Аз ҳикмати Конфутсий5-12-2016, 16:40
Хабарро хонданд: 834 нафар
Назарҳо: 0
Конфутсий (551-479 то милод)-файласуф ва мутафаккири Чини Қадим, асосгузори конфутсионизм мебошад. Таълимоти ӯ, ки пояи як низоми комили фалсафӣ гардида буд, ба ҳаёти Чин ва тамоми кишварҳои Осиёи Шарқӣ таъсири бузург расонд. Новобаста аз он, ки аксарият таълимоти Конфутсийро ҳамчун як дин меҳисобанд, дар он сохтори ибодатӣ вуҷуд надошта, масоили илоҳиёт ягон нақше намебозанд. Ҷавҳари асосии он бунёди ҷомеае мебошад, ки дар он ҳар як фард нақши худро дорад. Чунин ҷомеа дар асоси ғояҳои вафодорӣ ва муносиботи боэҳтиромона миёни раҳбару тобеъ, ки ҷиҳати дастгирии мавҷудияти худи ҷомеа («гармония»-и он) нигаронида шудааст, бунёд ёфтааст. Ҷавҳари асосии таълимоти Конфутсий чунин аст: «он чиро, ки ба худат муносиб намеҳисобӣ, ба дигарон низ раво мадор». Он кас, ки баҳри нигоҳ доштани оин парҳезкорӣ мекунад, накӯкор аст. Дар нигоҳ доштани оин ҷустуҷӯи тавофуқ беҳтарин тариқат аст. Бояд он маконеро барои зист интихоб намуд, ки он ҷо накӯкорон бошанд. Вагарна чи гуна шахс метавонад хирадманд бошад? Агар мафҳумҳо ба таҳрир ниёз дошта бошанд, тамоми гуфтаҳо хирадашонро гум мекунанд. Нисбати худ сахтгир ва мусолиҳакор будан, бешубҳа, худро аз ниятҳои бад эмин доштан аст. Касе, ки ширинсуханӣ мекунад ва симои зебо дорад, аҳён мешавад, ки инсони ҳақиқист. Суханҳои ширин накӯиро мекоҳонанд. Онҳое, ки рӯзи дарозро танҳо бо суханронии зиёд, гуфтори беҳудаву бемаънӣ ва намоиш додани «зиракӣ»-и худ мегузаронанд, кам кореро метавонанд иҷро кунанд. Ҳама мехӯранду менӯшанд, аммо на ҳама лаззати ҳақиқиро мефаҳманд. Ташвишҳо ба зудӣ пайдо хоҳанд шуд, агар шахс дар фикри нақшаҳои дарозмуҳлат набошад. Агар дигарон «бо як зарра» кӯшиш муваффақ гарданд, ман сад маротиба зиёд кӯшиш хоҳам кард. Агар дигарон бо кӯшиши даҳчанд муваффақ гарданд, ман ҳазор маротиба зиёд кӯшиш хоҳам кард. Накӯкорӣ дӯст доштани мардум аст. Беҳтарин накӯкорӣ дӯст доштани волидайни хеш аст. Сипоҳро метавон аз сипаҳсолор ҷудо намуд, аммо мардро аз хоҳишҳояш на. Вақте ман ба ҳалқаи шахсони дигар мепайвандам, он ҷо бояд касе бошад, ки аз ӯ чизе омӯхта тавонам. Ман чунин сифатҳои ӯро интихоб мекунам, ки камбудиашро нишон диҳам, то ин ки афзалияти худро дарёбам. Аз оне, ки мансаби баланд надорӣ, дар ташвиш мабош. Дар сари ташвиши иҷро кардани масъулияти хеш бош. Сарват ва унвонҳои аз рӯйи қобилият ва виҷдон ба даст наомада барои ман ҳамчун абрҳои гузарон ҳастанд. Дар канори дарё истода, Конфутсий ишора мекунад: «Вақт гузарон аст, мисли рӯде, ки шабурӯз ҷорист». Вақте инсон сухан мекунад, бояд амалашро фикр кунад: вақте ки амал мекунад, бояд суханони гуфтаашро фикр кунад. Шахсе ки дар заминаи ахлоқ ҳукмронӣ мекунад, ҳамчун Ситораи Қутбист, ки миёни ситорагони дигар ҷойи марказиро дорост. Касе, ки қодир аст бо шарҳу хулосабандии донишҳои андӯхтааш донишҳои нав ба даст оварад, баробар ба устод мебошад. Ҳамарӯза бори дигар худро имтиҳон мекардам: Оё кӯшидаам то ҳадди охир ба одамон кӯмак кунам? Бо дӯстон софдил будам? Барои такрор намудани дастурҳои устодам сайъ кардам? Аз синни понздаҳсолагӣ ман ба омӯзиш дода шуда будам: дар сисолагӣ соҳиби мавқеи муайян гаштам: аз чиҳилсолагӣ бисёр чизҳоро сарфаҳм мерафтам ва акнун раҳгум намезадам: аз панҷоҳсолагӣ вазифаҳои худро, ки Арш (табиат) онҳоро муайян кардааст, медонистам: дар шастсолагӣ дар суҳбати одамон дуруст ё иштибоҳро фарқ мекардам: аз ҳафтодсолагӣ ҳар он чизеро, ки тасмим мегирифтам, озодона, бе вайрон кардани меъёр ба сомон мерасонидам. Саросема мабош: чизи кам талаб макун. Агар саросема бошӣ, ҳадаф ба даст наорӣ: агар чизи камеро талабгор бошӣ, ба комёбии бузург нахоҳӣ расид. Бетоқатӣ ва беаҳамиятӣ ба масъалаҳои ночиз ба нест шудани нақшаҳои бузург мерасонад. Одамон табиатан ба ҳамдигар наздик ҳастанд: танҳо одатҳои накӯ ё зишт онҳоро аз ҳамдигар дур месозанд. Мутолиа намудан ва дарк накардани он ба таҳайюр меорад: аммо дар ҳоли бедиққат мутолиа намудану фикр рондан хатар хоҳад овард. Агар бо заҳмат ба таҳсил машғул шавӣ, ҳеҷ гоҳ қаноатмандиро ҳис накунӣ ва аз омӯзонидани дигарон хаста нашавӣ. Шахси бомаърифат бояд ёддошт дошта бошад: аммо ба шахсе, ки ёддоште дорад, зарур нест, ки аз аҳли хирад бошад. Имрӯз нигоҳубини волидайнро чун нишонаи эҳтиром меҳисобанд. Вале одамон сагу аспонро низ низ нигоҳубин мекунанд. Агар ба волидайн эҳтиром гузошта нашавад, пас муносибат ба онҳо аз муносибат бо сагу аспҳо чӣ тафовуте дорад? Агар шумо он чизеро, ки меомӯзед, дарк карда бошед, гӯед, ки «фаҳмидам»: агар на, иқрор шавед, ки нафаҳмидед. Танҳо пас аз ин метавон шуморо шахси оқил номид. Таҳияи Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.