Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ба муносибати 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай Қазоқистон-Русия

Ба муносибати 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай Қазоқистон-Русия

13-08-2021, 15:30
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай Қазоқистон-Русия
Соли равон аз таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай 20 сол сипарӣ мегардад. Вобаста ба ин, мо тасмим гирифтем, аз андешаву гуфтори ашхоси маъруфи таърихӣ, намояндагони адабу фарҳанги кишварҳои аъзои ин созмони байналмилалии бонуфуз намунае чанд пешкаши шумо гардонем.
Абай Кунанбоев-шоир, маорифпарвар, оҳангсоз, ходими сиёсӣ, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ:
Оне, ки аз сари қаҳр фарёд мезанад, беозор аст. Аз шахсе бояд тарсид, ки сари қаҳр хамўш аст.
Шахси арзанда ба кам қаноат мекунад, ҳарчанд зиёд мехост. Шахси нолоиқ қаноатманд нест, ҳатто агар барзиёд ба даст оварад.
Боидрок бош, рўҳияи худро дар мубориза қавӣ бидор, танҳо фарди орӣ аз истеъдод ба тақдир тан медиҳад.
Ҷавонии бемақсад-фоҷиа аст.
Танҳо идрок, илм, рўҳияи қавӣ ва виҷдон инсонро бологузар мекунанд. Касе фикр кунад, ки бо дигар роҳ инро ба даст хоҳад овард, нодон аст.
Агар ман имконият медоштам, забони касеро мебуридам, ки чунин тасдиқ мекунад-инсон ислоҳнопазир аст.
Хоксорие, ки аз заифӣ бармеояд, хислати арзанда нест.
То он даме, ки ту хушбахтиро ба даст наовардаӣ, орзуҳои туро ҳама дастгирӣ мекунанд. Аммо вақте тақдир ба рўят хандид, ягона тарафдорат-худи ту ҳастӣ.
Фарди бадтарин миёни одамон-ин шахси бемақсад аст.
Санъат ҳамон вақт ростин аст, ки бо ҳақиқати зиндагӣ омехта шудааст.
Шахсе, ки сари қаҳр дод мезанад, хандаовар аст, шахсе, ки сари қаҳр хамўш аст-аз ў бояд тарсид.
Инсон фарзанди даврони худ аст. Агар ў бад аст, пас муосиронаш гунаҳгор ҳастанд.
Кӣ Суқротро оташ зад, Жанна д,Аркро сўзонд, Муҳаммадро зери боқимондаҳои шутур гўр кард? Омма. Яъне, омма ақл, идрок надорад. Онро бояд ба роҳи ҳақиҳат раҳнамун сохт.
Тамоми афкори олӣ дурахшашро гум мекунад, вақте аз даҳони инсон гузарад.
Касе, ки танҳо барои худ меҳнат мекунад, монанди ҳайвонест, ки шиками худро пур мекунад. Шахси арзанда барои инсоният меҳнат мекунад.
Дўсти бад монанди соя аст. Вақте офтоб медурахшад-аз ў натвонӣ гурехт; вақте болои саратро абрҳои ғафс мепўшонанд-ўро нахоҳӣ ёфт.
Иродаро дар худ тарбия кун-ин ҷавшанест, ки шуурро ҳифз мекунад.
Арзиши инсон дар муносибат ба кор аст, на анҷоми он.
Меҳнат-роҳат аст, танбалӣ-тозиёнаи бераҳм.
Аз он набол, ки фарзанди падарат ҳастӣ. Аз он бибол, ки фарзанди инсон ҳастӣ.
Инсоне, ки суханҳои хирадмандонро дар ёд мегирад, худ аз хирад баҳра хоҳад бурд.
Ирода, ту қавӣ ҳастӣ, аммо бигзор, ки ба ту ҳам қалб ҳукмфармо бошад.
Олжас Сулаймонов-нависанда, адабиётшинос, ходими ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва дипломатии қазоқ;
Ба ҳар инсон муҳим аст аз натиҷаҳои меҳнаташ бидонад. Эътирофи нависанда, маъруфияти ў-маҳсули меҳнат ва истеъдодаш аст. Агар китоби туро мехонанд, агар он шавқмандиро ба бор меорад-маънои онро дорад, ки ту беҳуда нависанда ном надорӣ. Ҳаёти мо-ҳамгироии пайваста бо хонанда аст, чун китоб ҳамон вақт зинда мешавад, вақте хонандаи худро меёбад.
Ҷавонӣ барои он дода нашудааст, ки «болҳои худро рост кунӣ», барои он аст, ки парвоз кунӣ, аз тавоноии худ зиёдтар кунӣ ва кор кунӣ, кор ва боз ҳам кор.
Мо кишвари паҳновар, дар ҳудудҳои бекарон, миллате ҳастем, ки зери таъсири фарҳангҳои гуногун аст. Аз ин набояд тарсид. Инро бояд ба манфиат истифода бурд. Ва мо инро метавонем, агар аз рўйи принсипи «бегонаро омўхтан, худиро аз даст надодан» амал кунем.
Камбуди иммунитет (ҳифозат)-и фарҳангӣ дар қарни нав, зиёд шуда, қодир аст ба тамаддун зарбаи ҳалокатовар занад. Дар бораи ин дар даҳсолаҳои авали қарни бист нидоҳои таҳлукаовари зиёиён садо медоданд. Имрўз ин мавқеъ сахттар шуда, хусусияти оммавиро гирифтааст. Барои ҳамин, дар ғуруби ҳазорсолаи дуввум муҳим аст ин зуҳуротро дарк ва дар якҷоягӣ алайҳи он истодагарӣ кунем. Дар ҳақиқат, фарҳанг дунёро наҷот мебахшад, агар мо фарҳангро наҷот диҳем.
Санъат сарҳадҳоро намепазирад. Дар ҳар замон, дар ҳар давлат санъат ба ғояҳои некӣ, муҳаббат, ҳақиқат хидмат ва арзишҳои волои маърифатиро муайян мекард. Мақоми онро дар ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ, хештаншиносии миллӣ, урфу одати мардумӣ ва тарбияи муҳаббат ба замини аҷдодӣ баҳо додан корест басо мушкил.
Инсон аз таваллуди худ ба фазои Сухан ворид мегардад. Сухан ба ў фишор меоварад, боло мебардорад, гармӣ мебахшад, месўзонад ва ё баръакс, сард мекунад-ба ин минвол, то охири умраш. Сухан ба завқи бадеӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносии ў, муносибат ба худ ва табиат таъсир мегузорад, Сухани шифоҳӣ ва хаттӣ, сухани модар, сухани дўстона ва душманона, боистеъдод ё орӣ аз он инсонро ё беҳаракат, беирода ммекунад; рўҳ ва шуури онро тира месозад; ва ё баръакс, ҳифозати ўро қавӣ месозад, ба қирраҳои характери ў устуворӣ ва дурахш мебахшад.
Русия
Александр Пушкин-шоири бузурги рус;
Масалҳои маънавӣ ҳамон вақт манфиатнок ҳастанд, ки ба сафед кардани худ чизеро аз худ бофтан душвор аст.
Ман, албатта, ватани худро сар то по бад мебинам, аммо ба ман таассуфовар он аст, ки аҷнабӣ ҳам нисбати ватани ман чунин ҳиссиёт дошта бошад.
Касе зист ва дорои афкор аст, ў ба одамон нафрат нахоҳад дошт.
Китобҳо-ин одамони муқовашуда ҳастанд.
Дар пирӣ зиндагӣ чунон нафратовар аст…
Дар дунё хушбахтӣ вуҷуд надорад, аммо оромиш ва ирода ҳастанд.
Фёдор Достоевский-нависандаи бузурги рус;
Зебоӣ ҷаҳонро наҷот мебахшад.
Зиндагиро аз маънои зиндагӣ зиёдтар дўст бояд дошт.
Ягон маротиба садақа надиҳед-он ҳар ду ҷонибро паст мезанад ва ҳолати қашшоқиро зиёд мекунад.
Тамоми дунё ба як қатра ашки кўдак намеарзад.
Касе, ки мехоҳад фоида орад, ҳатто бо дастони баста метавонад некии зиёд кунад.
Ишқ ончунон ҳиссиёти сахт аст, ки метавонад худи моро тағйир диҳад.
Барои нест кардани инсон каме кофист-ўро танҳо бовар кардан лозим аст, ки коре ў мекунад, ба касе лозим нест.
Ғоя бояд баланд бошад, бамаротиб аз воситаҳои амалисозии он.
Одамони маҳдуд…камтар нодониҳо содир мекунанд, магар, ин ки одамони боақл.
Касе қадами аввалро нахоҳад гузошт, чун ҳар кас фикр мекунад, ки ин бояд муштарак бошад.
Зиндагӣ бидуни мақсад-аз зарфият орӣ аст.
Дилсўзӣ-қуллаи баландтарини ҳастии инсонӣ аст.
Дар қалби пур аз муҳаббати ҳақиқӣ ё рашк ишқро мекушад, ё ишқ рашкро.
Хушбахтӣ на дар худи хушбахтист, балки дар даст овардани он аст.
Лев Толстой-нависандаи бузурги рус;
Ҳар кас мехоҳад инсониятро тағйир диҳад, аммо ҳеҷ кас дар фикри он нест, ки худро тағйир бидиҳад.
Аз ҳама зиёд он нафаре гап мезанад, ки чизе гуфтанӣ надорад.
Ҳама оилаҳои хушбахт ба ҳам монанд ҳастанд, ҳар як оилаи бадбахт ба таври худ бадбахт аст.
Ҳама чиз ба назди оне меоянд, ки тавони сабр карданро дорад.
Ҳақиқатҳои бузург-соддатарини онҳо ҳастанд.
Дўсти тарсу аз душман даҳшатноктар аст, чун аз душман хавф дорӣ, аммо аз дўстат умедворӣ.
Дунё ба шарофати касоне пеш меравад, ки азоб мекашанд.
Инсонҳо бисёр вақт аз тозагии виҷдонашон танҳо барои он ифтихор доранд, чун хотираи кутоҳ доранд.
Ба назар чунин мерасанд-моро барои он дўст медоранд, ки мо хуб ҳастем. Аммо мо пайхас намекунем-моро барои он дўст медоранд, ки шахсони моро дўстдошта худ хуб ҳастанд.
Бас аст аз тақдир туҳфаҳои ногаҳониро интизор шудан. Бояд худамон зиндагиамонро бисозем.
Ҳиссиёте гуворотар, дар зиндагӣ, аз ҳиссиёте, ки ту барои одамон қатрае некӣ кардӣ, нест.
Ҳама нақша мекашад ва ҳеҷ кас намедонад, ки то бегоҳ зинда мемонад, ё на.
Касеро маҳкум кардан ҷоиз нест, чун ҳеҷ кас нахоҳад донист, ки руҳияи шахси маҳкумшуда дар чӣ ҳолат аст ва ботинан ў чиро аз худ мегузаронад.
Антон Чехов, нависандаи бузурги рус;
Ҳеҷ кас дар мо одами муқаррариро дўст доштанӣ нест.
Шахсоне ҳастанд, ки пайваста суханҳои хуб ва бомантиқ мегўянд, аммо ҳис мекунӣ, ки онҳо одамони нодон ҳастанд.
Дар худ инсонро эҳтиёт кунед.
Агар алайҳи ягон беморӣ воситаҳои зиёди табобат пешниҳод гардад, бидонед: ин беморӣ табобатнашаванда аст.
Таҳияи Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: