Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон тамаддуни диданашудаи зеризаминӣ бунёд мегардад

Дар Тоҷикистон тамаддуни диданашудаи зеризаминӣ бунёд мегардад

23-08-2021, 08:54
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон тамаддуни диданашудаи зеризаминӣ бунёд мегардад
Замони танаффуси фоҷиавӣ кишвари зебо ба қисмҳо тақсим мешуд, ба фано мерафт. Ҷангҳо аланга мезаданд, мардумони аз аз ин бадбахтӣ ақлбохта ба ҳам дармеафтоданд, корхонаҳо, ташхисгоҳҳои илмӣ нобуд мешуданд, таҷрибаи қимати бародарии умумихалқӣ аз даст мерафт…Имрўз, баъд аз ин танаффуси фоҷиавӣ Тоҷикистон сохтмони нави бузург, НОБ-и Роғунро ба анҷом мерасонад. Он аз НОБ-и Норак муқтадиртару боҳашамматтар аст. Банди он қуллаҳои кўҳҳои атрофро ба ҳам хоҳад пайваст, Вахшро манъ ва маҷрои энергияи онро ба қалби кўҳ равон хоҳад кард-он ҷое, ки таркишҳо садо медиҳанд, қатори нотамоми мошинҳои боркаш равон ҳастанд, мошинҳо қалби кўҳро мешикофанд, дар толори мошинӣ аллакай асбобҳои олиҷаноб насб мегарданд, ноқилҳо пайваст мешаванд, шишаҳои ҳазорҳо асбоби қиматбаҳо медурахшанд. Кўҳ пур аз садои ғулғула, «ҷўйбор»-ҳои кафшер, лаппиши вибраторҳои бетонӣ ва симоҳои таги кулоҳ (каска)-ҳои сафед аст. Бо ин нақбҳо ҳаракат карда, мақсад ва шаҳомати ин нерўгоҳро дарк хоҳӣ кард. Кўшиш мекунӣ бифаҳмӣ, ки ин нақбҳои сершумор куҷо хоҳанд бурд, тавассути кадомҳояш об ҷорӣ хоҳад шуд, ба кадомашон ноқилҳо мехобанд, бо воситаи кадомашон ба нерўгоҳ агрегатҳои нав ба нав хоҳанд омад.
Дар ин ҷо тамаддуни то ҳол диданашудаи зеризаминӣ бунёд мегардад. Устураи афсонавӣ зинда мегардад, ҳамоне ки ифшо мекунад, ки дар маркази Замин бузургҷуссаҳое ба сар мебаранд, ки ҷинси мурдаи Заминро рўҳ мебахшанд. Неругоҳ «мева»-и нияти бузург аст. Он қувваи бузурги ҳаётбахши сайёравиро дорост. Табиати об: тармаҳои кўҳии обшаванда, боронҳои сахт, обҳои зеризаминӣ…Об гоҳе хушк, гоҳе аз кўҳҳо маҷрои сел мешавад. Кўҳҳо гоҳ зинашакл боло қад афрохтаанд, гоҳ бо ҷариҳои чуқур тамом мешаванд, аз ларзиши сейсмикӣ такон мехўранд, онҳо омехтаи маъданҳои мазбут бо ҷамъи реги ларзон ва қабати намак ҳастанд. Ин табиат тавассути шуур дигаргун шудааст, шууре, ки баҳр ва кўҳҳои сунъиро тавлид сохтааст, ба қалби онҳо асбоби қиматро ворид кардааст, ин табиати бикрро ба мавҷи бузурги нерў табдил додааст…
НОБ-и Роғун бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргар шабу рўз меҳнат доранд, ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд. Ин неругоҳ-на танҳо зебоии табиати дигаргуншуда, на танҳо рамзи техносфераи офарандашаванда аст. Ин неругоҳ рамзи ғалаба ба қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кўршуда аст.
Ин ҷо, наздики Роғун ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба комаш кашид. Ин ҷо, дар атрофи Роғун, дар деҳот исломиҳо ошўби худро бардоштанд. Дар ин ҷо бародаркушӣ оғоз гардид, аввалин хун рехта шуд. Дар ин ҷо тўпҳо садо доданд, танкҳо ҳаракат карданд. Аз ин ҷо исломиҳо юриши худро ба Душанбе оғоз намуданд, шаҳрҳо ва боғотро сўзониданд, сарбандҳо ва пулҳоро таркониданд…
Ин нерўгоҳ-рамзи ғалаба, муҷассамаи қаҳрамонони ҳалокшуда, рамзи оштист, ки мардум, даҳшати бародаркуширо аз сар гузаронида, ба ҳам омад, ба оғўши якдигар. Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шўравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро фаронсавиҳо, итолиёвиҳо ва олмониҳо гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Ҷопон, Олмон ва Белоруссия кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дўстдоштаи умумӣ калон мекунанд.
Ин неругоҳро тамоми мардуми тоҷик месозад. На сарватмандон, на ширкатҳои шахсӣ. Ин сохтмони умумихалқист. Сокини дурдасттарин деҳа ду ва ё то даҳ саҳмия дорад, ки ўро молики неругоҳ мекунад. Ин кори умумии деринтизор аст, ки сарватманду камбизоат, ҷавону пир, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид мекунад. Ин ҳамон меҳнати аҳкомист, ки дар он халқ беҳбудӣ, амалӣ шудани орзуҳои наҷиби худро мебинад.
Неругоҳ кишварҳои ҷавони Осиёи Миёнаро наздик мекунанд, ки аз пайкари сурхи империяи Шўравӣ падид омадаанд. Кишварҳое, ки миёни онҳо низоъҳои қадима, гўё батамом абадан хомўшгардида сар мезананд. Кишварҳои бадгумон, ки ба пешрафти бародарони дирўзаи худ рашк доранд. Кишварҳое, ки таҳти таъсири ҳамсояҳои муқтадир ва маккор қарор доранд. Ўзбекҳо рашкомез ба сохтмони неругоҳи Роғун мушоҳида мекунанд. То ба наздикӣ онҳо тоҷиконро бо доштани ниятҳои маккорона таъна мекарданд, гумон доштанд, ки тоҷикон мехоҳанд маҷрои Вахшро бубанданд ва ҳудудҳои бузурги заминҳои обёришавандаи Ўзбекистонро беоб монанд. Президенти пешинаи Ўзбекистон Ислом Каримов талаб дошт, ки тоҷикон сохтмонро қатъ кунанд. Муҳосираҳо ташкил мекард, неругоҳро аз роҳҳои таъминот маҳрум месохт. Душманӣ то ҳадде расид, ки ўзбекҳо тайёраҳои ҷангии худро ба Роғун фиристоданд ва онҳо ба неругоҳ бомбҳо фиканданд.

Худоро шукр, ин даврҳо пушти сар гардиданд. Роҳбарияти нави Ўзбекистон бо далелу бурҳонҳои тоҷикон, ҳисобҳои гидрологҳо ва муҳандисон розӣ шуд, ки обанбори Роғун тамоми обҳои пирях ва боронҳоро ҷамъ мекунад ва дар давраи хушксолӣ бошуурона ва тибқи нақша зиёдатии онро ба маҷрои рўд равон карда, дигар неругоҳҳоро чунин таъмин месозад, то ин ки он ба заминҳои обёришавандаи ўзбекон расад ва имкони обёрӣ намудани ҳазорҳо гектар заминро дошта бошад.
Тибқи ҳисобҳои гидрологҳои тоҷик, қисми обе, ки ба ҷуйборҳо ва обанборҳои ўзбекӣ тақсим намешавад, то Қазоқистон, баҳри азияткашидаи Арал, ки пеши чашмон хушк шуда истодааст, хоҳад расид ва онро ғизо хоҳад дод.
НОБ-и Роғун сохтмони президентист. Ин «фарзанди дўстдошта»-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ў онро ҳамчун хотираи роҳбарии худ бунёд мекунад. Ў аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ меорад, буҷаи кишварро ончунон пешбинӣ намудааст, то ин ки барои сохтмони неругоҳи Роғун ягон доллари қарзӣ сарф нагардад. Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист, мардуми тоҷик онро ҷамъ оварда, аз бисёр чизҳои зарурӣ даст кашидааст, то ин ки ин неругоҳи беназирро бисозад.
Президент Раҳмон-сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сўхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст. Ў ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид сохт, пойтахти он-Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва осорхонаҳо табдил дод.
Дар замони роҳбарии ў тирпаррониҳо қатъ шуданд, ў дастур дод, ки боғҳое, ки заминҳои холии наздикўҳиро ба ангур, себ ва гелосзорҳо табдил доданд, бунёд гарданд, Ў дар кишвар роҳҳои олиҷаноб бунёд намуд, нақбҳоро дар кўҳистон канд, то ин ки тамоми минтақаҳои дурдасти тоҷикро, ки ҳангоми барфрезиву тармафароӣ то ним сол аз марказ канда буданд, бо он бипайванданд.
Президент Раҳмон артиши тоҷикиро месозад, ки бо артишҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ба сарҳадшикании ҷангиёни ДИИШ садд мешавад ва на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Миёнаро, ки ифротиён ба он чашм дўхтаанд ва нияти ба ҷанги хунин афкандани Тоҷикистонро доранд, эмин медорад.
Сохтмони Роғун-ин амалӣ шудани орзуи тоҷикӣ барои кишвари пешрафт, ҷамъияти боадолатона ва бомуваффақият, маонии волост, ки адабиёти бузурги тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.
Як сол пас сохтмон ба анҷом мерасад, турбинаҳои муқтадир меғурранд ва барқ ҷорӣ хоҳад гашт, ҳамоне ки шоирони бузург ва паямбарон пешгўӣ мекарданд, рўшноии эҳтироми инсонҳо ба ин олами тақдимшуда…
Александр Проханов
Сармуҳаррири рўзномаи «Завтра», Русия
Мутарҷим Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: