Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ШУКУФОИИ КИШВАР МАРОМИ МОСТ

ШУКУФОИИ КИШВАР МАРОМИ МОСТ

21-10-2022, 09:20
Хабарро хонданд: 409 нафар
Назарҳо: 0
ШУКУФОИИ КИШВАР МАРОМИ МОСТ
31 сол муқаддам рӯйи харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав, Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйи кор омад, ки орзуву омоли ҳазорсолаи миллати моро ҷомаи амал пӯшонид. Қадамҳои нахустини давлатдории миллии мо осон набуд, барои мо истиқлол осон ба даст наомадааст, чуноне, ки бархе мепиндоранд. Он аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бо иштироки қувваҳои аҷнабӣ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ оғоз гардид, ки миллати куҳанбунёди моро ба фоҷеаи миллӣ кашид. Ҷанге, ки хисороти зиёди ҷонӣ ба бор гузошт, зиёда аз 150 ҳазор кушта, зиёда аз 1 миллион нафар фирориёни иҷборӣ, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА зарари иқтисодӣ расонида шуд. Аммо, талафоти асосӣ ҷони қимати ҳаммиллатони аздастдода, мардумро буҳрони равонӣ фаро гирифта буд, касе аз рӯзи фардо умед надошт. Миллатро хатари фаношавӣ таҳдид мекард.
Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки ҳастии миллат зери суол гузошта шуда буд, сари идораи давлат шахсе омад, ки қалбаш моломол аз дарди миллат, меҳр ба ин Ватани азияткашида буд. Аз рӯзи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштанд, ки мақсади асосии ӯ ба ҳам овардани мардум, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз аст. Вазифаи асосӣ таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории субот дар давлати мо буд, ки бо имзо расидани Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ соли 1997 амалӣ гардид.
Марҳилаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон метавон шартан ба 3 давра тақсим намуд:
1. Давраи аввал-солҳои 1991-94-таҳлили низоми шуравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовиматҳои шаҳрвандӣ;
2. Давраи дуввум-солҳои 1995-99-раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
3. Давраи сеюм-2000-2014-солҳои рушди устувори иқтисодӣ.
Акнун марҳилаи дигар, марҳилаи созандагӣ оғоз ёфт. Тоҷикистон бояд иқтисоди бо сабаби ҷанги панҷсола харобгардидаро аз нав эҳё мекард. Бо сабабе, ки кишвари мо дар шароити ҷуғрофии мураккаб ҷойгир шудааст, яке аз мушкилоти асосӣ ҳалли масъалаҳои логистикӣ, бо мақсади ба ҳам пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар, ки фасли зимистон аз ҳам канда мешуданд, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-Шар» ва «Чормағзак», сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, Душанбе-Хуҷанд-Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб аз иқдомҳои Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллати буданд, ки такконбахши рушди иқтисодӣ гардида, шаҳрвандони кишвар аз азоби гузашти ағбаҳои хатарнок вораҳиданд. Ин иқдомоти зарурӣ боиси он гардид, ки ҳаракати нақлиёт дар мамлакат ва хориҷ аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуои одамон ва боркашонӣ бамаротиб беҳтар гардад, ки барои рушди иқтисодӣ яке аз шартҳои асосист.
Дигар масъалаи душвору ҳалталаб фароҳам овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Сохтмони иншооти аср, НБО Роғун, ҳамчунин, неругоҳҳои обии барқии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, Лолазор-Сангтӯда-1 имкон дод, ки дар ин самт ҳам мо ба муваффақият дастёб бошем. Ҳамин тариқ, истеҳсоли нерӯи барқ бамаротиб зиёд шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти истиқлолияти энергетикӣ маҳдудияти барқ дар кишвар қариб пурра бартараф гардид.
Дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳам давлати мо ба комёбиҳо муваффақ гашт. Сохта ба истифода додани корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маводи хӯрокворӣ машғул ҳастанд, тайи ин солҳо вусъати тоза пайдо кард. Ҳазорҳо нафар ба ҷойи корӣ таъмин гашта, имрӯз Тоҷикистон бисёр намуди анвои озуқавориеро, ки солҳои пеш ворид мекард, худаш истеҳсол намуда, дар бисёр риштаҳои соҳа аз кишвари воридкунанда ба кишвари содироткунандаи маҳсулот табдил гаштааст. Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз зарари офатҳои табиӣ, инчунин, таъсири омилҳои буҳронии ҷаҳонӣ дар сатҳи зарурӣ рушд намуда истодааст, ки ин омил баҳри фаровонии бозори дохилӣ аз маҳсулоти тару тоза ва кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуд.
Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ ва дигар намуди маҳсулоти иқтисодӣ аз камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошад, ки ҳамаи ин бозгӯи сиёсати дурусти иқтисодии давлату Ҳукумати кишвар мебошад.
Ҳамчунин, сохта ба истифода додани иншооти гуногун дар самти маориф, тандурустӣ, варзиш, хизмати маишӣ, қад афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ гувоҳ ба он аст, ки кишвар дар ҷодаи иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки ҳамаи ин ба шарофати суботи сиёсӣ рӯйи кор омадааст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамгироии бештари иқтисодиёт бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани рейтинги кишвар дар самти сармоягузорӣ ва тиҷорат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии созмонҳои муътабари байналмилалӣ пазируфта шуда, бахусус, узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо барои мутобиқ намудани заминаи меъёриву ҳуқуқии кишвар ба талаботи байналмилалӣ, беҳтар гаштани фазои сармоягузорӣ, дарёфти бозорҳои нав, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ шароити васеъ фароҳам овард.
Албатта, дар ҳамаи ин пешравиҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҳамчун қувваи пешбари сиёсӣ бузург аст. Барнома ва стратегияи ҲХДТ, аз рӯзи аввали ба саҳнаи сиёсӣ омаданаш, тамоми ҷанбаҳои рушди минбаъдаи кишварро дар бар гирифта, сари амалисозии он корҳои зиёд ба субут расонида шудааст.
Инак, тайи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ҳамқадам буда, барои рушди устувор дар тамоми соҳаҳо дорои зарфиятҳои бузург аст.
Бунафша Дӯстова,
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор
бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: