Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқтисоди рушдёбанда Истиқлоли Ватанро комил менамояд

Иқтисоди рушдёбанда Истиқлоли Ватанро комил менамояд

1-06-2021, 10:21
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Иқтисоди рушдёбанда Истиқлоли Ватанро комил менамояд
Ба ифтихори 30 – солагии
Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мусоҳиба бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Гулбаҳор Назирӣ



-Дар ибтидои суҳбат хоҳиш менамудам, ки мафҳуми истиқлолро аз нигоҳи иқтисодӣ шарҳ медодед?

-Аз диди ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Тавре олимону муҳақиқон муайян намудаанд: “Соҳибихтиёрии давлатӣ – волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар мебошад”. Соҳибихтиёрии давлати мо дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, нишонаи муҳими давлатамон мебошад. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад.
Соҳибихтиёрии иқтисодӣ – низоми ягона ва мустақили иқтисодиёти давлат дар самти муайян намудани ҳадафҳои олии стратегӣ, роҳандозӣ, дар амал татбиқ намудани стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар пешбурди муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии иқтисодӣ баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
-Барои таҳкими пояҳои истиқлоли сиёсӣ иқтисод заминаи асосӣ аст. Мехостам мушаххасан дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ дар даврони истиқлол чанд нуқтае баён медоштед.
-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, таъмини манфиатҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои ташкили шаклҳои нави идоракунии сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатро пеш овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба бунёди пояҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар ислоҳоти куллии иқтисодиро роҳандозӣ намуд, ки муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқро фарогир шуд. Мамониатҳои зиёди объективӣ мавҷуд буданд, ки танҳо ҷасорату матонати шахси қавиирода, сиёсатмадори бошуҷоат, фозил ва дурандеш метавонист онҳоро бартараф созад.
Лозим ба ёдоварист, асоси ҳамаи музаффариятҳо дар Иҷлосияи ХVI-и таърихӣ ва сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Иҷлосияи мазкур дар баробари матраҳ намудани чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим, ҳамчунин, қонунҳоро қабул намуд, ки дар таҳкими иқтисодиёти мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши муассир бозид.
Таҳлилҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овард.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз зиёда аз 4 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 фоизро ташкил дод.
Истеҳсоли маҳсулоти саноат аз соли 1997 то ба имрӯз 3,5 маротиба, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 5 маротиба, ҳаҷми гардиши савдои чакана 5,3 маротиба ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 9,7 маротиба афзуд.
Танҳо дар давоми 20 соли охир, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ зиёда аз 30 маротиба афзоиш ёфтаааст.
Дар ин замина, нисбат ба соли 1991-ум ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 70 маротиба зиёд гардидааст.
Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то инҷониб ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ қариб зиёда 30 маротиба афзоиш ёфт ва боиси аз 81 фоизи соли 1999 то 27,5 фоиз дар соли 2020 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ба самти дигари муҳими нишондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ – гардиши савдои хориҷӣ назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар соли 1991 он ҳамагӣ 131,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода бошад, ҳоло ин нишондиҳанда 35 маротиба афзоиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.
Дар ин маврид, метавон далелҳои хело зиёд овард. Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар ҳолати рушду тавсеа аст. Бешак, иқтисоди рушдёбанда истиқлоли Ватанро комил менамояд
-Ҳадаф аз ҳар тасмими иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аст. Лутфан мегуфтед, ки ин тадбирҳои бузург аз қабили қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар бахши иқтисод чӣ дигаргуниро дар ҳаёти аҳолӣ ба миён овард?
Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам омад.
Қабл аз ҳама, дар ин ҷода қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 барои мутобиқ намудани низоми иқтисодиёт ба талаботи низоми иқтисоди бозоргонӣ ва ҳарчи зудтар амалӣ сохтани раванди гузариш ба ин низом такони ҷиддӣ бахшид.
Моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият замина гузошта, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дод ва ба ин васила, қадамҳои устуворро барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ муҳайё намуд.
Аз нимаи дуюми солҳои навади асри гузашта татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат ба таври фаъолона амалӣ гардида, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ қабул карда шуданд.
Барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ѓизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Мо ба ин ҳадафҳои стратегӣ низ таҳти роҳбарию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ хоҳем гардид. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, мо дар баробари имконияту захираҳои фаровон доштан, ҳамзамон, мардуми меҳнатқарину бунёдкоре дорем, ки дорои ҳисси баланди масъулият дар назди миллату Ватан мебошанд.
-Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Ба андешаи Шумо кадом соҳаи истеҳсолӣ манфиати бештари иқтисодӣ хоҳад дошт?
-Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 26 декабри соли 2018 бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Дар ин робита, дар оянда мақсад гузошта шудааст, ки тамоми иқтидорҳои мавҷударо сафарбар намуда, рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардад ва дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд карда шаванд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шаванд.
-Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, оё самаранок татбиқ гардида истодааст?
-Бино ба иттилои Пешвои муаззами миллат татбиқи ҳадафмандонаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқ ва ба кишвари ободу зебои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил додани Ватани маҳбуб мусоидати ҳамаҷониба намуд.
Дар давоми ҳафт соли охир, рушди иқтисодиёти мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 87, 4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон, дар ин давра ҳаҷми даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 соли 2020 ба зиёда аз 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар ин радиф даромади пулии аҳолӣ 2 баробар, музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 ва бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар 45 фоиз афзоиш пайдо кард.
Дар 7 соли оянда, тибқи нақшаҳои пешбинишуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамаи ин тадбирҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодаанд.
-Бешак, заминаи пешрафти ҳар бахш ва ҳар соҳа аз қабули қонунҳои қабулшуда вобастагии амиқ дорад. Оё қонунгузории бахши иқтисодии кишвар ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошанд?
-Вакилон дар Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар се самт - қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарлумонӣ ба роҳ мондаанд. Ҳадафҳои асосии мо ин амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб ва Маҷлиси намояндагон, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва баррасию ҳалли масъалаҳое, ки аз мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд, ҳамзамон, таъмини иҷрои ҳафт ҳадаф ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
То имрӯз дар самти таъмини рушди иқтисодиёти кишвар зиёда аз 90 қонунҳои соҳавӣ ва даҳҳо созишномаҳо тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар баробари вазифаи асосии хеш - баррасӣ ва қабули қонунҳо, мо вакилон ҳамкориҳои судмандро бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар анҷом дода истодаем. Дар давраи фаъолияти Маҷлиси намояндагон муҳокимаҳою соатҳои парламентӣ, хонишҳои вакилӣ, суҳбатҳои “мизи гирд”, ҷаласаҳои сайёри кумитаҳо барпо менамоем, ки ин тадбирҳо фарогири масъалаҳои мубрамтарини ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мебошанд.

Мусоҳиб Фараҳноз Умарзода



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: