Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тарсу дар хоккей бозӣ намекунад

Тарсу дар хоккей бозӣ намекунад

15-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 460 нафар
Назарҳо: 0
Тарсу дар хоккей   бозӣ намекунад
«Бобокалон»-и хоккеи имрӯза дар асри шонздаҳум дар Голландия пайдо шуд. Он солҳо иштиёқмандон дар рӯи ях бо чавгон (клюшка) ва тӯб бозӣ мекарданд. Сонитар ин намуди бозӣ дар Англия ва Скандинавия низ роиҷ гардид.

Дар ибтидои асри нуздаҳум хоккей бо тӯб чун навъи варзиши бозиҳои зимистона ба расмият даромад. Ин намуди варзишро БЕНДИ мегуфтанд.

Хоккеи муосир чун намуди шавқовару шӯҳратёр дар Канада, ки дорои имконияти фаровони ташкили майдончаҳои варзишии яхпӯшро дошт, пайдо шудааст. Дар нахуст на бо гӯй (шайба), балки бо тӯби вазнин (шинни) бозӣ мекарданд.

Ин намуди варзиш чунон писанди сокинони Канада гардид, ки аллакай соли 1870 бозии хоккей бо шайбаро ба тамоми бозӣ ва идҳои варзиши зимистонаи Канада дохил намуданд.

Авввалин қоидаи бозии хоккей аз тарафи донишҷӯёни университети Мак – Гилла аз шаҳри Монреал ба роҳ монда шуд. Вазифаи дарвозаҳои хоккей имрӯзаро он замон ғовчубҳо иҷро менамуданд.

Соли 1879 Робертсони канадагӣ аввалин қоидаҳои бозиро ҷорӣ намуд. Шайбаи резинӣ аз ҳамон сол ба бозӣ дароварда шуд.

Соли 1885 дар Монреал Ассотсиатсияи хоккейбозони ҳаваскор таъсис гардид. Баъди қабули қонуни нави бозӣ дар соли 1886 шумораи бозингарон аз нӯҳ нафар ба ҳафт нафар расонида шуд. Он рӯзҳо дар рӯи ях дарвозабон, муҳофизатгарони пеш, миёна, қафо, ду ҳуҷумкунандаи канорӣ ва дар наздикии дарвозаи ҳариф ровер- ҳуҷумкунандаи асосӣ бозӣ мекарданд. Тамоми бозӣ бо як ҳайат ба охир расонида мешуд. Дар вақти бозӣ иваз намудани бозингар мумкин набуд. Танҳо онҳое аз бозӣ баромада метавонистанд, ки агар ярадор мешуданду барои иваз намудани онҳо аъзои дастаи ҳариф зид намебаромад. Бо чунин қоидаи бозӣ нахустин бозии байналмилалӣ соли 1886 миёни дастаҳои Канада ва Англия гузаронида шуд.

Соли 1893 генерал - губернатори Канада Фредерик Артур лорд Стенли оф Престон бо тӯҳфаи «Ҷоми нуқрагин» барои «Дастаи беҳтарини дастаи Доминиона» кубок таъсис дод.

Дар оғози асри 20 бо таъсис шудани дастаҳои бозингарони касбӣ Кубоки Стенли бо маблағи муайян миёни дастаҳои ҳаваскор ва касбӣ гузаронида мешуданд. Сонитар ин мусобиқа танҳо байни дастаҳои ситораҳои НХЛ гузаронида мешуд. Ин анъана то имрӯз давом дорад.
Соли 1899 дар Монреал аввалин варзишгоҳи пӯшида сохта шуд, ки ғунҷоиши он барои 10 ҳазор нафар тамошобин пешбинӣ гардида буд. Дар охири асри 19 аврупоиён низ ба бозии хоккей таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъди таъсиси НХЛ соли 1908 аз тарафи кишварҳои Англия, Богомея, Шветсария, Франсия ва Белгия федератсияи байналмилалии хоккей таъсис дода шуд.

Соли 1900 Фрэнсис Нилсон тӯри дарвозаи хоккейро ихтироъ намуд. Ҳамчунин ҳаҷми майдони бозӣ (61 х30 ) қабул карда шуд. Вақти бозиро ба се тайм дар ҳаҷми 20 дақиқагӣ муайян намуда, миқдори бозингарон ба шаш нафар расонида шуд. Иваз намудани бозингарон суръати бозиро тезонид. Бародарон Петрикҳо аз Канада дар бозӣ навовариҳои зиёд ворид намуданд. Акнун ҳар як бозингар бо рақами муайян бозӣ мекард. Хол натанҳо барои гол, балки барои паси афзалиядор (ситемаи гол +пас) низ дода мешуд. Майдончаро ба зонаҳо тақсим карда, дар болои дарвоза чароғаҳои сурх (гол) зард (ҳисоб набудани гол) насб карда шуданд. Соли1929 аввалин маротиба дарвозабон Клинт Бенедикт аз «Монреал» бо ниқоби муҳофизати бозӣ мекардагӣ шуд.

Хоккей дар ибтидои асри бист дар Аврупо машҳур гардида, соли 1910 нахустин чемпионати ин қитъа гузаронида шуд. Соли 1920 бошад, аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей гузаронида шуд. То ибтидои ҷанги дуюми ҷаҳон яккатози бозии хоккей кандагиҳо буданд. Соли 1947 бошад, дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Прага доир гардид, дастаи Канада иштирок накарда, америкоиҳо хеле суст бозӣ карданд. Хокейбозони Чехословакия аз ҳамаи ҳарифон пеш гузашта унвони чемпиониро соҳиб шуданд. Оғоз аз ин давра рақобати хоккеи амрикову аврупоӣ шиддат мегирад. Дар радифи командаи Чехословакия дастаҳои Шветсия, Филландия, Австрия, СССР бо бозиҳои аҷибу шавқовари хеш чӣ дар чемпионати ҷаҳон ва чӣ дар бозиҳои олимпӣ бо канадгиҳо рақобати воқеӣ барпо намуда, шӯҳрати ин намуди варзишро боло бардоштанд. Миёни дастаҳои аврупоӣ чехҳо пешқадам буданд. Ҳатто садамаи ҳавоӣ ва фавтидани 7 нафар аъзои дастаи чехҳо пеши роҳӣ музафарияти онҳоро дар чемпионати соли 1948 гирифта натавонист. Аммо вакте, ки соли 1950 аъзои дастаи Чехословакия чун хоинони Ватан муттаҳам карда шуда, қариб ними ҳайати даста ба ҳабс гирифта шуд, ғолибияти мутлақ аз ин даста рӯ гардонид. Хоккейбозони СССР соли 1954 бо аввалин иштироки худ дар чемпионати ҷаҳон чемпион гардида, пас аз ду сол чемпиони бозиҳои олимпӣ шуданд. Ғолибияти музаффаронаи дастаи хоккейбозони СССР на як бору ду бор, балки даҳҳо маротиб сурат гирифт. Он солҳо қариб ягон тими мунтахаби олам мисли СССР пурқувват набуд. Ҳарчанд имрӯз дар харитаи ҷаҳон аз давлатҳои СССР ва Чехословакия нишоне нест, хоккей чӣ дар Русия ва чӣ дар Чехия ва дигар кишварҳои Аврупо вусъати тоза пайдо намуда, имрӯз даҳҳо аврупоӣ дар тимҳои муқтадири касбии Канадаву Амрико зӯрозмоӣ менамоянд. Бозии хоккей, ки чун мактаби мардонагӣ унвон гирифтааст, имрӯз ҳам мухлисони зиёд дошта, бонувон ҳам хокейи худро таъсис доданд. Дар олимпиадаи Нагано соли 1998 дастаҳои мунтахаби занон баромад намуда, дар мусобиқаҳои минбаъдаи қитъавӣ, ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ бонувон баробари мардон хоккейбозӣ менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: