Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАН СОҲИБМУЛК ҲАСТАМ НА ҚАРЗДОР!

МАН СОҲИБМУЛК ҲАСТАМ НА ҚАРЗДОР!

4-09-2019, 09:47
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
МАН СОҲИБМУЛК ҲАСТАМ НА ҚАРЗДОР!
Ба таваҷҷуҳи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман 12 сол аст, ки дар ба дари идораву сохторҳои ҳуқуқии кишвар сарсону саргардон ҳастам. Гарчанде, ки дар бисёр ҳолатҳо ҳақ ба ҷониби ман дониста мешавад, аммо ҳалномаҳои Суди ноҳияи Фирдавӣ аз 13.06.2014, аз 05.03.2019, Қарори иҷрочии Суди н. Фирдавсӣ аз 06.02.2019 ва қарорҳои марҳилаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе баракси ҳол мебошанд. Бинобар ин бори дигар аз роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имдод металабам.
Ҳолати кор чунин аст, ки соли 2006 ман зери таъсири як гуруҳ Одинаева Х.Б., Каримова М.Х, Ҳалимова Ҳ., Қараханова Н.Ш. ва Кишваров Ҳ.У. афтода, бо роҳи фиреб, аввал аз ман маблағи пулӣ қарз гирифтанд, дуввум ҷавоҳироти тиллоӣ сипас ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиямро гирифта, бо баҳонаи рушд додани тиҷораташон ба ҳаммаслаки худашон Кишваров Ҳаким ба гарав монда, аз ӯ гӯё 20 000 (бист ҳазор доллари ИМА) қарз гирифтаанд. Дар додугирифти қарз ман умуман иштирок надоштам ва аз Кишваров Ҳ. ягон маблағ нагирифтам. Аммо бо сабабҳои барои ман номаълум Кишваров Ҳ. қарзгирони худро як сӯ монда мани соҳибмулкро думболагир намуда, мехост, ки бо ёрии ёру рафиқонаш соҳиби манзили истиқоматии муфт гардад. Ҳамин тавр ҳам шуд, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо Одинаева Хосият ба суди н. Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби манзили истиқоматии ба гарав мондашуда муроҷиат намуданд. Дар мурофиаҳои судӣ Кишваров Ҳ. худашро даъвогар ва ҳаммаслакаш Одинаева Х. шоҳид гузаронида манро бошад, ба сифати ҷавобгар ҷалб намуданд.
Ҳамин тариқ бо ҳалномаҳои суди н. Фирдавсии шаҳри Душанбе аз соли 2007 то соли 2008 бо гарави ғайриқонунӣ ман бо ҳамроҳии фарзанди ноболиғам дар кӯча мондем. Вақти берун кардани ҷиҳози хона, ман дар хонаам набудам ва Кишваров Ҳ. аз ин вазъияти муносиб истифода бурда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии маро пинҳон намуда, мехост онро фурӯшад. Дар вақти аз ҷониби Суди Олӣ ба ҳабс мондани манзили истиқоматиям, ки дар ин ҳолат гузаронидани ҳамагуна амалиётҳои нотариалӣ манъ аст, Кишваров бо ёрии собиқ сарнатариуси н. Фирдавсӣ Пиров С. ба сохтакории ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии ман даст зада, бо роҳи ғайриқонунӣ “шаҳодатномаи соҳибмулкӣ” тартиб додаанд. Ин ҳолат аз ҷониби суди н. Фирдавсӣ ошкор гардида, 19.08.2014 с. ҳуҷҷати сохтакоринамудаи онҳо бекор карда шуд. Аммо бо сабабҳои номаълум нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз нагашт ва ё таъиноти хусусӣ ба ман дода нашуд. Муроҷиатҳои ман дар ин хусус то ҳол бенатиҷа боқӣ мондааст.
Сипас бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаҳои дар боло зикршуда бекор карда шуда барои баррасии нав ба суди н. Фирдавсӣ равон карда шуд. Инчунин дар посух ба арзизаи шикоятии ман аз 20.07.2009 с. дарҷ гардидааст: “Одинаева Хосият маблағи қарзии дар боло нишондодашударо аз Кишваров Ҳ. гирифта, бо роҳи сӯистифода аз боварӣ ва фиреб додан манзили баҳсиро ба гарав мондааст. Ин ҳолатҳо дар маҷлиси ошкорои судӣ бо маводҳои дар қабати парванда буда ва баёноти худи Одинаева Х. Тасдиқи худро ёфтааст. Аммо суд ин ҳолатҳоро сарфи назар карда, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ надода бармаҳал Шуморо аз манзили баҳсӣ кӯчонидааст”.
Ҳамин тариқ бо ҳалномаи суди н. Фирдавсӣ аз 26 августи соли 2010 ғайриқонунӣ будани шартномаи гарав ва қарзи Кишваров Ҳ. бекор шуда, манзили истиқоматиам ба ман баргардонида шуда, қарздор набудани ман бори дигар исбот гашт. Аммо дидаю дониста маблағи қарзии гирифтаи Одинаева Хосиятро, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 08.10.2007 рӯёнида шудааст, бо ҳалномаи суди н. Фирдавсӣ аз 13.06.2014 дуюмбора аз ман рӯёнида шудааст. Ҳоло он ки чунин ҳолат дар ягон боби Конститутсия ва дар ягон сарчашмаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд. Бо ин савол тариқи хаттӣ ба чанд ниҳоди дахлдор, аз ҷумла ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам, вале мутаассифона аз ҳеҷ кадом сохтор ҷавоби мушаххас нагирифтам. Ин дар ҳолест, ки як маблағи қарзии шаҳрванд Кишваров Ҳ.У. бо ду ҳалнома рӯёнида шудааст, ки ҳардуи ҳалнома қувваи қонунӣ дорад.
Ҳалномаи суди н.Рӯдакӣ аз санаи 08.10.2007 маблағи қарзии зикршуда аз ҳисоби шаҳрванд Одинаева Хосият аз рӯи ҳалномаи суди н. Фирдавсӣ аз моҳи июни соли 2007 бо раисии собиқ судяи суди н. Фирдавсӣ Қурбонов С., аз ҳисоби ман бароварда шудааст. Дар ҳалномаи мазкур аз ҳисоби Хосият Одинаева барои гирифтани ҳуҷҷатҳои манзилам маблағи қарзии Кишваров Ҳ.У. ба дӯши ман гузошта шудааст. Аммо ҳалнома то ҳол амалӣ нашуда иҷроварақа ба ман баргардонида шудааст. Дар ҳалномаи суди н.Рӯдакӣ Одинаева Хосият баргардонидани маблағи қарзии Кишваров Ҳ. У.-ро ба зимаи худ гирифта буд, аммо то ба ҳол иҷро накардааст. Ман соҳибмулк ҳастам на ин ки қарздор. Қарздор набудани ман бо чандин ҳалномаҳо, таъинотҳо, ҷавобҳо ва забонхатҳо, аз ҷумла бо ҳалномаҳои суди н. Фирдавӣ аз моҳи июни соли 2009, аз октябри соли 2009 ва аз августи соли 2010. Бо таъинотҳои суди н. Фирдавсӣ аз феврали соли 2010 ва марти соли 2010, ҷавоби Суди Олӣ аз 20.07.2009 ва инчунин бо забонхати бо дасти худ навиштаи Одинаева Хосият аз санаи 14.11.2006 ва забонхати Қурбонова Мамлакат тасдиқи худро ёфтааст.
Одинаева Хосият шарики Кишваров Ҳ.У. мебошад. Дар асоси аризаи ман ва дигар нафароне, ки ба доми фиреби Одинаева Хосият афтода буданд, нисбати ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баёнотҳои худиқрории дар рафти тафтишоти пешакӣ баёноти додаи Одинаева Хосият, Қараханова Наргис ва дигарон, ки нусхаи онҳоро дар даст дорам ва ба шикоятҳоям ба мақомоти дахлдор пешниҳд намудаам, замима кардам, ки боз як маротибаи дигар исботи гуфтаҳои дар боло овардаи ман мебошад. Яъне маблағи баҳсиро аз дасти Кишваров Ҳ.У. на ман, балки Одинаева Хосият гирифтааст.
Гарчанде, ки дар рафти мурофиаҳои судӣ ҳамаи ин факту далелҳоро такрор ба такрор пешниҳод карда бошам ҳам, аммо аз ҷониби судҳо нодида гирифта шуда, ҳатто ба вуҷуд доштани факту далелҳое, ки қарздор набудани маро исбот мекунанд, эътибор намедиҳанд. Бо вуҷуди он, ки ваҷҳу далелҳои пешниҳод намудаи ман воқеи ва асоснок мебошанд, аммо дар посух ба шикояти ман аз ҷониби судҳо баҳона пеш оварда менависанд, ки ваҷҳои нав пешниҳод кунед.
Дар охир ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки ман ба адолати судӣ ва волоияти қонун бовар дорам, бинобар ин аз роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳалномаи Суди н. Фирдавсӣ аз санаи 13.06.2014 бекор карда, маро аз қарзи гирифтаи Одинаева Хосият раҳо намоед.
Бо эҳтиром Зулфия ТАҒОЕВА, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: