Чорабинии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар вилояти Хатлон27-11-2015, 10:58
Хабарро хонданд: 19624 нафар
Назарҳо: 85
Бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода, коршиноси масоили мазҳабӣ ва динии ҷумҳурӣ Сайдаҳмад Қаландаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Таваккал Наҷидуллоев, ректори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон дар вилоят Хайрулло Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд. Имрӯз гаравидани ҷавонон ва муттассифона шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасанд. Терроризм ва экстремизм вирди забонҳост ва ҷаҳонро имрӯз такон медиҳад. Вобаста ба рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ ин хатар ба амният ва суботи сиёсии ҳар як кишвар метавонад таъсири манфии худро расонад. Аҳмадҷон Ализода иброз намуд, ки Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадаш таъкид менамояд, ки бояд насли ҷавон фарогири таълиму тарбияи босифат гардида, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳарактҳои хатарноки ифротгаро дар маркази таваҷҷуҳи падару модарон, устодон омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд қарор дошта бошад. Қаландаров Сайдаҳмад оиди «Ифротгароии динӣ аз назари исломи асил» баромад намуд. Ба иштирокчиён маънои ифротгароӣ, ҷиҳод, салафиҳо, мазҳабҳои диниро бо ифодаҳои содда фаҳмонида дод. Нимаи дуюми рӯз чунин мизи мудаввар дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки ҳамаи деканҳои факултаҳо ва донишҷӯёни фаъол гузаронида шуд. Чорабинии мазкурро ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав Қ. Абдураҳимов кушода, сухани ифтитоҳиро ба А.Раҳмонзода дод, баъд аз он С.Қаландаров, А.Ализода баромад намуданд. Иштирокдорони мизи мудаввар оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда фикру ақидаҳои худро озодона иброз ва аз ташкилкунандагон барои баргузории ин чорабинӣ арзу сипос намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ғолибони озмуни сиёсиву фарҳангии «Зарифон» дар фазои тантанавӣ супорида шуд.[/right] |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.