Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАФАРОБОД: Барои Ватан ҷон фидо мекунем

ЗАФАРОБОД: Барои Ватан ҷон фидо мекунем

15-02-2022, 07:25
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
ЗАФАРОБОД: Барои Ватан ҷон фидо мекунем

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10.02.2022 №12 бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ санаи 12 феврали соли 2022 дар қисми низомии воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод чорабинии “Дарҳои кушод” бо иштироки афсарону сарбозони дидбонгоҳи сарҳадӣ, муҳассилини муассисаҳои таълимии № 11,3,23, чорабинии хотирмон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимӣ Фирдавс Носирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Авезов Беҳзод, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ директори Қасри фарҳанги “Зафар” Ахмедов Наимҷон, афсари дидбонгоҳи сарҳадӣ Ҳомидзода Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо зикр гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддас ва шаҳрвандӣ буда, рисолати бузурги ватандорӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз барои хизмати софдилода дар ҳамаи қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудаааст. Ҳар даъватшаванда ва хизматчии ҳарбиро зарур аст бо эҳсоси волои ватандорӣ ва ифтихор аз ин сарзамин барои нигаҳдории амну субот ба хотири пойдории Ваҳдату Истиқлоли Тоҷикистони азиз, татбиқи дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаззаф ва ҷонфидо бошад.

Ҳамчунин зимни баргузории чорабинӣ аз шароити кисми низомӣ дидан карда, хонандагони муассисаҳои таълимӣ таасуроти нек бардоштанд. Дар партави чорабинии мазкур ба хизматчиёни дидбонгоҳи сарҳади дастурхони идона ташкил карда шуда, намоиши барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: