Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАСТГИРИИ ҲОМИЁНИ ВАТАН

ДАСТГИРИИ ҲОМИЁНИ ВАТАН

5-01-2023, 12:19
Хабарро хонданд: 731 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТГИРИИ ҲОМИЁНИ ВАТАН
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамешагии сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамбастӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиа дар ВМКБ бахшида ба Соли нави мелодӣ, дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3-и деҳаи Шидзи Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев барои афсарону сарбозони дидбонгоҳ дастурхони идона ва чорабинии фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Пеш аз оғози расмии чорабинӣ гурӯҳи вилоятӣ аз шароит ва будубоши дидбонгоҳ дидан намуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ба сарбозон мужда расонд, ки дар соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дидбонгоҳи замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо сохта ба истифода дода мешавад.
Баъдан, чорабиниро муовини сардори дидбонгоҳ ҳусни оғоз бахшида, ба Ҳукумати мамлакат, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, кумиҷроияҳои ҲХДТ дар вилоят ва ноҳия аз номи сарбозон миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ кулли афсарон ва сарбозонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барои ҷасорату матонат ва садоқат ба Ватан миннатдорӣ баён намуд ва бархе аз афсарону сарбозон, ки содиқона ба Ватан хизмат менамоянд бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардиданд.
Мавсуф ҳамзамон ёдовар шуд, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат дар кишвар пойдор буда, сокинон бо руҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфон гардондани диёр ва созандагӣ саҳме дар пешрафти кишвари худ гузорад.
Аз тарафи Хонаи фарҳанги деҳаи Шидз ва ҳаваскорони ин деҳа барномаи ҷаззоби фарҳангӣ ба сарбозон пешкаш гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: