Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХОҲИШ ДОРАМ, СУДИ ОЛӢ БА БАҲСИ 14-СОЛА НУҚТА ГУЗОРАД

ХОҲИШ ДОРАМ, СУДИ ОЛӢ БА БАҲСИ 14-СОЛА НУҚТА ГУЗОРАД

6-07-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Шояд аксар хонандагони рӯзнома бо ному насаби ман шинос бошанд. Зеро бори аввал нест, ки аз ноилоҷӣ даст ба коғазу қалам бурда, ба ибораи шоир «Аз дафтару аз қалам алам мегирам». Ташаккури зиёд ба аҳли рӯзномаи ҳақиқатбаён, ки дарду сарсонии маро дарк намуда, номаамро ба табъ мерасонанд. Дар маҷмӯъ то ин дам вобаста ба мушкилоти ба сарам омада зиёда аз 50 матлаб дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудааст.
Асли гап ин аст, ки соли 1992 ман аз шаҳри Душанбе дар суроғаи кӯчаи Афзалӣ 93 хонаеро аз шаҳрванд А.И. Кузнетсов харида будам. Сипас бародарам Имомалӣ Саидовро дар он ҷой дода, худ ба Россия сафар намудам. Бародарам аз набудани ман сӯиистифода намуда, бо имзои сохта 10 июли соли 1994 шартномаи хариду фурӯши манзилро ғайриқонунӣ аз нав месозад. Аз он давра Навотой Расулова бе ягон асос дар ин манзил ҷой гирифт…
Ман аз ин бозиҳо хабардор шуда, барои ба таври қонунӣ соҳиб шудани манзили ҳаққу ҳалолам ба суд муроҷиат кардам. Пас аз даъвои ман экспертизаи судӣ–хатшиносӣ соли 2007 муайян намуд, ки шартномаи хариду фурӯши манзил аз 10 июли соли 1994 ғайриқонунист ва дар он имзои маро қалбакӣ сохтаанд.
Суди ноҳияи Шоҳмануср (судя И. Каримов) 29 июли соли 2008 бори дигар тасдиқ намуд, ки манзили зикршуда ба бародарам Саидов И. робит надорад. Суди шаҳри Душанбе бо ҳалномаи худ маро соҳибмулки қонунии ин манзил эълон намуд.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Х.Р.Аҷиков) 24 декабри соли 2008 ҳалнома содир намуд, ки Н. Расулова аз манзили истиқоматии ман, бе додани манзили истиқоматии дигар бо аҳли оилааш кӯчонида шавад. Вале санадҳои зикршуда ба Н. Расулова таъсир надоштанду ҳамоно ӯ аз хонаи ман берун шудан намехост. ӯ иддао мекард, ки гӯё ҳамсари бародари ман аст. Аммо пас аз даъвои ман дар ин масъала Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҳалномаи худ аз 1 июли соли 2014 ақди никоҳи ғайриқонунии Н. Расулова ва бародарам И. Саидовро беэътибор донист. Зеро бародарам соли 1972 бо Ҷалилова Фотима дар САҲШ ақди никоҳ баста, соҳиби 5 фарзанд гардидааст.
Экспертизаи судӣ–хатшиносии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ–криминалии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (декабри соли 2014) ҳақ будани даъвои ман ва беасос будани даъвоҳои Н.Расуловаро собит кард. Аммо аз саҳлангории баъзе судяҳо ҳеҷ не, ки ҳаққи ҳалоламро соҳиб шавам.
Ман 4 майи соли 2016 оид ба кӯчонидани Н. Расулова бо аҳли оилааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардам. Аммо судя Камина Қурбонзода моддаи 64, банди 2 ва моддаи 198 банди 3-ро сарфи назар карда, хонаи маро мерос тақсим кардааст. Дар ин хусус ба суди марҳилаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикоят овардам. Муовини раиси Суди шаҳри Душанбе А.Н. Қурбонов парвандаро ҳамчун зинаи якум ба истеҳсолоти Суди шаҳри Душанбе гирифта, ба судя Т.Ҷ. Ҳафизов дод. Ман аз судя хоҳиш кардам, ки хатшинос З. Ямакова ва он корманди хонаи маро сохтакоринамударо ба суд даъват кунад. Судя Т.Ҷ. Ҳафизов судро соати 2-и рӯзи 11 декабри соли 2017 монд, вале бе иштироки ману намояндаи ман соати 1000 ҳалнома бароварда, хонаи маро мерос тақсим кардааст.
Ҳол он ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2015 як бор чунин ҳалномаи ғайриқонунии Суди шаҳри Душанберо бекор карда буд.
Шикояти хусусии ман 8 майи соли 2019 аз ҷониби Коллегияи парвандаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе аз 11 декабри соли 2017 бекор карда шуда, барои аз нав баррасӣ намудан ба Суди шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Аммо аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе боз ваҷҳҳои овардашударо сарфи назар карда, бо таъиноти маҷлиси судӣ аризаи маро рад карданд.
7 августи соли 2019 оиди норозӣ будан ба таъиноти маҷлиси Суди шаҳри Душанбе ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Бо қарори кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2019 шикояти хусусии ман қонеъ карда шуда, парванда барои баррасии нав ба Суди шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Аммо судяи Суди шаҳри Душанбе Ш. Нарзуллозода боз ваҷҳу далелҳоро сарфи назар карда, бо таъиноти маҷлиси судӣ даъвои маро беасос рад кард.
Ман боз бо шикояти хусусӣ ба Коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ муроҷиат кардам. Бо қарори кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусии ман аз болои таъиноти маҷлиси Суди шаҳри Душанбе, аз 23 сентябри соли 2019 аз рӯйи ҳолатҳои нав ошкоршуда дида баромада, шикояти хусусии ман қонеъ карда шуд. Парванда барои баррасии нав ба сифати суди марҳилаи якум ба Суди шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
Дар моддаи 29 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Парвандаҳои граждание, ки таҳти тобеияти судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
1.Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳоеро баррасӣ менамояд, ки мутобиқи қонун таҳти тобеияти судии он қарор доранд.
2.Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд».
Тавре аз мисолҳои боло баромеояд, санадҳои судии Суди шаҳри Душанбе аллакай се маротиба бекор карда шудааст. Бинобар ин, аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки тибқи талаботи моддаи 29 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи гражданӣ аз Суди шаҳри Душанбе талаб карда, барои баррасии нави судӣ ҳамчун суди зинаи якум мавриди баррасии судӣ қарор дода шавад.

Умаралӣ САИДОВ,
сокини шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: