Ба пешвози 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ПРЕЗИДЕНТИ МО– ПЕШВОИ МО16-11-2017, 12:30
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Хоҷаев Ҳикматулло корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба пешвози 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ПРЕЗИДЕНТИ МО– ПЕШВОИ МО Таърихи навтарини давлати тољиконро усулан ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст: давраи то соли 1997 ва давраи баъд аз соли 1997-ум. Тавре мо медонем, кишвари мо то соли 1997, амалан пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки худашон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт. Бо мақсади иҷрои ин ниятҳои нек, Роҳбари давлат ҳамчун пешвои воқеии миллат намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Мардуми кишварамон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид гардида, ҳаёти осоишта ва созандагиро оғоз намуданд. Минбаъд давраи барқарорсозии мамлакат шурӯъ гардид. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, соли 1997 сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат 83 дарсадро ташкил медод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ин дар назди худ мақсад гузоштанд, ки барои рушди мамлакат ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муваффақ шудан зарур аст. Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии паст намудани сатҳи камбизоатиро қабул намуд. Натиҷаи барномаи мазкур ин аст, ки сатҳи камбизоатӣ тибқи маълумоти расмӣ, соли 2016 ба 32 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шароите, ки давлат қарор дошт, ноил гардидан ба чунин нишондод дастоварди беназир аст ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи осоиштагиву сулҳу ваҳдат, муттаҳидии миллатамон мебошад ва таҷрибаи сулҳу ваҳдати Ҷумҳурии моро имрӯз дар кишварҳои олам меомӯзанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Яке аз он самтҳо раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ буд, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил буд. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тавассути нақбҳои Истиқлол, Шаршар, Шаҳристон, Хатлон, роҳҳои Душанбе–Хуҷанд–Чанок, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма, Душанбе–Турсунзода, Душанбе–Қӯрғонтепа кишвари азизамон бо давлатҳои ҳамсарҳад пайваст гардид. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шуда ва дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд. Самти дигари пешгирифтаи роҳбари давлат - ин амнияти озуқаворӣ мебошад. Амнияти озуқаворӣ ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешрафти соҳаи кишоварзиро пешбинӣ менамояд. Масалан, дар соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт. Дар дигар бахшҳо низ ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда истодаем. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шудааст. Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои ҷаҳон эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст. Ва истиқлолияти кишвари моро имрўз зиёда аз 150 давлати дунё ба расмият шинохтаанд ва дастгирӣ кардаанд,ки ин ҳама заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллатамон мебошад. Бунёду барқарорсозии иншоотҳои муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳҳои барқии обӣ дар кишвар садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда мешаванд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Пешвои миллати тоҷик дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвари маҳбубамон ба пешрафту комёбиҳо ноил гашта, мардумро ба фардои неки ватани азизамон дилпур сохтанд. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Оғози корҳои барқарорсозии НБО-и “Роғун”, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтуда–1” ва “Сангтуда–2”, оғози татбиқи лоиҳаи “КАСА–1000”, таҷдиди НБО-и “Норак” мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор–Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб–Шимол”, ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии “Душанбе–2” бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе–2” бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти хирадманду дурандеши худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту шаш соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Неругоҳи барқии обии “Роғун” аз шаш чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди «гиливу сангӣ» дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ин неругоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт «беш аз 17 миллиард киловатт соат» бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ҳоло дар НБО-и “Роғун”15000 нафар мутахассису коргар машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо кор ва фаъолият дорад. Дар соли 2018 аввалин агрегати НБО-и “Роғун” ба истифода дода шуда, агрегати дуюми он моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешавад ва барои рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакат шароит фароҳам меояд. Бо ин мақсад неругоҳи гармидиҳандаи барқии 1 ва 2 дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Дар натиҷа имкон пайдо шуд, ки шурӯъ аз 28 окябри соли 2017 маҳдудияти меъёри барқ дар фасли зимистон бардошта шавад. Ин комёбии бузургтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Дар бисту шаш соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд. Самти сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон дод, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шудаанд,ки сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармоя ҷалб карда шудааст,ки ин ҳама заҳмату меҳнати Пешвои миллат барои ба ҷои кор таъмин намудани мардуми кишвар аст. Дар соли 2017 роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб - қитъаи Ваҳдат – Ёвон, роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва Восеъ – Ховалинг ба маблағи умумии се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд,ки ин низ аз заҳматҳои Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи бевосита мебошад,ки ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳаи дигар бо ҷалби сармояи бевоситаи ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя таъмин шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил дод. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, дар мамлакат аз ҷумла пешрафти илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин карда шуд. Зиёда аз 4000 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар самти тандурустӣ беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд. Таъмиру азнавсозии мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг мусоидат мекунад. То даврони истиқлолият дар Тољикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва теъдоди донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Дар замони истиқлолият 30 ҳазор нафар ҷавонони лёқатманди мо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Буҷети давлатӣ соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ тасдиқ шуд, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. Ҳукумати љумњури ва Пешвои миллат ба соҳаи сайёҳӣ низ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани зерсохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар даврони истиқлолият теъдоди аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардид ва соли 2018 теъдоди аҳолӣ ба 9 милён нафар мерасад. Барои иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодии мамлакат назди меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд, нерую ғайрати ҷавонон лозим аст. Аз ҷониби Президенти кишварамон соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид, ки ин ғамхорӣ дар ҳаққи мо ҷавонон мебошад. Ҷавонони мамлакатамон худро пайрави Пешвои муаззами миллат шуморида, дар самти ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд. Зеро озодиву истиқлолият барои ҳар як фарди миллати тоҷик дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ мебошад. Мо ҷавонон минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳем, то ин ки сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор нигоҳ дошта шавад ва ин неъмати бузурги миллатамонро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кунем. Хулоса, созандагию хирадмандии Роҳбари давлат дили мо ҷавононро дар самти ватандўстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои муазами миллат Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.