Лесневская аз Путин хост, мард барин Савченкоро озод кунад9-03-2016, 10:33
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Муассиси ширкати телевизионии РЕН-ТВ Ирена Лесневская аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки низомии украинӣ Надежда Савченкоро озод кунад.
Надежда дар Русия бо айбномаи даст доштан дар қатли ду хабарнигор дар наздикии Луганск муҳокима мешавад. Дар номаи саркушодаи Лесневская ба Путин, ки матни он дар "Фейсбук" чоп шудааст, гуфта мешавад: "Дар назари тамоми ҷаҳон дар зиндони русӣ бо эълони гуруснанишинӣ зани ҷасур Надежда Савченко мемирад! Ман ба эҳсоси инсониву динӣ ва мардии Шумо муроҷиат карда, хоҳиш дорам, ки ин беқонуниро хотима диҳед ва фавран Надеждаро ба асирони низомии рус иваз ва ё бо фармони худ афв кунед! Русия, мардони ин кишвар ва афсаронашро сархам насозед, ки онҳо ҳанӯз маънии шарафи инсониро аз даст надодаанд!" Лесневская гуфтааст, ки ҳисси шарми бепоён аз қазияи Савченко ӯро водор ба ин иқдом кард. Рӯзи якшанбе дар Киев ва чанд шаҳри дигари Украина ҳамоишҳое бо талабии озодии Надежда Савченко баргузор шуд. Чунин тазоҳурот дар Петербург низ ҷараён гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.