Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГУНОҲ АЗ ҲОБИЛ АСТ, НА ҚОБИЛ! Ё ЧАРО ШИКОЯТИ МӮЙСАФЕД БЕТАЪСИР БОҚӢ МОНД?!

ГУНОҲ АЗ ҲОБИЛ АСТ, НА ҚОБИЛ! Ё ЧАРО ШИКОЯТИ МӮЙСАФЕД БЕТАЪСИР БОҚӢ МОНД?!

9-08-2022, 14:41
Хабарро хонданд: 4097 нафар
Назарҳо: 1
ГУНОҲ АЗ ҲОБИЛ АСТ, НА ҚОБИЛ! Ё ЧАРО ШИКОЯТИ МӮЙСАФЕД БЕТАЪСИР БОҚӢ МОНД?!
БА ТАВАҶҶУҲИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ВА СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тӯли чанд рӯзе, ки ҳарорати ҳаво ҳудуди 50 градусро мемонд, мӯйсафеди 71-солае аз ноҳияи дурдасти Восеъ бо дасту панҷаи аз меҳнати зиёд шахшудаву чашмони аз 47-сола таҷрибаи омӯзгорӣ хирагаштааш дар бағал як баста ҳуҷҷат ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” омад ва ҳарфи аввалинаш ҳамин буд: “Ман ба ин ҳизбу Раиси ону ин нашрия эътимоди комил дорам, ки ба доди мани мӯйсафед мерасанд писарам...!”.
Пас аз суҳбат, маълум гашт, ки мӯйсафед-Маҳмадмурод Ҳусейнов, сокини Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ буда, дар асоси талаботи банди 2 моддаи 78 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири с.1986) ва бо қарори маҷлиси умумии аъзои калхоз ва маҷлиси вакилон ба муаллимон, духтурон ва дигар мутахассисоне, ки дар деҳот кору зиндагӣ мекунанду замин дода мешавад, ба номбурда низ 0,15 га қитъаи замин аз деҳаи Ҳулбуки ноҳия ҷудо гардидааст. Худи ӯ мегӯяд, ки “Мувофиқи қарори №4 маҷлиси аъзои раёсати хоҷагии деҳқонии “ЯП”-и ноҳияи Восеъ аз 17.02.2001с. барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ба ман ба миқдори 0,15 га қитъаи замин ҷудо карда буданд. Дар асоси қарори номбурда сертификати ҳуқуқи истифодаи замин А№0217315-ро аз 15.08.2009с. гирифтаам, аммо аз моҳи августи соли 2009 бидуни иҷозаи мақомоти дахлдор замини мазкур аз тарафи сокини ҳамин деҳа Эргаш Самадов худсарона аз худ карда шудааст”.
Маҳмадмуроди 71-сола ҳарчанд ба тамоми мақомотҳои қудратии ноҳияашон эътимод карда, муроҷиат карда бошад ҳам, аммо аз ноуҳдабароӣ ва ё бемасъулиятии масъулини мақомотҳои дахлдор аст, ки то ҳол замини қонунан аз ӯбударо Эргаш Самадов ба ӯ барнагардондааст.
Бояд гуфт, ки аризадиҳанда Маҳмадмурод Ҳусейнов соли 2009 вобаста ба мушкилоти худ ба суди ноҳия муроҷиат кардааст. Суд дар ҳайати раисикунанда Аҳмадов Д., котибии Идибекова М. Дар маҷлиси васеи Суди ноҳияи Восеъ 27.01.2010с корро аз рӯи даъвои Маҳмадмурод Ҳусейнов дида баромада, муайян намудааст, ки дар ҳақиқат қитъаи замини 0,15 га аз ҷониби Эргаш Самадов худсарона ғасб гардидааст ва он ба соҳибаш Маҳмадмурод Ҳусейнов баргардонда шавад. Аммо қарори судро Эргаш Самадов эътироф накардааст, дар ҳоле, ки иҷрочиёни суд ва ё кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия бояд дар асоси ҳалномаи суд Эргаш Самадовро аз замини зӯран ишғолнамудааш мебароварданд, вале мутаассифона, касе аз пайи ин иҷроиш нашудааст. Бояд гуфт, ки дар моддаи 363 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро нагардидани ҳукми суд ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст, оё ин муаммост?!
Тӯли 13 сол мешавад, ки Маҳмадмурод Ҳусейнов сари вақт андози заминашро месупораду вале худи замин дар ихтиёри ӯ нест.
Хабарнигори нашрия Тағоймурод Орифӣ аз пайи ин шикоят ба ҳукумати ноҳия низ муроҷиат карда буд, вале дар ҷавоб ба ҷойи ислоҳи камбудӣ аз ҷониби масъулин рафтори хунукназарона дидааст. Гӯё ислоҳи ин камбудӣ ба мисли “аз осмон ситора овардан” бошад, ки ба гуфтаи хабарнигорамон касе ин “мушкил”-ро ба зимма гирифтан намехоҳад.
Агар нисбати як пири 71-сола, як омӯзгори таҷрибаи 47-соладошта, нисбати як мӯйсафеде, ки акнун вақти роҳати зиндагиро чашиданаш аст ва аз таҷрибаи ба фарзандони мову шумо дарсгуфтааш лаззат бурданаш аст, чунин рафтору чунин ноадолатӣ карда шавад, вой бар ҳоли занону ҷавонони заиф. Куҷост эҳтироми омӯзгору пири хирад? Куҷост эҳтиром ба одамияту волоияти қонун?
Шояд аз ин ҳама найрангҳое, ки дар ҳаққи мӯйсафед насиб донистаанд мақомоти волоӣ, аз ҷумлаи масъулини Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳ набошанд, зеро боварии комил дорем, ки баъди нашри ин матлаб ва огоҳ шудани онҳо ҳатман масъала ҳалли худро меёбаду ҳақ ба ҳақдор мерасад ва суханони пуралами мӯйсафеди 71-соларо, ки гуфта буд: “Ман ба ин ҳизбу Раиси ону ин нашрия эътимоди комил дорам, ки ба доди мани мӯйсафед мерасанд...!” нодида намегиранд.
Ҳарчанд ин сеюмин номаест, ки аз номи номбурда нашр мешавад, вале то ҳол на аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Восеъ вокуниш ирсол гардидааст ва на аз ягон мақомоти дахлдор.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Crystle 6 июня 2023 08:32
sottolinea cordarone route gefaalde amiodarone dose vtach - amiodarone (cordarone) why amiodarone
needs a filter
usedsexually amiodarone side
effect
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: