Дарси сарварӣ- 9 сабақи Куруши Кабир31-07-2017, 15:39
Хабарро хонданд: 577 нафар
Назарҳо: 0
Дар маводҳои пешинаи хеш мо оид ба Куруши Кабир-ин абармарди бузурги таърихи инсоният, ҷадди дурахшони мо зиёд навишта ва ё ишора карда будем. Ин ҷо мехоҳем гуфторамонро нисбат ба Шоҳи Аншонӣ, императори давлати бузурги Ҳахоманишиён, Шахсияте, ки тавонист ба дили мардумони зертобеъ ва китобҳои муқаддас (Инҷил-«Машиах»-«Фиристода», дар Қуръони Азимушшаън ишорае ҳаст бо зикри номи «Искандари Зулқарнайн») ворид ва маҳбуб гардад, идома бидиҳем. Зиндагинома, роҳи тайкардаи ҳаётии ин Марди Бузург, корнамоиҳову кишваркушоиҳояш худ як дарси ибратомӯз аст, ки фахри мо, ворисонаш мебошад. Пас аз сари ӯ ба мо шавкату ҷалол, футуввату ҷавонмардӣ ва намунаи санъати баланди роҳбариаш мерос мондааст, ки ҷаҳониён эътироф кардаву имрӯз ҳам, баъди гузашти ҳазорҳо сол хотираи Куруши Кабир ҳамчун сарвари одилу лашкаркаши боистеъдод дар хотираи мардумони олам нақши мазбут бастааст. Эътироф шудааст, ки асари бузургтарин дойир ба санъати роҳбарӣ аз ҷониби Ксенофонт (430-356 то милод), шогирди Суқрот дар қарни 4 пеш аз милод навишта шудааст. Қаҳрамони асосии он Куруши Кабир (559-530 то милод) аз сулолаи Ҳахоманишиён аст, ки таърихнигорон якдилона ӯро «одилтарин аз миёни тамоми фотеҳон» ва нахустин ҳокиме, ки империяи худро дар асоси адолат бар ивази зулму истибдод бунёд кардааст, меномиданд. Курушро метавон зиддунақзи «Ҳоким»-и идеалии Макиавелли қабул кард, Ксенофонт низ худ мухолифназар ба Макиавелли буд. Асосҳои зиёде вуҷуд доранд, ки барои чӣ Куруши Кабир пайравони бешумор чи аз миёни муосирон, чи аз миёни ворисон-шурӯъ аз Искандари Мақдунҷӣ ва Юлий Сезар то Томас Ҷефферсону Бенҷамин Франклину дигарон пайдо кардааст. Шахсиятҳои бузурги таърихӣ зиндагиномаи дурахшони ӯро мутолиа мекарданд ва кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар ҳаёти хеш кирдору рафтори ӯро амалӣ созанд. Аз рӯйи ҳақиқат бояд гуфт, ки Ксенофонт, ки муосири Куруш набуд, дар симои ӯ шоҳи идеалиро медид (ин аҷиб аст, чун юнониён дар симои форсҳо ҳамеша душманро медиданд ва назари хайрхоҳона надоштанд-яъне, Куруш дар ҳақиқат бузург будааст, ки аз забони як юнонӣ мавриди ситоишу ҳамд қарор гирифтааст) ва маҳз ҳамин дидгоҳро дар «Киропедия» (қарни 4 пеш аз милод)-и хеш ҷо додааст. Бисёр таърихнигорон ин асарро классикаи осор оид ба роҳбарӣ номидаанд, ки он характери пандомӯз дорад. Чунин сабақҳоро мо метавонем аз ин асар ба худ бардорем: Бархе аз гуфторҳои Куруши Бузург: 1. Ба хештан такя бикун «Ғофил мабош, ҳангоме, ки замони пур кардани захираҳо фаро мерасад. Ту ҳамеша метавонӣ бо иттифоқчиёнат муносибати хубро ҳифз кунӣ, агар имкони таъмини хӯрока ва дигар захираҳоро дошта бошӣ…Артиш аз пасат то ба охир хоҳад рафт, агар ту ба он чизҳои даркориро муҳайё кунӣ». 2. Дасткушод бош «Барору муваффақият ҳамеша ба дасткушодии зиёд водор мекунанд. Аммо бисёри одамон, ки асири манфиатҳои шахсӣ ҳастанд, муваффақиятро барои қонеъ кардани нафси худ истифода мебаранд». 3. Кӯтоҳгуфтор бош «Кӯтоҳгуфторӣ-асоси раҳбарият аст. Агар сарвар бисёр сухан мекунад, ӯро метавон ба кӯтоҳандешӣ ва беақлӣ пай бурд. Кӯтоҳ, боҷуръатона ва аз рӯйи масъала сухан бирон. Хоҳишҳои шахсиатро ҳамин гуна ба роҳ бимон, ки ягон кас натавонад эътирозат бикунад (яъне, бо хоҳиши бисёриҳо тавъам бошад)». 4. Қувваи некӣ бош «Агар метавонӣ, ҳамчун озодибахш амал бикун. Озодӣ, шаъну шараф ва осудагӣ бузургтарин хушбахтии инсоният ҳастанд. Агар ту ҳамаи инро ба мардумат ба мерос монӣ, муҳаббати онҳо нисбат ба ту намирандааст». 5. Назоратро ҳифз намо Баъд аз ҷазои якчанд хоин миёни лашкаркашон Куруш чунин бигуфт: «Ва боз ҳам ман нишон додам, ки маҳз интизом дар сипоҳи ман ҳамеша натиҷа меоварад». 6. Шоду хурсанд бош «Вақте ман соҳиби сарват шудам, фаҳмидам, ки некӣ миёни одамон ҳеҷ гоҳ чунин табиӣ буда наметавонад, чун вақте онҳо хӯроку нӯшокиро бо ҳам мебинанд, махсусан агар хӯрок он сифати шоҳиро доро бошад, ки ман метавонам таъмин кунам. Ман дастур додам, ки дастархони ман ҳаррӯза барои шумораи зиёди меҳмонон густурда шавад ва онҳо аз он хӯроки аълосифате, ки ман мехӯрам, тавонанд тановул кунанд. Баъд аз ин хӯроки боқимонда ба он дӯстоне, ки натавонистанд ҳузур дошта бошанд, бо нишонаи эҳтиром фиристода мешавад». 7. Содиқ бош Ҳангоме аз Куруш пурсиданд, ки чӣ гуна либосеро ба ҷашн хоҳад пӯшид, ӯ чунин ҷавоб дод: «Агар метавонам ба дӯстонам некӣ кунам, пас ба ман ҳар гуна либос зебанда аст». 8. Намуна бош «Аз рӯйи таҷрибаи ман, фардеро, ки муваффақиятро бо хоксориву накӯкорӣ пешвоз мегирад, мураккабтар аст дарёфт намудан, магар онеро, ки ҷасурона ба рӯйи балову офатҳо нигаҳ мекунад» 9. Ботавозӯъ ва накӯкор бош «Бовар дорам, дар қалби ҳар инсон, агарчи истифода ҳам нашавад, хоҳиши бо накӯкорӣ амал кардан нуҳуфтааст, магар ин ки такя ба манфиатҳои хеш. Як намунаи хуби дилкушодӣ ва накӯкорӣ метавонад даҳҳои дигарро раҳнамоӣ кунад. Ман чунин тартиберо дар дарборам ҷорӣ кардам, ки дар он тамоми дӯстонам миёни худ ҳурмати тарафайн ва хушгуфториро тарбият карданд ва он оқибат ба мувозинати идеалӣ оварда расонд». Ин иқтибосҳо аз китоби Ларри Хенрик «Куруши Кабири Ксенофонт: санъати сарварӣ ва ҷанг» (с.2007) оварда шудааст. Имрӯз, дар қарне, ки кайҳон зери султаи инсоният даромадаву он ҷаҳишҳои баланд дар тамоми риштаҳойи илм намуда ва анҷомаш маълум нест, дар манотиқи замоне таҳти роҳбарии Куруш (Осиёи Хурд, Ховари Наздик) қарордошта ғояҳои ифротгароиву таҳаммулнопазирӣ тантана доранд ва кас дар тааҷуб мемонад, ки ҳазорсолаҳо қабл Марде буд, ки футуввату таҳаммулпазирӣ ва ҷавонмардиву гуногунандеширо асоси давлатдории хеш кард, аммо то ба ҳол ақвоме ҳастанд дар ин минтақа, ки дар қарни нанотехнологии 21 низ ба ин сатҳи тафаккур нарасидаанд… Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.