссиёташон боқӣ мемонд, пас Калигула пушаймон аст, ки ӯ мурдаасту мардуми Рим то ҳол зинда.
Сенека, файласуфи римӣ.
Владимир Ленин (1870-1924), доҳии болшевизм, асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ:Он замоне, ки давлат вуҷуд дорад, озодӣ нест. Он замоне, ки озодӣ шавад, давлат нахоҳад буд.
Мо касеро ба биҳишт бо гурз зада дароварданӣ нестем.
Мо чизи ғоратшударо ғорат мекунем.
Сармоядорон омода ҳастанд он бандеро, ки бо ёрии он мо онҳоро хоҳем овехт, ба мо фурӯшанд.
Виҷдон дар сиёсат нишонаи қудрат аст, дурӯягӣ-нишонаи заифият (хайрият, як сухани мусбӣ).
Назари дигарон:
Бадбахтии бузург барои Русия таваллуди Ленин, дуюм бадбахтӣ марги ӯ буд.
Уинстон Черчилл, сиёсатмадори бритониёӣ.
Қабри Ленин гаҳвораи озодии тамоми башарият аст!
Шиор дар Майдони Сурх, 27 январи соли 1924.
Людовик 14 (1638-1715), шоҳи Фаронса:Давлат? Ин ман ҳастам.
Ҳар вақте, ки ба касе мансаби хуб медиҳам, ман 99 норозӣ ва 1 ношукрро рӯйи кор меорам.
Ба ман осонтар буд тамоми Аврупоро ба созиш биёварам, магар ин ки миёни ду зан сулҳ биофарам.
Баъд аз мағлубияти артиши Фаронса дар муҳорибаи Малплак дар соли 1709:
Магар Худо нисбат ба хидматҳое, ки ман барояш кардам, фаромӯш сохтааст?!
Яке аз ашрофони фаронсавӣ, ки «худотарс»-и ифротӣ гашта буд, ба Людовик гуфт, ки ба хобаш Ҷабраил даромад ва фармон додааст, ки ба Людовик хабар расонад то ин ки ӯ маъшуқааш Лавалйер (зани бениҳоят зебо буд)-ро ором гузорад ва минбаъд бо ӯ муносибати маҳрамона надошта бошад.
-Ӯ (Ҷабраил) ба хоби ман ҳам даромад ва хабар дод, ки шумо аз ақл бегона шудаед,- посух дод Людовик.
Боре Людовики 14 яке аз ходимони дарборро пурсид, ки «оё ӯ забони испаниро медонад»? Ходим ҷавоб дод, ки «на».
-Афсӯс,- ба забон овард шоҳ.
Ходим ба қароре омад, ки шоҳ мехоҳад ӯро ба Испания сафир таъин кунад. Баъд аз чанд вақт ӯ муаддабона ба Людовик иброз намуд, ки забони испаниро омӯхтааст.
- Хеле хуб,- гуфт Людовик,- акнун шумо метавонед «Дон Кихот»-ро дар нусхаи аслаш бихонед.
-Шумо чандсолаед?-суол дод ба яке аз ходимони дарбораш Людовик.
-Шоҳам, чанд соле, ки ба Шумо маъқул бошад,-ҷавоб дод ходим.
Боре Людовик дар ҷангал шикор мекард. Ду деҳқон шоҳро диданд, ки танҳо ӯ миёни ҳамроҳонаш дастпӯшак надошт (фасли зимистон буд). -«Чӣ тавр ӯ чунин сардиро тоқат мекунад, магар дастонаш хунук намехӯранд?»- пурсид яке аз онҳо. -«Ҳайрон нашав,-ҷавоб дод дигарӣ,-дастонаш ҳамеша гарм аст, чунки ӯ онҳоро дар киссаҳои мо медорад»
Людовик аз шоири машҳур Буало пурсид, ки нисбат ба шеърҳои навиштаи ӯ (Людовик) чӣ андеша дорад.
--Шоҳам, барои Шумо ягон чизи имконнопазир вуҷуд надорад. Шумо мехостед шеъри бемаънӣ нависед, ин бароятон аъло даст дод,-посух дод Буало.
Суханони сари бистари марг:
- Чаро ин қадар гиря мекунед? Наход шумо фикр мекардед, ки ман абадан хоҳам зист?
Назари дигарон:
Ӯ шоҳи бузург хоҳад шуд, чун ҳеҷ гоҳ он чизеро намегӯяд, ки дар борааш фикр кардааст.
Кардинал Мазарини дар бораи Людовики наврас.
Ягон ҳоким чун Людовики 14 ду истеъдодеро, ки ба шоҳон лозим ҳастанд, надошт: интихоби дурусти ҳамақидаҳо ва ба худ нисбат додани хидматҳои онҳо.
Томас Маколей.
Шахсе, ки миёни шоҳидони зиёд дунёро тарк месозад, ҳамеша мардона мемирад.
Волтер нисбат ба марги Людовики 14.
Мартин Лютер (1483-1546), ходими динии олмонӣ, асосгузори мазҳаби лютеранӣ:
Рӯҳонӣ ба минбар мебарояд, даҳонашро мекушояд ва ба касе гӯш намекунад.
Чӣ қадаре калима кам бошад, ҳамон қадар намоз хубтар аст.
Андешаҳоро андозбандӣ намудан номумкин аст.
Агар ба ман бигӯянд, ки пагоҳ Рӯзи Қиёмат фаро мерасад, ман худи ҳамин рӯз ақаллан дарахте мешинондам.
Касе, ки шароб, занҳо ва шеърҳоро дӯст намедорад, аҳмақона мемирад.
Мао Тседун (1893-1976), доҳии Ҳизби коммунисти Чин:
Силоҳ ҳокимиятро тавлид мекунад.
Бомбаи ҳастаӣ паланги коғазин аст (ишора ба он ки ягон тараф ҷуръати истифодаи онро надорад ва таҳдидҳо танҳо рӯйи коғаз мемонанд).
Китоб бисёр хондан даркор нест.
Барои ғалабаи сотсиализм метавон ними аҳли башарро қурбон намуд.
Нигоҳи дигарон:
Касеро, ки беақлон нобуд сохтанианд, ӯро онҳо ба Худо табдил медиҳанд.
Бернард Левин дар бораи Мао Тседун.
Марк Аврелий (121-180), императори Рим, файласуф:
Фарқ надорад, ки ту ҳаёти инсониро 40 сол ё муддати 10 ҳазор сол мушоҳида мекунӣ: Чӣ чизи нав хоҳӣ ту дид?
Замони ҳозира як дами абадият аст.
Ончунон бояд зист, ки гӯё ту худи ҳозир бо ҳаётат падруд мегӯӣ ба мисле, ки вақте дар ихтиёрат ҳаст, монанди тӯҳфаи ногаҳонист.
Ҳар як корро ончунон ба анҷом расон, ки гӯё он охирин коре дар ҳаётат бошад.
Агар туро бешармии касе ба қаҳр биёрад, аз худат бипурс: «мумкин аст, ки дар дунё ашхосе вуҷуд дошта бошанд, ки ҳисси шарм надошта бошанд?». На, чунин мумкин нест. Пас чизи имконнопазирро талаб накун.
Аз ҳама намуди бадтарини ҳиссиёти манфии инсонӣ ин дилсӯзӣ ба худ аст.
Назари дигарон:
Ҳоким метавонад Нерон (императори Рим, яке аз ҳокимони бадтарин ва таҷассумгари золимиву таҷовуз) бошад, аммо метавонад баъзан вақт Тит ё Марк Аврелий ҳам бошад: халқ бисёр вақт Нерон мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ Марк Аврелий нахоҳад шуд.
Антуан де Риварол.
Карл Маркс (1818-1883), файласуфи олмонӣ, асосгузори марксизм:Муҷозот набояд аз ҷиноят манфуртар бошад.
Тарбиятгар худ бояд тарбиятдида бошад.
Бузургон барои он бузург менамоянд, чун худи мо сари зону истодаем.
Дар сиёсат барои расидан ба мақсади хеш метавон ҳатто бо худи шайтон муоҳида баст. Танҳо бояд итминон дошт, ки ту шайтонро фиреб хоҳӣ дод, на ӯ туро.
Ман танҳо як чизро медонам, ки ман марксист нестам.
Таърих ду бор такрор меёбад: аввал чун фоҷеа, баъдан чун мазҳака (Ба Маркс нисбат медиҳанд).
Назари дигарон:
Тамоми донишҷӯёни факултаи иқтисодӣ бояд марксизмро омӯзанд, ба монанди ин ки донишҷӯёни соҳаи тиб бемориҳои узви таносулро меомӯзанд.
Ч.К.Грант.
Наполеон Луи Бонапарт (1769-1821), императори Фаронса:Дар ҳар кори бузург ҳамеша ҳиссаи муайянро ба тасодуф вогузоштан лозим меояд.
Лашкаркаши бузургтарин он аст, ки ба камтарин иштибоҳ роҳ медиҳад.
Ҷангҳо аз ҳаводиси ногаҳонӣ таркиб ёфтаанд.
Аз сарбоз дар навбати аввал пуртоқатӣ ва сабр талаб карда мешавад-ҷасорат дуюмдараҷа аст.
«Имконнопазир»? - ин калима барои фаронсавиҳо бегона аст.
Сиёсати калон ин танҳо ақли солимест, ки барои корҳои бузург истифода мешавад.
Санъати ҳукмронӣ дар он аст, ки ба мансабдор имкон додан лозим нест, ки дар вазифаи ишғолнамудааш пир шавад.
Ман бисёртар аз се рӯзнома метарсам, магар ин ки аз сад ҳазор силоҳ.
Барор шахсони бузургро меофарад.
Тахт танҳо курсии бароҳатест, ки бо матоъ оро дода шудааст.
Воситаи аз ҳама хуби нигоҳ доштани қавл надодани қавл аст.
Агар хоҳед, ки дар ин дунё коратон барор гирад, пас, ҳама чиро ваъда диҳеду ҳеҷ як ваъдаи додаро иҷро накунед.
Иштибоҳоти дигарон ҳоло касеро боақл накардааст.
Барор сухангӯи аз ҳама муваффақ дар олам аст.
Афкори умум монанди фоҳиша аст.
Танҳо ҳақиқат талх аст.
Фоҳишаҳо зарур ҳастанд. Баръакси ҳол, мардон дар кӯчаҳо ба занони боиффат ҳамла хоҳанд кард.
Назари дигарон:
Наполеон на аз он чӯбест, ки аз он шоҳонро метарошанд- ӯ аз мармарест, ки аз он Худоёнро месозанд.
Генрих Гейне.
Халқи рус барои он Наполеонро қабул накард, ки чун ӯ фаронсавӣ буд. Шоҳи русҳо танҳо олмонӣ шуда метавонад.
Юрий Лотман.
О.Генри (1862-1910), нависандаи америкоӣ:Агар мардон медонистанд, ки духтарон дар танҳоӣ ба чӣ корҳо машғуланд, ҳеҷ кас хонадор намешуд.
Ишқ аз нигоҳи аввал кори хавфнок аст, вақте, ки духтар имконияти молиявии писарро намедонад ва писар духтарро бараҳна надидааст, ки чӣ камбудие дорад.
Маблағро дар кисаи дигарон ӯ ҳамчун таҳқири худ қабул мекард.
Ягона чизе, ки занон аз мардон воло ҳастанд, ин иҷро намудани нақши занон дар саҳна аст.
Пирр (319-273 то милод), шоҳи Эпир, лашкаркаши машҳур:
Агар мо боз чунин як ғалабаи дигар алайҳи римиҳо ба даст оварем, мо тамоман ба фано хоҳем рафт (баъд аз муҳорибаи Аускул дар соли 279 то мелод).
Замоне дар Амбракия як нафар Пирро таҳқиру дашном медод. Ҳама чунин мегуфтанд, ки ӯро бадарға бояд намуд. Аммо Пирр розӣ нашуд ва гуфт: «Хубаш ин ҷо бошаду моро назди ашхоси кам таҳқир кунад, магар ин ки саёҳат кунаду назди тамоми ҷаҳониён шарманда созад» (Плутарх).
Ҷамъе аз ҷавононеро, ки вақти зиёфат зери таъсири шароб Пирро дашном медоданд, назди ӯ оварданд. Пирр аз онҳо пурсид, ки «оё рост аст, ки онҳо ӯро таҳқир кардаанд»? Яке аз дастгиршудагон ҷавоб дод: «Ҳамааш рост аст, шоҳ. Агар шаробамон зиёд мебуд, туро бисёртар дашном медодем» (яъне, «ин айби мо не, айби шароб аст»). Пирро ин ҷавоб писанд омад, ӯ хандид ва ҳамаи онҳоро раҳо сохт.
Суқрот (наздики 470-399 то милод), файласуфи Юнони Қадим:Заношӯӣ, росташро агар гӯем, шарр аст, аммо шарри зарурист.
Барои зистан хӯрдан даркор аст, аммо на барои хӯрдан зистан.
Тааҷҷубовар аст, ки ҳар кас бе душворӣ ҷавоб медиҳад, ки чанд гӯсфанд дорад. Аммо дар посух додан ба суоли «чанд дӯст дорӣ?» мушкилӣ мекашад: ана дӯстон чӣ қадр доранд.
Агар хар туро шатта занад, ба ӯ чунин ҷавоб надеҳ.
Ба шахсе, ки аз ӯ пурсид, ки «зан гирад ё на?», Суқрот ҷавоб дод: «Ихтиёр дасти туст: хоҳу нохоҳ пушаймон хоҳӣ шуд».
Аз рӯи дигар фарзия, Суқрот ба ин суол чунин ҷавоб додааст:
- Нигоҳ накарда ба ягон чиз, зан бигир. Агар ба ту зани хуб бирасад, ту ягона хоҳӣ буд ва агар зани бад, файласуф хоҳӣ шуд.
Ҳангоме ки Суқрот дар пирӣ бемор шуд, касе аз ӯ пурсид, ки «корҳояш чӣ тавр аст?». Ӯ ҷавоб дод: «Аз ҳама ҷиҳатҳо хуб: агар сиҳат шавам, сафи бахилонам меафзояд, агар бимирам сафи дӯстонам».
«Ту бегуноҳ мемирӣ»-гуфт зани Суқрот. «Ту мехостӣ, ки бо гуноҳ бимирам?»-ҷавоб дод Суқрот.
Назари дигарон:
Суқрот аввалин фардест, ки фалсафаро аз Осмон фуруд овард, дар шаҳру манзилҳо маскун кард ва маҷбур сохт нисбат ба зиндагиву ахлоқ, неку бад мулоҳизаронӣ кунем.
Сисерон.
Траян (53-117), императори Рим:Хазинаи императорӣ мисли гулест, ки аз нашъунамои ӯ дигар рустаниҳо пажмурда мешаванд.
Ҳоло касе меросхӯри худро накуштааст.
Ҳангоме ки чун анъана ба префект (мансаби олӣ дар Рими Қадим) чун рамзи ҳокимият ханҷар тӯҳфа мекард, Траян чандин маротиба ӯро таъкид месохт: «Агар дуруст рафтор кунам, ин силоҳро барои муҳофизати ман истифода бикун ва агар баръакси ҳол рафтор кунам, ин силоҳро алайҳи ман истифода бубар» (Аврелий Виктор).
Ман мехоҳам чунин императоре бошам, ки дар акси шаҳрванди оддӣ буданам чунин ҳукмронро орзу кунам.
Беҳтар он аст, ки ҷиноят бемуҷозот бимонад, магар ин ки шахси бегуноҳ маҳкум бишавад.
Нигоҳи дигарон:
Солҳои камназири хушбахт, замоне, ки ҳар кас он чизеро мехост фикр мекард ва он чизеро мегуфт, ки фикр кардааст.
Татсит нисбат ба давраи ҳукмронии Траян.
Аз Август хушбахт бошу аз Траян бобарор!
Нидои муқаррарии сенати Рим ба ҳар императори нав.
Филиппи 2 Мақдунӣ (қариби 382-336 то милод), шоҳи Мақдуния, падари Александри Бузург (Искандари Мақдунӣ):
Аз ҳама ҷанги вазнине, ки ман бурдаам, ин ҷанг бо ҳамсарам Олимпиада буд.
Дор ҷои зебое таваққуф карданро қарор дода, Филипп фаҳмид, ки ин ҷо алаф барои харҳои боркаш нест. Ӯ гуфт: «Ана ҳаёти мо: чунин зиндагӣ мекунем, ки барои харҳо писанд бошад!» (Плутарх).
Вақте Филипп мехост як қалъаи мустаҳкамеро фатҳ созад, гумоштаҳояш хабар доданд, ки гирифтани он хеле мушкил будааст. Филипп гуфт: «Ҳамин қадар мушкил аст, ки хари бо тилло боркардашуда ба он роҳ наёбад?» (Плутарх).
Ҳангоме ки дар бозиҳои Олимпӣ ӯро пелопонессиҳо (яке аз минтақаи Юнон), ки Филипп бо онҳо муносибати хуб карда буд, зери ҳуштак кашиданд ва аз ин амали онҳо дӯстони Филипп ба ғазаб омаданд, ӯ чунин гуфт: «Акнун тасаввур кунед, ки чӣ мебуд, агар ман нисбат ба онҳо бад рафтор мекардам».
Боре ба назди шоҳ Филипп ҳамроҳи сафирони Афина Демохар ном шахси баддаҳоне омад. Сафиронро муаддабона гӯш карда, Филипп пурсид: «Ба ман бигӯед, ки ба афинагиҳо чӣ хидмат карда метавонам?» -«Худатро биовез»-, посух дод Демохар.
Азамат Дӯстов