Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РОҲ БА СӮИ КОХИ НУР

РОҲ БА СӮИ КОХИ НУР

21-09-2022, 10:19
Хабарро хонданд: 1277 нафар
Назарҳо: 0
РОҲ БА СӮИ КОХИ НУР
Офтоб бедареғ ба атрофу акноф нур мепошад. Мошини мо аз шаҳри Ваҳдат гузашта, аз миёни пуштаҳои ноҳияи Файзобод пеш меравад. Ману Сайфиддин Суннатӣ бояд ба Роғун равем, кори бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо чашмони худ бубинем, бо диловариву қаҳрамониҳои коргарони он шинос шавем, аз рӯзгорашон барои хонандагон қисса кунем.
Дар мошин танҳо нестем, мусофироне ҳамроҳамон ба Роғун мераванд. Минёнашон духтарчаи дӯстрӯяки ширинзабоне ҳам ҳаст, ки Шаҳло ном дорад. Вай бо ҳаяҷон ба кӯҳу пуштаҳо чашм медавонад ва ҳар дам манзараи дилпазиреро дида, бо эҳсос нидое сар медиҳад.
Сайфиддин бо мусофири ҳампаҳлуяш гарми суҳбат аст. Ман, ки дар курсии пеш нишастаам аз тамошои кӯҳдоманҳову қуллаҳои барфпӯш лаззат мебарам. Дар сари қуллае абре ҳалқа зада, нишастааст. Аз чӣ бошад, ки он абр ба назарам бефара метобад. Майли ҳаракат кардану боридан надорад. Беҳолона ба сӯи мо менигараду пинак меравад.
- Ворис! – садои Сайфиддин маро ба худ меорад. Баргашта, ба ӯ менигарам. – Ин кас Ваҳоб Насриддинов, - марди дар паҳлуяш нишастаро ба ман муаррифӣ мекунад ӯ, - дар Неругоҳи «Роғун» муҳандис шуда, кор мекунанд.
Мо бо ҳам шинос мешавем. Ваҳоб якбора аз ман мепурсад:
- Бори чандум аст, ки ба Роғун меравед?
- Бори аввал!
Ба ин посухи ман дигар мусофирон низ таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳис мекунам, ки аз шарм сурх мешавам. Шояд онҳо ба дилашон мегӯянд, ки бори аввал журналисти тоҷикеро мебинем, ки Роғунро надидааст. Онҳо ҳақ доранд, ки маро сарзаниш кунанд…
Дилам дар синаам беқаророна метапад, мехоҳам мошин бол барораду рӯи қуллаҳо парвоз кунад ва ҳарчӣ тезтар Роғунро бубинам. Роғуне, ки ба хиёлам мисли афсонаи «Ҳазору як шаб» қиссаҳои шуниданӣ дорад.
- Роғун шаҳри зебост, - бо табассум ба ман нигоҳ карда, мегӯяд Ваҳоб, - неругоҳи барқи обияш бошад, як дунёи дигар аст. Он ҷоро бо чашм бубинӣ ба вуҷуд доштани муъҷиза бовар мекунӣ.
- Дер боз он ҷо кор мекунед? – мепурсам аз ӯ.
- Аз соли 2008 ин ҷониб, дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият дорам. Пештар дар корхонаи ТАЛКО-и шаҳри Турсунзода кор мекардам. Худам ҳам зодаи Регар ҳастам.
- Шароити буду бошӣ коргарон дар неругоҳ чӣ гуна аст?
- Хуб аст. Хобгоҳҳо тамоми шароитро доранд.
Садои занги телефони мусофире риштаи суҳбати моро меканад. Ба манзараҳои атроф дида медӯзам. Ба Кабкрез мерасем. Рӯди Элок дар пеши чашмонамон пайдо мешавад. Рӯде, ки масту кафк бар лаб аз миёни санглох мисли море печидаву тоб хӯрда мехазад.
- Фикри Элокро хонда намешавад, - ба гап медарояд ронандаамон Саидалӣ.
- Магар рӯд ҳам фикр дорад? – мепурсад мусофире аз пушт.
- Дорад! – ба ҷид мегӯяд ронанда, - мо намедонем, ки вай кай ба шӯр меояду исён мекунад. Мебинӣ, ки ором аст, вале дар як лаҳза мисли одами асабӣ ба фарёд меояд, туғён менамояд, дар рӯи роҳаш чизе, ки бошад, рӯфта мебарад.
Ронандаи мо Саидалӣ воқеан ҷавони хушгапу бозаковат аст. Мошинро ҳам орому боэҳтиёт меронад.
- Аз пушти мусофиркашӣ ризқу рӯзиатро меёбӣ? – мепурсам аз ӯ.
- Не! – мегӯяд хандида, - ман ҳам мисли акаи Ваҳоб дар неругоҳ кор мекунам.
- Ту ҳам муҳандисӣ?
- Экскваторчиам, нақб меканам.
- Нақбканӣ кори осоне нест, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Ваҳоб, - аз кас матонату қаҳрамонӣ талаб мекунад.
Даври лабони Саидалӣ ғарқи табассум мешавад. Сайфиддин садо рӯшан менамояд:
- Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри касбе дар дилаш андохтанд.
- Роғунибачаҳои нақбкан зиёданд?
- Кам нестанд, вале ман аз Қумсангирам. Ҳамроҳи ҳамсарам ба кор омадам. Понздаҳ рӯз нақб меканаму понздаҳ рӯзи дигар дам мегирам.
- Барои гирифтани маоши баланд ба неругоҳ ба кор омадӣ?
- Дар неругоҳ аз тамоми гӯшаҳои кишварамон одамон заҳмат мекашанд, хориҷиҳо ҳам ҳастанд. Аммо гап танҳо дар сари маош нест, неругоҳ майдони қаҳрамонӣ ҳам ҳаст. Вақте ба он ҷо рафтед, бо чашми худ мебинед, ки инсон ба чӣ коре қодир аст.
Мо одамони одӣ ҳастем, софдилона кор мекунем. Вақте хиёлам ба оянда меравад, тамоми вуҷудам лабрези шодӣ мешавад.
Ҳис мекунам Саидалӣ аз он, ки дар неругоҳ кор мекунад, ба дил ифтихор дорад. Ин чизро аз оҳанги суханонаш низ пай бурдан осон аст.
- Бо хиёли ширин дар оянда чӣ мебинӣ? – мепурсам.
- Тасаввур мекунам, ки неругоҳ бо тамоми қудраташ ба кор медарояд. Вай шабҳои мардуми моро мисли офтоб равшан месозад. Он гоҳ фарзандону набераҳоям ифтихор мекунанд, ки падару бобояшон дар ин неругоҳ кор кардааст, барои чароғон гаштани Тоҷикистон ҳисса гузоштааст.
Вақте Саидалӣ ин гапро мегӯяд ҳис мекунам, ки дилаш лабрези фараҳ мешавад, хуни баданаш гарм ва ба рухсораҳояш сурхӣ медамад.
Файзобод диёри зебоманзар аст, аммо бо шамолу духтарони паричеҳрааш шуҳрат дорад. Байти зерини мардумӣ гувоҳи гуфтаҳои болост:

Файзобода шамолош,
Духтароша хуморош…

Ман ин воқеиятро дар Файзобод дидам. Шамоли шӯху якрав мевазид. Хотири дарахтонро парешон месохт. Мисоли бачаи қайсаре буд, ки аз озор ва бозӣ бо дигарон хушҳол мегашт.
Духтараке мисли кабки маст аз канори ҷода қадам мезад, шамол аз лаби доману сари кокулаш мекашид, он нозанинро дуздидан, бо худ бурдан мехост. Духтарак аз ин бесарии шамоли ошиқ намеранҷид, носазояш намегуфт, балки бо нозу карашма мерафт. Ба назарам аз ин густохӣ хушаш меомад ва бо шамол буданро дӯст медошт.
- Файзобод хоки бузургпарвар дорад, - мани масти тамошоро ба худ овард овози Сайфиддин, - апаи Нигина Рауфова ба ёдам омад, чунон либос мепӯшид, ки аз тамошояш сер намешудӣ. Либоси миллӣ ба ӯ мезебид. Овозаш бошад, ҷонҳоро маст мекард.
Ман як лаҳза тасаввур кардам, ки шамоли шӯхи Файзобод замоне бо Нигинаи наврас бозӣ мекард ва ӯ нахустин таронаҳояшро ба гӯши бодҳо месуруд ва онҳо овози хуши ӯро ба тамоми кӯҳистон паҳн менамуданд.
Дурахшон, Чашмасор, Элок, Мискинобод, Қалъаи дашт… исми деҳаҳои Файзобод. Рустоҳои пур аз сафедор. Вақте аз роҳ мегузариву ба деҳаҳо назар меафканӣ пеш аз ҳама қомати таманои сафедоронро мебинӣ, ки бо сари баланд аз ҳастии худ дарак медиҳанд.
Дар деҳае, ки ман низ ба дунё омадаам мавзеи сафедорон ҷой дорад ва замоне бо ишқу алоқа ин мисраҳоро суруда будам:

Ман аз шаҳри сапедорони Сурхакчашма меоям,
Ки он ҷо лонаҳои мурғакон
бо боду борон ошно ҳастанд.
Ки он ҷо қомати сабзи таманнои сапедорон,
Ба мисли бодбони абрҳои дар шино ҳастанд.

Сафедорон ба деҳаҳои Файзобод шукӯҳу шаҳомат мебахшанд. Гумон мекунӣ, ки шаҳракҳое дар доманаҳои кӯҳ бо қомати сапеди таманно қад афрохтаву ишвагарӣ мекунанд.
Сафедорон саропо чашманд. Онҳо ба дунё назари хоси худро доранд. Мо одамонро низ мебинанд ва гоҳе ба сӯямон шӯхиомез чашмак мезананд. Онҳо ҳамсуҳбатони хубе ҳам ҳастанд. Аз ишқу зебоӣ сухан мегӯянд.

ДУРДОНАЕ ДАР ДИЛИ КӯҲСОР
Ба дарвозаи Роғун расидем. Ҳис кардам, ки тапиши дилам бештар гашт. Ба атроф бо ҳавас назар афкандам. Чашмам ба навиштаҷоте дар паҳлуи роҳ афтид: Қалъаи нав.
- Ба ҳудуди Роғун расидем, - нарму ширин садои Саидалӣ ба гӯшам даромад.
- Ҳис мекунам, ки ҳаяҷони дили Ворис бештар шуд, - хандида, дасташро ба китфам гузошт Сайфиддин.
- Шумо валиед!
- Валӣ буданамро намедонам, вале ҳаяҷону бозии дилатро аз чашмонат хондам.
Сайфиддин ҳам ба манзараҳои атроф хира гашта, маҳви тамошо буд. Дили ӯ ҳам беқарорӣ мекард.
Мошин аз шоҳроҳ ба самти чап тоб хӯрд ва бардорузанкунон аз роҳи ноҳамвор оҳиста ба хазидан даромад. Дар дасти чап Обигарм намудор гашт. Болотар деҳае дар фарози кӯҳ дасти худро дар гардани қуллае ҳалқа карда, мисли духтарчаи ширинрӯе ба падари худ эркагӣ мекард.
- Кай ба шаҳри Роғун мерасем?! – беқаророна мепурсам аз ронанда.
- Хамгашти рӯ ба рӯро гузарем, шаҳр намудор мешавад, - мегӯяд ӯ.
Баъди гузаштани хамгашт аз баландӣ шаҳри Роғун дар пеши назари мо ба ҷилва меояд. Он дар фарози кӯҳе, ки шакли дилро дорад ҷойгир аст. Биноҳои баландошёнааш ба назар чун қомати нур мерасанд.
Дар фарози кӯҳи дилмонанд ҷой доштани шаҳр ба назарам розолуд менамояд. Ин чиз муҳаббати мани хиёлиро ба шаҳри Роғун бештар мекунад. Гумон мекунам, он шаҳри муқаддас аст.
- Бубинед! – мегӯям, - шаҳри Роғунро дар рӯи дили кӯҳсорон бино кардаанд.
- Роғун шаҳри дилшиносиву дилдориҳост! – ҳаяҷонашро пинҳон карда наметавонад Сайфиддин.
- Роғун воқеан ҳам дилшаҳри пурнур аст! – бо табассум мегӯяд ронанда.
Ибораи «дилшаҳри пурнур» аз забони Саидалӣ чунон ширин садо медиҳад, ки мо ба заковату мушоҳидакории ин экскваторчӣ тан медиҳем.
Чанд дақиқа пас дар шаҳри зебову озодаи Роғун аз мошин пиёда мешавем. Он фақат як хиёбон дорад ва дар ду тарафаш биноҳои истиқомативу маъмурӣ қомат кашидаанд. Офтоб бедареғ ба рӯи шаҳр нур мепошад ва симои онро муҷаллотар мегардонад. Насими фораме мевазад ва ҷону танро навозиш месозад. Мо нафаси амиқе мекашем ва ҳаловатеро дар вуҷуди хеш ҳис менамоем.
Чор тарафи шаҳрро қуллаҳои барфпӯш печондаанд ва манзараи тамошобоберо ба вуҷуд овардаанд. Ин қуллаҳои сокиту барфпӯш ва андешаманд, гӯё посбононе ҳастанд, ки сабуронаву ботамкин дар домани худ Роғунрову неругоҳи барқи обияшро аз чашми бад ҳифз мекунанд.
Духтараки резапайкари ширинрӯе дар баробарамон пайдо мешавад. Сайфиддин аз ӯ мақари биноеро мепурсад, ки барои ворид шудан ба неругоҳ бояд рухсатнома бигирем. Он кабки маст маҳали биноро бо даст ишора мекунад:
- Биное, ки меҷӯед, он ҷост!
- Ҳамаи духтарони Роғун мисли шумо парирухсоранд? – ҷуръат карда мепурсам аз ӯ.
Духтарак табассуми ширине мекунад ва бо лаҳни гӯшнавозаш мегӯяд:
- Ин ҷо шаҳри ҷавониву нур аст. Магар дар чунин ҷое мешавад калимаи безебро истифода бурд?! – ва худаш посух мегӯяд, - намешавад!
Вақте духтарак аз наздамон дур шуд, Сайфиддин сар ҷунбонду мутафаккирона ба гап даромад:
- Ин ҷо ҳама доноанду заковатманд. Экскваторчиаш ҳам моро қоил карду духтараш ҳам.
- Ин ҷоро дурдонашаҳри Роғун мегӯянд, бародар! – гуфтам ба ӯ, - ҳар сокинаш низ як дурдона аст.

САРЗАМИНИ НАҚБҲО
Дар ҳавлии бинои маъмурии неругоҳ моро сардори шуъбаи технологияи компютерии НБО Сафарбек Валиев пешвоз гирифт.
Баъд аз ҳолпурсӣ Сафарбек моро ба сӯи дарахти маҷнунбеде ҳидоят кард, ки дар зераш хараке гузошта буданд.
- То омода шудани рухсатномаҳоятон ҳамин ҷо мунтазир бошед, - гуфт ӯ, - мошину роҳбалад омода аст. Рухсатномаро, ки гирифтед, шуморо ба неругоҳ мебаранд.
- Ташаккур! – изҳори сипос кард Сайфиддин, - мо бовар надоштем, ки омадан замон корамон буд мешавад.
Сафарбек табассуми маънодоре карду чизе нагуфт.
Рухсатномаҳоро гирифтем. Лаҳзае пас, марди хушқомати кушодачеҳрае ба назди мо омад.
- Ин кас сардори коргоҳи барқии Мудирияти истифодабарии НБО «Роғун» Зиёев Мӯсо, - он мардро ба мо шиносонд Сафарбек, - роҳбалад ва мушкилосонкуни шумо!
Вақти даст дода, вохӯрӣ кардан Сайфиддин ба Мӯсо гуфт:
- Устод Мирзо Турсунзода дар ҳаққи шумо барин одамон гуфтаанд, ки мушкил осон кун касонро гум макун! – ин лутфи ӯ ба дӯстон писанд омад.
- Хуш омадед, мо ба хизмат тайёр! – Мӯсо болидарӯҳ ба назар мерасид.
Пеш аз ба мошин савор шудан, кулоҳи муҳофизатӣ ба сар гузоштем ва роҳии иншооте гаштем, ки аз наздик диданашро орзу мекардем. Роҳбалади мо марди хушчақчақ будааст. Вай зуд ҷилави суханро ба даст гирифта, дар бораи шуҷоат ва қаҳрамонии коргарони ин неругоҳи бузурги аср бо муҳаббат қисса мекард.
Роҳ печида ба поин ба самти рӯдхона мефуромад. Мошинҳои хурду бузург дар он ҳаракат мекарданд. Набзи НБО «Роғун» ба шиддат мезад. Мо ҳар қадар, ки поинтар мефаромадем, ҳамон қадар бештар садои ин набзро ҳис менамудем. Одамон саргарми кор буданд. Онҳое, ки қаҳрамони даврони моанд ва бо дастони тавонои хеш муъҷиза меофаранд.
Вақте ба рӯдхона расидем, азамат ва бузургии кӯҳҳои сангии атрофро ҳис намудем. Кӯҳҳои босалобат ва устувор ба назар чунон бошукӯҳ метофтанд, ки бинандаро ба ҳайрат меоварданд.
Фурсате нагузашт, ки даҳонае пайдо шуд ва мо вориди нақбе гаштем. Осмони обии болои сарамон нопадид шуд. Мо худро дар дунёи дигаре дидем.
Мегӯянд, ки санг ҳам дил дорад. Мо дар дили кӯҳи сангӣ ҳаракат мекардем. Дили кӯҳи сангие, ки шоҳрагҳояш аз нақбҳо иборат буданд. Дар он нақбҳо одамон достони зиндагиашонро дар варақи санг ҳакокӣ менамуданд.
Мошинҳои бузурги боркашу борбардор дар ҳаракат буданд, лаҳзае ором надоштанд. Дар дили кӯҳ зиндагӣ меҷӯшид. Одамони матиниродаву шуҷоъ рӯҳи шикастнопазир доштанд. Магар онҳое, ки синаи санги хораро шикофта, дунёи нақбҳоро ба вуҷуд овардаанд, дар баробари сахтиву устувории санг сар хам накардаанд, шикастпазиранд?! Ҳаргиз!
Дунёи нақбҳо дунёи муъҷизаҳо буд. Ман дар он ҷо рӯҳи бузургу тавонои миллати тоҷикро дидам. Дар баробари азамат, тавоноӣ, шикастнопазирӣ ва абадияти миллати хеш сари таъзим фуруд овардам.
Осмони сарзамини нақбҳо пур аз ситора буд, одамситораҳо! Ҳар коргар тимсоли ахтаре буд, ки медурахшид, ҳарорат мебахшид, он ҷаҳони пур аз шигифтиро мунаввару рангин мекард.
Оре, ман дар он дунёи пинҳон аз назарҳо одамситораҳоро дидам. Онҳо бо забони ширини тоҷикӣ ҳарф мезаданд, механдиданд, кор мекарданд. Одамситораҳои нурофарин дар дили кӯҳе дар Роғун.
Чунин ба назар мерасид, ки сарзамини нақбҳо поёне надорад.
- Дарозии нақбҳо чӣ қадар аст? – мепурсад Сайфиддин аз Мӯсо.
- Бештар аз ҳафтодучор киллометр.
- Хиёлам ҳазор сол дар сарзамини нақбҳо зиндагӣ намудам, - мегӯям ба Мӯсо, - осмони обиро ёд кардам.
Вай сухани маро шунида, баланд механдад.
- Сарзамини нақбҳо диёри мардони шуҷоъ аст. Ин ҷо бояд сабр кунӣ. Дар дили санг кор кардан осон нест.
Лаҳзае баъд мошини мо ба зери осмони обӣ мебарояд ва худро дар иҳотаи кӯҳҳое дар меёбем, ки мутафаккирона кори созандагони НБО «Роғун»-ро тамошо доранд.

«ПОК САРЗАМИН ШОД БОД!»
Аз мошин дар назди биное пиёда мешавем, ки чанд нафар дар саҳни ҳавлии он машғули коранд.
- Ин бинои маҷмуи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ, - мегӯяд Мӯсо.
Онҳое, ки дар назди бино машғули кор буданд ба истиқболи мо аз ҷояшон мехезанд. Мо мисли ин, ки солҳо боз ҳамдигарро мешиносем, гарму ҷӯшон салому пурсупос мекунем. Ин ҳис ба ман даст медиҳад, ки коргарони неругоҳ дили пурҳарорат ва самимияте доранд, ки касро ба худ ҷазб месозанд.
- Ин кас Ғуломалӣ Турсунов, - муаррифӣ мекунад ба мо марди миёнақади ҷиддинамоеро Мӯсо, - коргари собиқадору чашмикордон, дар вазифаи муовини директори истеҳсолиамон кор мекунанд.
- Дар ин ҷо коргари тасодуфие нест, - даст дароз мекунад ба сӯи мо Ғуломалӣ Турсунов, - ҳамаи бачаҳо нозукии кори худашонро хуб медонанд.
Ҳамин тавр, бо Холбеки муҳандис ва Иззати усто шинос мешавем. Суҳбат бо онҳо ширину гуворост. Ҳар кадоме дар бораи кори худ бо ҳарорат гап мезанад. Воқеан аҷиб аст, ки бо ҳар касе во мехӯрем бо ифтихор дар бораи неругоҳ ҳарф мезанад. Аз нангу номус ва ояндаи дурахшоне мегӯяд, ки тавассути ин иншооти азим насиби мардуми Тоҷикистон мегардад.
Ба дохили бино медароем. Коргарон ба насб кардани таҷҳизоти элегазӣ машғуланд. Ҳар кадоме овораи кори худ аст.
- Инҳо таҷҳизоти навтарини элегазӣ ҳастанд, ки мутахассисон ҷо ба ҷо мекунанд, - шарҳ медиҳад Мӯсо, - кори насбкуниро аз 9 феврал оғоз кардем, бояд давоми ҳашт моҳ онро ба сомон расонем. Дар ин бино ба ғайр аз коргарони таҳҷоӣ покистониҳо, белорусҳову олмониҳо машғули коранд.
Мо ба тамошои таҷҳизот мепардозем. Ногаҳон чашмам ба Сайфиддин меафтад, ки бо марди куҳансоле гарми суҳбат аст. Он мард риши дарози сафед ва чеҳраи зебои нуронӣ дорад. Вақте ба онҳо наздик мешавам, мебинам, ки Сайфиддин бо забони урду бе мушкилӣ ҳарф мезанад.
- Ин кас бобои Носири покистонӣ, - мегӯяд ӯ, - ман дар бораи кор ва шароити будубошашон пурсон ҳастам.
- Бобои Носир чӣ мегӯяд?
- Аз кор ва шароите, ки барояш муҳайё кардаанд розист.
Лаҳзае пас боз шоҳид мешавам, ки Сайфиддин бо Шафқат ном коргари дигари покистонӣ суҳбат дораду ҳар лаҳза садои хандаашон ба гӯш мерасад.
- Забони урдуро кай ва чӣ тавр омӯхтӣ? - бо тааҷҷуб мепурсам.
Сайфиддин бо завқ механдад.
- Урдуҳо аз вожаҳои тоҷикӣ фаровон истифода мебаранд, - мегӯяд ӯ, - масалан, ҳангоми парвоз мегӯянд: «Ҳавопаймо ме тамбокукашӣ манъ ҳе» (дар ҳавопаймо тамокукашӣ манъ аст). Магар дар ин ҷумла ягон калимаи номафҳум ҳаст?! Нест!
Покистониҳо Суруди миллиашонро «Қавмӣ тарона» мегӯянд. Ба ин мисраҳои он таваҷҷуҳ кунед:
Пок сарзамин шод бод!
Кишвари ҳасин шод бод!
Ту нишони азми олишон,
Арзи Покистон
Маркази яқин шод бод!
Ба ҷуз ин, урдуҳо мо - тоҷиконро дӯст медоранд, ба мо бо ишқу ихлос менигаранд. Агар ба таърих нигарем, гузаштагони мо ба Покистон сафар кардаанд, бисёрашон он ҷо сокин шудаанд ва дар рушди фарҳангу илми он кишвар ҳиссаи бузурге гузоштаанд. Ман ин ҳақиқат ва муҳаббати онҳоро дар чанд сафаре, ки ба Покистон доштам, ҳис намудам. Бобои Носиру Шафқат низ ба ман ҳам аз муҳимияти корашон нақл карданду ҳам аз ишқу алоқаашон ба Тоҷикистон.
Сайфиддин бо ҳарорат гап мезад ва ману Мӯсо ба ҳарфҳояш гӯш медодем. Ба назарам ӯ ҳар лаҳза бузургтару донотар менамуд.
Неругоҳи барқии обии Роғунро метавон аз болои кӯҳҳо ва пуштаву теппаҳои баланд тамошо кард, аммо вақте ба худи неругоҳ меоӣ, ҳис мекунӣ, ки тағйироте дар вуҷудат ба амал меояд, рӯҳат қавитар мегардад. Он ҷо ҳар санг, ҳар таҷҳизот, ҳар мошин, ҳар инсон… достони қаҳрамонии худро дорад.

ҶОЗИБАИ РОҒУН
Мӯсо аз масъулиятшиносӣ, кордонии коргарон сухан дар миён меорад. Вай таъкид мекунад, ки дар насбу фаъол кардани таҷҳизоти пешрафта мутахассиси варзида лозим аст. Ин кори содаву осон нест. Бинобар ин, дар кори ҷобаҷокуниву насби таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ беҳтаринҳо ба кор даъват мешаванд.
- Ана, он ҷавонмарди машғули кор Иззатулло ном дорад, - мегӯяд Мӯсо ба самти нафаре ишора карда, - мо ӯро аз Неругоҳи барқи обии «Норак» даъват карда, овардем. Тахассуси баланд дорад, ба қавле панҷ панҷааш ҳунар аст.
Мо ба назди Иззатулло меравем. Вай бо лабони пуртабассум ва чеҳраи кушод ба мо дасти салом дароз мекунад. Ман ӯро мешиносам. Вай ҳамонест, ки дар саҳни ҳавлии бино дида будем. Мехоҳам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам, вале ин кор ба назарам ношуданист, чунки баъди салому ҳолпурсӣ Иззатулло боз саргарми кор мешавад. Кай ӯ дам мегирад, намедонам. Аммо фурсате нагузашта, мушкили ман ҳал мешавад, бо Иззатуллои аз кор фориғгашта суҳбат меороям.
- Ман зодаи шаҳри Норакам, - мегӯяд ӯ, - падарам дар неругоҳи он ҷо кор мекарданд, аз вақте ки худамро шинохтам, дунё ба назарам аз зодгоҳи ману неругоҳи он иборат буд. Аз ҳамон овони мактабхонӣ мехостам коргари барқ шавам. Рӯзе ин орзуи худро ба волидонам гуфтам.
- Коргари барқ не, муаллим шавӣ, беҳтар, - маслиҳат доданд модарам.
- Ҳаваси бачаро накуш, бигзор коргари барқ шавад, - ба модарам эътироз карданд падарам, - Норак чун шаҳри нурофарин машҳур аст, агар дар ин кор писари мо ҳам саҳм гирад, боиси ифтихори ману ту мешавад.
Ҳамсояҳои мо дар Неругоҳи «Норак» кор мекарданд. Онҳо вақте дар бораи кори худ гап мезаданд, ман бо диққат гӯш мекардам, замоне ҳам ки ба кор мерафтанд, бо ҳавас ба сӯяшон менигаристам. Мехостам ҳарчӣ зудтар калон шаваму хонда, дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор дароям. Оқибат ин орзуям амалӣ гашт. Рӯзе расид, ки ба ҳайси челонгар дар Неругоҳи Норак кор кунам.
Шояд кори хуб кардам, ки маро барои омӯзишу таҷрибаи кориямро такмил додан ба Фаронса ба заводи таҷҳизоти пӯшидаи элегазӣ фиристоданд.
Ҳамеша орзу мекардам, ки дар НБО «Роғун» кор кунам, ҳунару истеъдоди худро дар ин ҷо нишон диҳам. Мехостам нақши дастони худро дар ин иншооти бузург гузорам. Ҳатто баъзан Роғунро дар хоб медидам. Ҷозибаи ин иншооти азим маро ба сӯи худ мекашид. Ҳис мекардам, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор кардан шараф аст.
Рӯзе расид, ки роҳбарияти НБО «Норак» маро ба назди худ даъват карда, гуфт, ки маро ба таври гузариш ба НБО «Роғун» ба кор мефиристанд. Ҳунару истеъдоди ман он ҷо зарур аст.
Ман ин хабарро шунида, шод шудам ва чӣ тавре, ки мебинед дар Маҷмуи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ қатори дигарон меҳнат мекунам. Албатта он таҷрибае, ки дар кишвари Фаронса андӯхта будам, имрӯз ба ман ёрӣ мерасонад.
Иззатулло Нарзуллоев ҳарчанд бо фурӯтанӣ дар бораи кори худ суҳбат мекард, аммо аз оҳанги суханонаш фаҳмидан душвор набуд, ки барояш дар ин ҷо кор кардан ифтихори бузург аст.
Вақте бо ӯ хушбошӣ мекардам аз паҳлуямон бобои Носири покистонӣ гузашт ва бо табассум ба сӯи мо нигариста, бо забони тоҷикӣ гуфт: «Меҳнат шараф аст!».
Бобои Носир бо баёни ин мақол на танҳо забондониашро ба мо мефаҳмонд, балки гуфтан мехост, ки меҳнати ҳалол ба кас обрӯю эҳтиром мебахшад, хоса ба онҳое, ки дар чунин иншооти бузург бо амри дилу виҷдон кор мекунанд.
Вақте мо савори мошин шудему он моро аз дохили неругоҳ ба сӯи шаҳри Роғун меовард, ин андеша барқвор аз сарам гузашт, ки дар ин ҷо инсонҳое давронсозӣ мекунанд, шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медиҳанд, ки метавон аз ҳар рӯзи корнамоиҳои онон ҳикоя, повесту романҳо навишт.

ДУНЁИ РОҒУН ПУР АЗ ҶАВОНИСТ
Дар Роғун Сайфуллоев Раҷабалӣ моро пешвоз гирифт. Аз суҳбат маълум шуд, ки вай ҷавонмарди донишманд, ҷиддӣ ва серғайрат аст.
Мо тасмим гирифта будем, ки бо раиси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вохӯрда, дар бораи бунёдкориҳову ободонии шаҳр суҳбат намоем.
- Раисро фақат дар маҳалҳо дар сари кор ёфтан мункин аст, - тавзеҳ дод ба мо Раҷабалӣ, - агар сабр кунед, бегоҳ бо масъулони мақомот ҷаласа доранд, баъди маҷлис метавонед бо он кас дидор бинед.
Мо розӣ шудем ва бегоҳӣ дубора ба суроғи раис омадем. Вақте дар ҳавлии мақомот бо вай вохӯрдем, осори хастагӣ аз чашмонаш маълум буд, вале ба куҷое шитоб дошт.
- Бубахшед, - гуфт ӯ, - ман имкони бо шумо суҳбат кардан надорам. Ба назди раиси дастгоҳ равед, вай ба тамоми саволҳои шумо посух медиҳад.
Раис майли суҳбат кардан надошт. Вай ё хаста буд ва ё паи коре шитоб дошт. Мо ҳам пофишорӣ накардем. Чун сафари мо ба хотири дар рӯзнома инъикос кардани фаъолияти НБО «Роғун» буд, аммо кунҷкобии касбиамон ба мо иҷозат намедод, ки шаҳри Роғунро нодида гирем.
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бештар ҷавонон кор мекунанд. Мо ин чизро ҳини вохӯрӣ бо кормандони мақомот зуд пай бурдем. Сайфиддин Суннатӣ ҳам ба ин нукта ишора карда гуфт:
- Дунёи Роғун пур аз ҷавонист. Дар ҳукумат ҳам ҷавонон кор мекунанду дар неругоҳ ҳам.
Раҷабалӣ ин гапро шунида, ширин табассуме карду ба Сайфиддин рӯ овард:
- Шаҳри мо дар ҳақиқат шаҳри ҷавонон аст, вале мо ҳикмати «Бе пир марав, ки дар бимонӣ»-ро шиори кори худ намудаем.
Суҳбати мо дар ҳуҷраи кории Раҷабалӣ воқеан ҳам гарм буд. Як вақт ҷавони гандумгуни кушодачеҳрае вориди ҳуҷра шуд.
- Ин кас Ҳасанов Акобир мудири бахши ҳифзи муҳити зист, - шинос кард ӯро ба мо Раҷабалӣ.
Акобир ҷавони хушгап будааст. Вай зуд бо мо унс гирифту дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, олами набототу парандагони Роғун маълумот дод.
- Мавзеъҳои Хазинаи Акаҷонбой, Кӯҳи Яхдон, Марғзор, Гули сурх, дараи Хоҷхарф, зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, - гуфт ӯ, - барои сайру саёҳат хеле мувофиқанд. Бинанда аз тамошои манзараҳо ҷолиби он мавзеъҳо сер намешавад.
- Чаро Кӯҳи Яхдон мегӯянд? – пурсид Сайфиддин.
- Он кӯҳ ба монанди нақб аст, зимистон гарм мешавад ва ба паноҳгоҳи кабку кабӯтарон мубаддал мегардад. Парандагон аз сармо ба он ҷо панаҳ мебаранд. Дар тобистон бошад, бениҳоят сард мешавад. Ҳатто обе, ки аз сақфи он қатра-қатра мечакад, ба замин расидан замон ях мекунад ва шаклҳои аҷибу ғариберо ба вуҷуд меорад.
- Шумо аз «Хазинаи Акаҷонбой» ёдовар шудед, - ба Акобир рӯ овардам, - он ҷо магар хазинае будааст?
- Хазинаи Акаҷонбой дар болои кӯҳи Оқтош ҷой дорад. Дар охири асри нуздаҳ аз он ҷо Акаҷонбой ном шахсе хазинае пайдо мекунад. Тарҳи он хазина то ҳол маҳфуз аст. Охири солҳи сиюми асри гузашта бошад, боқимондаи хазинаро аскарони сурх бо супориши НКВД пайдо намуда, ба Маскав мебаранд.
Ман ба суханони Акобир гӯш дода, меандешам, ки воқеан ҳар гӯшаи хоки Тоҷикистон зархез асту манзарҳои нотакрор дорад ва таърихи пур аз моҷароро аз сар гузаронидааст. Аммо дар гӯшаи хиёли гузаштагони мо намеомад, ки замоне дар Роғун, дар фарози кӯҳи диловезе шаҳре ба ин озодагиву зебоӣ бунёд мешавад. Пеши рӯди сармасти Сурхобро мебанданду тавассути оби ҷонбахшои он неруи барқ ҳосил менамоянд ва дунёеро мунаввар месозанд.
Зиндагӣ дар шаҳр ва Неругоҳи Роғун ҷӯш мезанад. Дар он ҷо зебоӣ ва қудрат, диловарӣ ва шуҷоат бо ҳам даст ба даст дода, давронсозӣ мекунанд. Одамон рӯзгори пурифтихоре доранд. Роғун рӯз ба рӯз дигаргун мегардад, сарсабзу шукуфо мешавад.
ВОРИС
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: