Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВОХӮРИ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

ВОХӮРИ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

4-01-2023, 12:16
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
ВОХӮРИ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢВОХӮРИ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар саҳни қисми ҳарбии мазкур бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ афсарону сарбозонро бо Соли нави мелодии 2023 табрику шодбош гуфта, нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дод.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: “Соли 2022 барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.
Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавононро мактаби ҷавонмардӣ унвон карданд, ки ин баҳои баланду сазовор аст. Аз ин рӯ, ҷавонони синни даъватиро мебояд, ки баҳри хизмат ба Ватан камари ҳиммат банданд ва аз иҷрои ин рисолат ва мактаби бузург босарбаландӣ бароянд.
Дар идома изҳори умед карда шуд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб ба воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу Ватан анҷом диҳанд.
Пас аз суханронӣ аз ҷониби сарбозон ба меҳмонон бо силоҳ машқҳои ҳарбии идона намоиш дода шуд.
Дар поёни чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар хотири афсарону сарбозонро шод намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: