Соли равон барои кишвари мо санаи таърихиро эҳдо кард, чун аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Қадамҳои нахустини давлатдории миллии мо осон набуд, барои мо истиқлол осон ба даст наомадааст, чуноне, ки бархе мепиндоранд. Он аз бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бо иштироки қувваҳои аҷнабӣ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ оғоз гардид, ки миллати куҳанбунёди моро ба фоҷеаи миллӣ кашид. Ҷанге, ки хисороти зиёди ҷонӣ ба бор гузошт, зиёда аз 150 ҳазор кушта, зиёда аз 1 миллион нафар фирориёни иҷборӣ, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА зарари иқтисодӣ расонида шуд. Аммо талафоти ҷони қимати ҳаммиллатон буд, ки онҳоро аз даст додем, мардумро буҳрони равонӣ фаро гирифта буд, кассе аз рўзи фардо умед надошт. Миллат лобалои фаношавӣ қарор гирифта буд.
Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки ҳастии миллат зери суол гузошта шуда буд, сари идораи давлат шахсе омад, ки қалбаш моломол аз дарди миллат, меҳр ба ин Ватани азияткашида буд. Аз рўзи ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан, Эмомалӣ Раҳмон эълон доштанд, ки мақсади асосии ў ба ҳам овардани мардум, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз аст. Вазифаи асосӣ таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории субот дар давлати мо буд, ки бо имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ соли 1997 амалӣ гардид.
Марҳилаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон метавон шартан ба 3 давра тақсим намуд:
1. Давраи аввал-солҳои 1991-94-таҳлили низоми Шўравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовиматҳои шаҳрвандӣ;
2. Давраи дуввум-солҳои 1995-99-раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
3. Давраи сеюм-2000-2014-солҳои рушди устувори иқтисодӣ.
Акнун марҳилаи дигар, марҳилаи созандагӣ оғоз ёфт. Тоҷикистон бояд иқтисоди бо сабаби ҷанги панҷсола харобгардидаро аз нав эҳё мекард. Бо сабабе, ки кишвари мо дар шароити ҷуғрофии мураккаб ҷойгир шудааст, яке аз мушкилоти асосӣ ҳалли масъалаҳои логистикӣ, бо мақсади ба ҳам пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар, ки фасли зимистон аз ҳам канда мешуданд, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-Шар» ва «Чормағзак», сохтмони шоҳроҳи «Роҳи Абрешим», қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, Душанбе-Хуҷанд-Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Бохтар-Кўлоб аз иқдомҳои Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллати буданд, ки таҳрикбахши рушди иқтисодӣ гардида, шаҳрвандони кишвар аз азоби гузашти ағбаҳои хатарнок вораҳиданд. Ин иқдомоти зарурӣ боиси он гардид, ки ҳаракати нақлиёт дар мамлакат ва хориҷ аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина, вазъи равуои одамон ва боркашонӣ бамаротиб беҳтар гардад, ки барои рушди иқтисодӣ яке аз шартҳои асосист.
Дигар масъалаи душвору ҳалталаб фароҳам овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Сохтмони иншооти аср, НБО-и Роғун, ҳамчунин, неругоҳҳои обии барқии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, Лолазор-Сангтўда-1 имкон дод, ки дар ин самт ҳам мо ба муваффақият дастёб бошем. Ҳамин тариқ, истеҳсоли неруи барқ бамаротиб зиёд шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти истиқлолияти энергетикӣ маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бартараф гардид.
Дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳам давлати мо ба комёбиҳо муваффақ гашт. Сохта ва ба истифода додани корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маводи хўрокворӣ машғул ҳастанд, тайи ин солҳо вусъати тоза пайдо кард. Ҳазорҳо нафар ба ҷойи корӣ таъмин гашта, имрўз Тоҷикистон бисёр намуди анвои озуқавориеро, ки солҳои пеш ворид мекард, худаш истеҳсол намуда, дар бисёр риштаҳои соҳа аз кишвари воридкунанда ба кишвари содироткунандаи маҳсулот табдил гаштааст. Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз зарари офатҳои табиӣ, инчунин, таъсири омилҳои буҳронии ҷаҳонӣ, дар сатҳи зарурӣ рушд намуда истодааст, ки ин дар фаровонии бозори дохилӣ аз маҳсулоти тару тоза ва кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуд.
Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ ва дигар намуди маҳсулоти иқтисодӣ аз камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд, ки ҳамаи ин бозгўи сиёсати дурусти иқтисодии давлату Ҳукумати кишвар мебошад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамгироии бештари иқтисодиёт бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани рейтинги кишвар дар самти сармоягузорӣ ва тиҷорат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии созмонҳои муътабари байналмилалӣ пазируфта шуда, бахусус узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо барои мутобиқ намудани заминаи меъёриву ҳуқуқии кишвар ба талаботи байналмилалӣ, беҳтар гаштани фазои сармоягузорӣ, дарёфти бозорҳои нав, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ шароити васеъ фароҳам овард.
Ҳамаи инро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо натиҷаҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ пешвоз гирифта, барои рушди устувор дар тамоми соҳаҳо дорои зарфияти бузург аст.
Лоҷварбии АМИРЗОД