Мусофиркаш нолишкунон кўтали Сарпанҷаро баромад. Қисми зиёди мусофирон аз ҳаракати сусти он дилгир шуда пинак мерафтанд. Бар машом бўи бензин ва резини нимсўхта мерасид.
Ҷавонмарди чорпаҳлўи сабзина, ки андаке риши расида ва чашмони хаёломез дошт ба сурати дар дасташ буда нигарист ва ба олами андеша рафт. «Аҷабо чаро Марҳабо расмашро ба ман тақдим кард?
Аслан, тўҳфаи духтар ба мард бо мақсаде ҳаст, яъне рамзе дорад, аммо ман,охир…эҳ, намефаҳмам…
Пас, ин чӣ ҷуръат буд? Дўстӣ, бародарӣ, ё муҳаббат. Агар дўстӣ бошад, байни зану мард пойдор намемонад, агар аҳди бародарӣ бошад тўҳфа намудани расм ба марди бегона ин маъниро гум мекунад. Ё муҳаббат аст? Не, муҳаббат шуда ҳам наметавонад. Тафоввути синну соли ин маъниро аз худ дур месозад. Пас ин чӣ маънӣ дорад?».
Ҷавонмард хеле фикр кард, вале ба суоли хеш посух наёфт.
Ҳафтаи гузашта ин расмро ба ў тўҳфа карда буданд. Ҳамон рўз Марҳабо ба утоқи кориаш даромад. Чашмонаш медурахшиданд ва гўё аз онҳо шарора мерехт.
- Муаллим шумо ҳамеша васфи чашмони маро мекунед, лозим донистам, ки расмро ба шумо тақдим кунам. Хар гоҳе, ки ёди чашмони ман кардед, ба ҳамин сурат нигаред- гўён, духтар табассуми маҳине карда аз назди ў дур шуд.
Ҷавонмард ҳайрон монд. Ин духтари хушқомати гандумгун, ки мўйҳои сиёҳу чашмони ангурӣ дошт, кайҳо боз диққати Расулро ба худ ҷалб карда буд. Ҳангоми бо духтар рў ба рў омаданаш шўхиомез мегуфт:
- Ҳа, ангурчашмак куҷо шитоб дорӣ?
Ангурчашмак гуфтани ҷавонмард ба Марҳабо маъқул буд, аз ин рў завқ бурда механдид.
Расул ва Марҳабо дар шўъбаи тадқиқоти китобҳо дар пажухишгоҳи илмӣ кор мекарданд. Расул мудирии шўъбаро бар ўҳда дошт.
…Мусофиркаш кўталро баромада ба роҳи ҳамвор расид. Акнун садояш паст ва суръаташ баланд гардида буд. Мусофирони то ин дам пинак рафта, сабукиро эҳсос карда, ба худ омаданд. Расул ҳамоно ба расми Марҳабо менигарист. Табассум дар лабони духтар ҳувайдо буд. Ба назари ҷавонмард чунин расид, ки духтар пешонааро сўяш чин кард. Гўё мегуфт:
- Чӣ ин қадар нигоҳ дорӣ? Шояд пазмони чашмони ангуриям шуда бошӣ?
Расул хандид. Ў бори аввал эҳсос кард, ки ин духтари навхат метавонад ўро ту гўяд.
Ба умқи чашмони Марҳабо нигарист. Онҳо карахту беҳаракат буданд, аммо нуре доштанд ва аз он нур гармӣ меомад. Ин гарми қалби Расулро то рафт ба сўи худ мекашид.
- Уф, хаста шудам – оҳи сард кашид ҷавонмард. Пиразани руси дар паҳлўяш нишаста, синчакорона ба сурат нигарист ва бо нигоҳи аёрона пурсид.
- Дочка?
- Нет – кўтоҳ чавоб дод Расул.
- Красивая девочка – пиразан табассум кард.
- Наверна любовница?
- Любовница?-Расул хандид- Нет, вместе работаем, вернее она моя ученица – чавоб дод Расул ва илова кард. – А, разве она похоже на любовницу?
- А, кто знает, - пиразан хандид.
… Мусофиркаш дар назди истгоҳи рохи оҳан истод. Расул бо пиразан хайрухуш намуда рох сўи хонааш пеш гирифт.
Дар хона ўро касе интизор набуд. Ахли хонавода ба деҳа рафта буданд. Ҷавонмард худро пуштноки болои диван ҳаво дод. «Хайр, андаке дам мегирам, баъдтар қаҳва менўшам» - андешид ў.
Ақрабаки соат шашро нишон медод. Расул лаҳзае дароз кашид ва баъдтар ба ёдаш расид, ки аз субҳ чизе нахўрдааст. Хеста аз яхдон шишаи шароб бароварда болои миз гузошт. Ду дона бодиринги шўр ва пораи нон овард. Ба пиёла шароб рехта нўшид ва боз нўшид…
Шиша нисф шуд, ба чехрааш гармӣ дамид. Акнун то рафт ниҳодашро эхсоси мастӣ фаро мегирифт.
Лаҳзае бадин минвол гузашт…Дилаш сахт мезад.Садои Марҳаборо шунидан мехост ва телефони дастиашро баровард ва тугмачаҳои рақамхои шиносашро пахш намуд,аммо чуръати гап задан накард,балки каҳромез телефонро ба гӯшае ҳаво дод…
Ба хотираш расми Марҳабо расид. Даст бар ҷайб бурда суратро баровард ва аз ҷояш хеста калавида-калавида ба назди мизи кориаш омад. Суратро болои миз гузошта нишаст ва ба ў нигарист.
- Ассалому алейкум, ангурчашмаки ман. - Мастона овоз баровард Расул,- аммо чавобе нашунид.
- Ҳа, аз кай боз саломи маро алейк намегирифтагӣ шудӣ? – мастона хандид. - Чӣ ин қадар нигоҳ мекуни, а, ангурчашмак, балки ба ҳоли ман механдӣ? Хайр, майлаш хандидан гир, ханда умри одамро дароз мекунад.
Расул боз ҷавобе нашунид. Ҷавонмард расмро гирифта ба худ наздик овард. Бо дасти чапаш болои суратро пўшида, дар ин ҳолат лаҳзае монд, сипас гўё ба худ омад:
-Марҳабо ,чӣ кадар номи зебо дорӣ,гӯш кун, ки ба ту ин номро гузоштааст? Рахҳмат ба хамон номгузор…Номат ба худат муносиб,дар хақиқат зебоӣ, балки амири қалби манӣ…
Чавонмард сигор даргиронд.Саҳни хонаро дуди тамоку пахш кард.Хамёзакашон ба назди тиреза омад ва роғи онро кушод. Боди фораме аз берун ба рӯяш зад ва мӯйҳояшро парешон кард. Ҳарисона дуди тамокуро фуру бурд ва лаҳзае пас сигорро ба берун ҳаво дод ва ба ҷои аввалааш омад. Боз суратро ба даст гирифт:
---Гуш кун Марҳабои ман…,маро мешунавӣ, ту дунёи ман,зиндагӣ ва тамоми буду набуди манӣ…Танҳо ба хотири ту нафас мекашам, ҷаҳонро мебинам, ай шоҳдухтари дунёи розам-садои ҷавонмард андаке ларзид ва баъдан зери лаб сурудеро зам-зама кардан гирифт:
«Агар ишқ ҳамин аст,
Агар зиндагӣ ин аст,
Намехом чашмом дунёро бубинанд…»
Расул девонавор хандид.Акнун чашмони ӯ махмур ва нигоҳаш бенур гашта буд.Аз ғояти мастӣ сараш меларзид.
- Ангурчашмак ин қадар солхо куҷо будӣ? Ха… хеле туро кофтам ва имрўз пайдот кардам, аммо афсӯс, ки дер пайдот кардам…, дер карди ҷўра – Расул расмро бӯсид ва мастона қох-қох занон боз хандид ва сипас расмро ба замин ҳаво дода, аз ҷояш хест ва ба назди бистари хобаш омада, худро болои он партофт. Лаҳзае пас хобаш бурд.
Саҳни хонаро хомўшиӣ фаро гирифт. Танҳо тақ-таҷи соати деворӣ гоҳе шунавою гоҳе ношунаво ба гўш мерасид. Ақрабаки он даҳро нишон медод.
Расул ҳамоно беҳаракат мехобид. Ҳатто садои нафаскашиашро кас пайхас намешуд.
Ҳамон шаб Марҳаборо хоб дид. Хоб дид, ки дар биёбони гарму тафсон аст. Аз шиддати гармо ҳалқаш хушк шуда, нафаскашиаш танг мешавад. Қуми тафсон пойҳои бараҳнаашро месўзонд. Расул давидан мехост, аммо қувваи номаълуме ўро қафо мекашид. Тамоми қудрату тавоноиашро чамъ карда ба пеш давид. Якбора дар вуҷудаш сабукиро эҳсос кард ва ин сабуки ўро ба хаво бардошт. Расул парвоз мекард ва чуноне тез мепарид, ки дар як мижа задан фарсахҳо тай мешуданд, зери пояш кўҳу пуштаҳо ва дашту домон намудор буданд. Чанде парвоз карда дар марғзоре фуруд омад. Марғзор пур аз себаргаву лолахасакҳо буд ва аз байни он дарёчае мегузашт, ки оби шафофу беғубор дошт. Ба назди дарёча расид ва дар соҳили он Марҳаборо дид.
Салом Расул, биё оббозӣ мекунем.-гуфт Марҳабо
Чавон хайратзада шуд.
- Чаро хомўш мондӣ ,Расул? Биё, оббозӣ мекунем.
- Расул?... Чӣ хел, охир … ман…
Духтар қоҳ-қоҳ занон хандид.
- Чӣ шарм медорӣ? Шарм накун, либосатро каш бо об даро.
-Ба об? Медонӣ азизам, ман,ман…оббозӣ карда наметавонам-канда-канда гуфт Расул.
-Оббозӣ карда наметавонӣ, ин хеле осон…Муаллим, ту маро азизам гуфтӣ, чӣ хел нагз…
-Охир ту азиз ҳастӣ,аз ту азизтар бароям касе нест…
-Рост?-духтар ишва кард, муаллим модарам ҳам маро азизам мегӯяд, ин ба ман маъкул.
-Боз чи ба ту маъкул?-Расул хандид.
-Шириниро дӯст медорам.Ҳангоми хурдсол буданам модарам ҳамеша барои ман ширинӣ меовард,шояд сабабаш ҳамин бошад…
-Маро чӣ ?-ба чеҳраи Расул сурхӣ дамид.
- Туро ҳам…-духтар паст хандид.
Марҳабо дар тан куртаи ҳарир дошт. Аз зери он бадани симинаш ба назари Расул намудор буд. Аз дидани он дили ҷавонмард тез-тез ба тапидан даромад. Духтар дохили об шуда хандакунон ба Расул муроҷиат кард:
- Ана бин, ман чи хел оббозӣ мекунам. Ох, чӣ хел нағз, чӣ хел форам, биё, биё, Расул.
Ҷавонмард ба об даромад ва ба қаъри дарёча ғутта зад. Аҷабо, зери об сабук-сабук нафас мекашид. Сангчахои рангорангро гирифта тамошо мекард. Марҳабо шинокунон ба наздаш омад, Расул сангчаҳоро ба ў дароз кард. Сангчаҳо хеле зебо ба назар мерасиданд.Ҳарду дар зери оби нуқрафом хеле шино карданд.
Баъдтар, аз об баромада лаҳзае болои себаргаҳо дароз кашиданд.
-Расул об ба ту маъқул шуд?-пурсид Марҳабо
- Бале, форам буд.
- Ба ман ҳам.
Чашми Расул ба пеши бари дамидаи духтар афтод ва бешармона ба онхо нигарист. Марҳабо рўяшро ба тарафи ў гардонида ҷонибаш даст дароз кард. Ҷавонмард дасташро сахт фушурда духтарро ба тарафи худ кашид. Бадани нарму гарме тарафаш майл кард. Аз ин бадани намнок бўи себаргаи бо об омезиш ёфта бар машомаш расид.
Даст ба пеши бари барҷастаи духтар бурд. Ӯ нолиши маҳине карда, худро ба оғўши ҷавонмард ҳаво дод. Ҳар ду тез-тез нафас мекашиданд. Расул бешармона сару рўй, лабу даҳон ва бадани духтарро мебўсид.
Ду ҷисм ба ҳам мепечид ва гўё хар ду дар алангаи оташ месўхтанд, аммо ҳеч хокистар намешуданд. Ачаб, сўзиши ҳаловатбахше дошт он оташ…
Расул вақте аз хоб бедор шуд, тамоми баданаш аз арақ саршор буд.
- Ин чӣ бешармӣ, ин чӣ ночавонмардӣ?- худ ба худ пичиррос зад ва баъдан гўё нав эҳсос кард, ки ҳамаи ин дар хобаш буд ,табассум намуд. Лаҳзаҳое сипарӣ шуданд ва ӯ ҳамоно дар андешаи Марҳабо буд. Занги телефон ӯро аз пайраҳаи хаёлаш берун кашид.
--Бале, гӯш мекунам-Расул мунтазири садо шуд.
--Салом муаллим,ин ман ангурчашмак…Шуморо хоб дидам.
-- Маро?!-ҷавонмард якбора ларзид-Аҷабо ,чӣ тасодуфе…
Аз телефон садои хандаи Марҳабо ба гӯшаш расид.
Расул ҳам хандид…
Тағоймурод Орифи