Ҷавонон ҳимоятгари халқу давлати Тоҷикистон22-01-2016, 10:20
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Вахш бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Маърифатчиён» дар якҷоягӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ, волейбол, тенниси рӯи мизӣ, шашка, шоҳмот ва дастхобонӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз муассисаҳои таълимии №5, 17, 57, 30, 78 ва 70 иштирок намуданд. Мусобиқа таҳти шиорҳои «Варзиш – Қосиди Сулҳ», «Тоҷикистон – диёри номдорам», «Тоҷикистон – диёри бобақоям», «Ҷавонон созандагони Ватан» ва «Ҷавонон ҳимоятгари халқу давлати Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш Файзуллоев Ҳабибулло иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Пешвои миллат – кафили сулҳу суббот дар ҷомеа», «Пешвои миллат – рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ», «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон» суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон худро дар канор нагирифта ба миллат, Ватан ва Пешвои худ содиқу вафодор бимонанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.