DataLife Engine > Хабари руз > ҶОН ФИДО ДАР РОҲИ ПАЙМОН КАРДУ РАФТ

ҶОН ФИДО ДАР РОҲИ ПАЙМОН КАРДУ РАФТ


24-09-2022, 11:03. Разместил: orifi ҶОН ФИДО ДАР РОҲИ  ПАЙМОН КАРДУ РАФТ
Он бегоҳ деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ором надошт. Таги чанорҳои осмонбӯси маркази деҳа одам буд. Ин мавзеъ, ки ҷои багузории лаҳзаҳои хурсандӣ тӯю маърака ва рақсу бозӣ буд, мотамкадаро мемонд. Мардум анбӯҳ - анбуҳ, гӯрӯҳ-гӯруҳ болои суфаи зери чанорҳо бо чеҳраҳои ҳазин ҷамъ омада, аз ҳамдигар мепурсиданд: “Магар ин овоза ҳақиқат дошта бошад”. Овозае, ки гӯё байни сарҳадбонони қирғизу тоҷик бори дигар ошӯб бархоставу ҷавонмарди 21-солаи деҳаи мо қурбони он шудааст. Аҳли деҳа инро аз ҳамдигар бо изтироб мепурсиданду аз Худованд ҳақиқат надоштани онро таманно доштанд. Аммо афсӯс, ки хабари шум барқосо паҳн гашта, бештари вақт ҳақиқатро ба дунбол дорад.

Дар сар андешаи чи гуна омода намудани манзили охирати ҷавони ноком Ҷумъаев Сабриддинро меандешиданд. Қабристони деҳа бо хонаи онҳо ҳамсояи девор дар миёни дорад. Ҳар гоҳе маити ҷовонеро дафн мекарданд, аз пушти девор модар бо ҳасрат ашк мерехту аз даргохи Холиқи якто дуо мекард, ки чунин рӯзро ҳеҷ гоҳ набинад. Бехабарро оҳ аз пӯшташ мегӯянд. Садои охирини фарзандаш “Дуоям деҳ модарҷон, ҳимояи марзи Ватан меравам” дар гӯши модар аз сӯзиши дил назди ҳамсояҳо мерафт то хабари хуше бишнаваду вуҷуди дар коми оташ будааш ором гардад. Холаи Зумратбӣ аз рӯзи ин вокеаи марзӣ хоб дар чашмонаш намонда, шабу рӯз дуо мекард, то ҷони фарзанду фарзандони мардум эмин аз бало бошад.
Модари бехабар аз марги писарро ба деҳаи Шоле бо баҳонаи дидорбинии модари бемораш раҳсипор намуданду дам ба дами шом хонаи охирати Сабриддини номуродро бо дидаҳои ашкбор хок аз замин меканданд. Имсол 21-умин баҳори ҳаёти хешро сипарӣ мекард ва муҳассили Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт буд, нигоҳ накарда ба донишҷӯии худ даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияро сидқан пазируфта, ба хизмати Модар - Ватан рафт.
Субҳгоҳон хешу ақрабо вориди манзили онҳо гаштанд, намедонистанд, ин хабари шумро чи гуна расонанд...
Бо дидани тобути писар фиғони падару модар ба осмон печид, модар даст бар чашмон бурда, онҳоро молиш медод, шояд дар хоб бошад, рӯи тобути писар даст мебурд, то бикшояду симою садои фарзандашро бубинад, бишнавад. Бо ҳазорон тавалло танҳо як рӯхсораи шаҳиди роҳи Ватанро ба волидайни ҷигарпорааш нишон доданду бас, чунки имконнопазир буд диданаш. Чашмони дурахши зебояш оғӯштаи хун ва он қошони
сиёҳи пайвастааш, ки модар онҳоро садқашавон бо дасташ шона менамуд, аз тири қирғизи қотил...

Нолакунон заминро чанг зада, лаҳзаҳои ба дунё овардани фарзандаш чун навор пеши чашми модар падид меомадан. Ҳафтуми июни соли 2001 тифли ба дунёомадаро бо ҳазорон ҳавас Сабриддин ном гузошт то ба дархӯрди рӯзгор бо сабру мубориз бошад. Чеҳраи гарму шукуфон ва лабони пуртабассумаш ба зуди роҳ дар қалби ҳамагон мемонд. Волидайн шукронаи ҳамаи фарзандон менамуданду кенҷаписарро меҳр бештар доштанд. Дониши хубу хулқи накуяш шоистаи таҳсини устодону ҳаммактабиён буд. Модар, ҳамаи орзуҳои хешро дар симои писараш медид, бо ӯ аз абёти бузургон ғазалҳо аз худ мекарданд, бо ҳазорон ҳавас либосҳояшро дарзмол намуда, бо ҳавас сӯи мактаб гуселаш менамуд. Интизории омаданашро кашида, бо омаданаш чун кӯдаки хурдсол аз сару рӯяш мебусид. Орзу дошт фарзандаш омӯзгор шавад.
Пас аз хатми мактаби миёна тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт гардид. Ҳисси ватандӯстияш дар туғён буда, ҳамеша паи ободкорию созандагӣ талош менамуд. Хоҳиш аз волидайн дошт то бо дуои некашон ба хизмати марзу бум равад. Падару модар ҳарчанд мехостанд, ки Сабриддин хонишро ба анҷом расонида, сипас адои хизмати ҳарбӣ намояд, аммо Сабриддин ҷавону дӯстдори Ватан сарпечии баъзе ҷавононро аз хизмат дида, бо хоҳиши худ бе дарназардошти ягон имтиёз худро шомили қувваҳои мусаллаҳ гардонид. Бар хилофи ҷавонписароне, ки мехостанд дар навоҳии худ адои хизмат намоянд, Сабриддин аз комисариати ҳарбии ноҳияи Рашт хоҳиш намуд, ки ӯро дар қисмҳои ҳарбии мавзеи Хуҷанд шомил намоянд. Чун аз ин нияти ӯ волидайн огоҳ шуданду сабаб пурсиданд, Сабриддин чунин посух дод: “Мехоҳам аз ҳама манотиқи ҷумҳурӣ дидан намоям, ба расму русум ва оини мардуми Суғд аз наздик ошно шавам, дӯстони сӯғдӣ пайдо намоям, аз нону намаки онҳо нӯши ҷон намояму эшонро низ даъват ба меҳмондорӣ намоям”.
Аммо, мутаассифона, рӯзи 18-уми моҳи равон тири нобаҳангоми душманони миллати тоҷик риштаи умри ин ҷавони пурармонро канда кард. Он ҷавоне, ки тору пуди худро ба Ватан, шукуфоии он ва эҳтироми хоку оби он бахшида буд. Нолаи гӯшхароши модари ҷавони номурод дар гӯши ҳар нафари ҳузурдошта то умр боқист мемонад, ки мегуфт “Шаҳбачаам, шаҳбачаи беарусам, бенишонаам, сандуқӣ моли аруси нопӯшидаам, шаҳбачаи ҳамсояам, ҳамсояи ғамсоям...”.
Модари азиз, фарзанди Шумо бе ному нишон нест, чун Қаҳрамони миллати тоҷик дар саҳфаи таърих номаш ҷовидонист. Халқи тоҷик бо ин далерони Ватан бо гузашти имрӯзу рӯзҳо ва солҳои оянда ифтихор менамояд. Фарзанди Шумо ҷоннисоркунандаи ҳаёти хурраму осудаи мардуми тоҷик аст.
- Бале, дар муҳофизати Ватан, дар айни хуруши ҷавонӣ зиндагиро падруд гуфтан беҳ аз сад сол зери бенангиву беномусӣ ва гурехтан аз хизмати Ватан аст. Агар шоир мебудам, беҳтарин шеърҳоро ба Сабриддини ғурамарг ба сарсупурдаи хоки Ватан мебахшидам, агар қудрати ҳайкалтарошӣ медоштам, пайкари Сабриддинро чун рамзи мубориз ва муҳофизи Тоҷикистони азиз бо дидаҳои ашкбор метарошидам, агар наққош мебудам, болои авроқи заррин расми ӯро нақш мегузоштам. То ҳар бинандае аз ин шаҳиди роҳи Ватан ёд мекарду сано бар ӯ ва волидайнаш мехонд.
Бо сӯхтанҳо аз чехраи ин муҳофизи роҳи Ватан, аз қаъри дилу мағзи устухон ин нуқта бадар меояд. Ҷоят ҷаннату манзили охиратат обод бод, Сабриддини азиз!

Дареғ аз умри кӯтоҳат зи дунё ту ҷавон рафтӣ,
Накарда сер аз дунё ба марги ногаҳон рафтӣ.

Зарина ИДИЗОДА,
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт

Вернуться назад