Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тӯби паррон

Тӯби паррон

9-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 1455 нафар
Назарҳо: 0
Тӯби парронВолейбол машҳуртарин намуди варзиш дар сайёра аст, Ватани волейбол Иёлоти Муттаҳидаи Америка мебошад. Пайдоиши ин намуди варзиш ба номи роҳбари тарбияи ҷисмонии Иттифоқи ҷавонони христиании шаҳри Холиоки музофоти Масачутеси ин кишвар Вилям Морган мансуб мебошад. Нахустин нишонаҳои волейболи имрӯза замоне пайдо гардид, ки Морган тӯбро аз болои тӯри бозии теннис, ки дар баландии қариб ду метр кашида шуда буд, ҳаво дод. Бояд тӯб ба замин нарасида, ба қафо мегашт. Номи бозии навро муаллими коллеҷи Спрингфилд доктор Алфред Холстен кашф кард. «Волейбол», яъне «Тӯби паррон».

Чунин ном гирифт, ин намуди варзиш. Соли 1896 бори нахуст бозии волейбол ба «саҳна» баромад. Пас аз 10 соли ин воқеа дар ИМА қоидаи бозии волейбол қабул карда шуд. Баъди чанде ин намуди бозӣ дар Канада, Куба, Пуерто –Рико, Перу, Бразилия, Уругвай ва Мексика мухлисони зиёд пайдо кард. Соли 1913 бошад, дар мусобиқаи кишварҳои қитъаи Осиё аввалин вохӯрии волейболбозони Япония, Хитой ва Филиппин сурат гирифт. Дар қитъаи Европа волейбол дар ибтидои асри бистум ба расмият шинохта шудааст. Соли 1914 аввалин мусобиқаҳои волейболбозон дар Англия сурат гирифт. Оғоз аз соли 1917 бошад ин намуди варзиш дар Франсия шӯҳрати беандоза касб намуд. Солҳои бистум волейбол дар Полша, Чехословакия ва СССР мухлисони зиёде пайдо намуда, шуғли варзишии миллионҳо гардид. Баробари дар саросари қитъаҳои олам паҳн гардидани бозии волейбол мусобиқаҳои расмию ғайрирасмии зиёде доир мегардиданд. Қоидаҳои ин навъи варзиш такмил ёфта, баробари ҳуҷум хати ҳимояи бозӣ торафт пурқувват мегардид. Ҳаҷми начандон калони майдони бозӣ, дарёфти тур ва тӯб имкон фароҳам сохта метавонист, ки волейбол дар дилхоҳ мавзеъ ба роҳ монда шавад. Ин омил ба вусъати бемайлони волейбол мусоидат карда тавониста, бозии миллионҳо гардид. Дар ватани волейбол Иёлоти Муттаҳидаи Америка бошад нахустин мусобиқаи расмӣ танҳо соли 1922 гузаронида шудааст. Ин бозӣ дар шаҳри Бруклин доир шуда буд. Пас аз ин чорабинии варзишӣ америкоиҳо ташаббус нишон доданд, то волейбол ба Бозиҳои олимпии соли 1924 , ворид карда шавад, аммо ин таклиф аз ҷониби масъулини кумитаи тадорукот дастгирӣ наёфт. Соли 1934 дар машварати байналмилалии варзиш, ки дар Стокголм гузашт, аз ҷониби намояндагони федератсияҳои варзишии кишварҳои аврупоӣ комиссияи техникии волейбол таъсис дода шуд. Ба ин комиссия намояндагони 13 кишвари Европа, 5 мамлакати қитъаи Америка ва 4 давлати Осиё шомил гардиданд. Қоидаи асосии бозии волейболи умумиҷаҳонӣ аз рӯи нишондоди бозии америкоиҳо қабул карда шуд. Соли 1947 дар Париж нахустин конгресси волейбол доир гардида, Федератсия байналмилалии волейбол (ФИВБ) таъсис дода шуд. Пас аз як соли баргузории ин конгрес дар Рим чемпионати Европа оид ба волейбол гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби шаш давлат қувваозмоӣ намуда, нахустин чемпиони Европа дастаи мунтахаби Чехословакия дониста шуд. Соли 1949 бошад дар пойтахти Чехословакия шаҳри Прага нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба волейбол баргузор гардид. Худи ҳамин сол чемпионати Европа оид ба ин намуди варзиш миёни занони ин қитъа гузаронида шуд.

Волейбол ба бозиҳои олимпӣ хеле дертар –соли 1957 ворид гардида, танҳо соли 1964 дар олимпиадаи ҳаждаҳум, ки дар Токио баргузор шуд, даҳ дастаи мунтахаби мардон ва шаш тими занонаи давлатҳои чор қитъаи олам қуввасанҷӣ намуданд. Нахустин чемпионҳои олимпӣ дастаи мунтахаби мардони СССР ва тими мунтахаби занони Япония ҳисобида мешаванд. Ҳамин тариқ пурқувваттарин дастаҳои мунтахаб аз рӯи намуди волейбол то барҳам хӯрдани СССР варзигарони ин давлати абрқудрати футуррафта ва Япония дониста мешуданд. Агар болейболбоздухтарони СССР дар олимпиадаҳои соҳои 1968, 1972, 1980 ва 1988 ғалаба карда бошанд, солҳои 1964 ва 1976 япониҳо чемпиони олимпӣ буданд. Дастаи мардонаи тими мунтахаби СССР солҳои 1964, 1968 ва 1980 чемпиони бозиҳои олимпӣ гардида буд. Федератсияи байналмилалии волейбол дар баробари ташкили хуби мусобиқаҳои волейболбозон дар бозиҳои олимпӣ чемпионати ҷаҳон, Европа, Кубоки Япония, Кубоки Самаранч ва чандид мусобиқаҳои байналмилалиро оид ба ин намуди варзиш баргузор месозад.

Дар Тоҷикистони офтобрӯфи мо низ волейбол шуғли дӯстдоштаи сокинон аст. Бо назардошти он, ки ин мусобиқаи волейболро дар дилхоҳ мавзеъ гузаронидан имконпазир аст, дар кишвар деҳае ё маҳхаалеро пайдо кардан гайриимкон аст, кидар он ҷой волейбобозӣ накунанд. Ин намуди варзиш бахусус дар ВМКБ шӯҳрат дошта, варзишгарони бадахшонӣ пурқуватарин волейболбозони мамлакат дониста мешаванд.

Дар маҷмӯъ волейбол баробари шуғли варзишгарони касбӣ буданаш машғулияти писандидаи миллионҳо сокини сайёра мебошад.
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: