Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АБДУҚОДИРИ АБДУҚАҲҲОР: ПЕШИ РОҲИ ГАДОИИ БЛОГЕРОН ГИРИФТА ШАВАД!

АБДУҚОДИРИ АБДУҚАҲҲОР: ПЕШИ РОҲИ ГАДОИИ БЛОГЕРОН ГИРИФТА ШАВАД!

10-01-2023, 13:24
Хабарро хонданд: 141016 нафар
Назарҳо: 14380
АБДУҚОДИРИ АБДУҚАҲҲОР: ПЕШИ РОҲИ ГАДОИИ БЛОГЕРОН ГИРИФТА ШАВАД!
Асри XXI ва дунёи мутамаддину мутараққиро бидуни шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет то дараҷае ба ҳаёти рӯзмарраи инсоният таъсир гузоштааст, ки мардум ҳамарӯза соатҳо вақти бебаҳои худро дар дунёи маҷозии интернет сипарӣ менамоянд. Яке аз мушкилоти меҳварии интернет дар он аст, ки аз ҷониби муғризон ҳамчун абзори фитнаандозиву «облойкунӣ» истифода шуда, мардум (корбарон) хабару маълумотҳоро дар он насанҷида бовар мекунанд, ба ҳар ҳангомаҳои хезондаи бадхоҳон дода мешаванд, дар таблиғи ақоиди ғалату инҳирофӣ кӯр-кӯрона шарик мешаванд, ба таҳқиру дашноми ҳамдигарӣ даст мезананд, мушкилоти шахсию хонаводагии хешро дар маърази умум мегузоранд ва ба таблиғи талбандагӣ машғул мешаванд... Дар ин росто, мусоҳибае доштем бо директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки манзури хонандагони гиромӣ мегардонем.

– Ба Шумо низ дуруд.
Имрӯз фарҳанги корбурди интернет миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар чӣ ҳолат қарор дорад?
– Боиси ифтихори мост, ки миллати таммадуновару таммадунофарем ва яке аз миллатҳои фарҳрехтатарини дунёем. Яъне,миллати тоҷик дар раддаи панҷ миллате, монанди юнониён, чиниҳо, ҳиндуҳо ва румиҳо, қарор дорад, ки фарҳангу тамаддунро дар рӯйи олам густариш додаанд. Ин қавму миллатҳо бевосита ворисони фарҳангу тамаддуни башарӣ ҳастанд. Шармандаам, ки фаҳанги истифодаи интернет, махсусандар Фейсбук, бо ҳар ду пояш мелангад. Агар гӯям, ки 60-65 дарсадикорбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги воло надоранд, иштибоҳ намекунам. Чунки бештари академикону донишмандон, ки насли шуравиянд, бо технологияи муосир сару кор надоранд. Ҷавонони сӣ соли истиқлол бошанд, аксаран контингенти асосии истифодабарандагони асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.Соҳаи маориф низ баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хеле заиф шуда буд ва мо дар тӯли панҷ соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва даҳ соли барқарорӣ хисороти ҷиддии маънавӣ дидем… Ҳамаи ин таъсири манфии худро ба корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет расонид. Аз сад нафаре, ки маро дар бораи ин ё он мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дашному ҳақорат медиҳанд, 80 нафарашон хондаву навишта наметавонанд. Вақте ин тоифа корбарон ба ман дашному ҳақорат менависанд, одитарин қоидаҳои имло ва китобатро риоя намекунанд… Инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон қариб, ки назорат намешаванд. Муассисони ин шабакаҳо бошад, аслан дар кишварҳои ғарбӣ қарор дошта, ба хотири бештар гаштани муштарӣ, таблиғ (реклама) ва ба даст овардани маблағ дигар ба сифату маърифат ва фарҳангу фаросати дигар қавму миллатҳо коре надоранд.
– Чӣ бояд кард?
– Агар шабакаҳои иҷтимоиро зери назорати қатъӣ гирем, ба қавли ғарбиҳо демократияро зери по кардаем. Вазъият хеле ногувор аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар реестр ё рӯйхати расонаҳо намедароянд, то қонуне, ки расонаҳоро танзим менамояд, ворид шавад. Демократия чист? Демократия зистан аз рӯйи қонунҳоест, ки ин ё он давлат қабул кардааст! Ман гумон мекунам, ки ҳоло Парлумони кишвар сари ин кор ҷиддӣ чора андешад ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар қатори расонаҳо эътироф шаванд, то қонуни ВАО ба инҳо низ дахл кунад. Дар он сурат ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, киагар бар хилофи қонун рафтор кард (чизе гуфту навишт)-у назди қонун ҷавоб гуфт, ҷарима шуд ё паси панҷара рафт, дигарон дар ин шабакаҳо бо эҳтиёт баромад мекунанд ва дониста мегӯянд.
– Дар мавриди фаҳмондадиҳиҳо дар ин самт чӣ корҳо анҷом шудааст?
– Тақрибан коре анҷом нашудааст! Шумо даҳ нафар аз академикҳои тоҷикро ном бигиред, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд! Бигзор дар ҷумҳурӣ 800 доктор бошад, як фоизаш ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нестанд. Пас, кӣ тарбия мекунад? Ҳатто аксарияти онҳо телефони ҳушманд надоранд, ки вориди интернет шаванд… Яъне тамоми аҳли хираду фарҳанг ва тавонмандони фарҳрехтаву фарзонаи миллат берун аз шабакаҳои иҷтимоиянд. Пас, чӣ гуна ҷавонону наврасонро тарбия кунанд. Ҳатто академикҳое ҳастанд, ки намедонанд Фейсбуку Инстаграм ё дигару дигараш чист? Ҳатто онҳо намедонанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа чӣ нақшро мебозанд?!
– Дар низоми маориф барои омӯзондани хонандагон ва фаҳмондани падару модарон чӣ корҳо анҷом шудааст?
– Шумо медонед!? Ман намедонам! Шумо бисёр ба маврид қайд кардед! Фурсати он расидааст, ки дар низоми маориф соатҳо ё курсҳои махсус барои омӯзонидани фарҳанги корбурди интернет ҷудо карда шавад. Чаро не!? Беҳтарин пешниҳод! Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд ҳатман дар ибтидои соли хониш муаллимонро ба курсҳои махсус фаро гирад. Масалан, як нафарро чил рӯз омӯзонанд, то ӯ рафта, дар мактаб ба хонандагон зарару зиён ва фоидаву манфиати интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоии онро фаҳмонад. Хулоса, бояд фарҳанги корбурди интернет дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо ҳамчун фан дарс дода шавад.
– Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки масоили динӣ-мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вожгуна ё ба мақсадҳои ғаразнок истифода бурда мешавад. Масалан, ба тори эҳсосоти динии корбарон чанг зада, менависанд: «Агар мусалмон ҳастӣ, лайк мон!»ва ё ба мисоли ҳамин медорӣ, класс мон». Дар ин маврид Шумо чӣ назар доред?
– Ба ҳаракати террористӣ-экстремистии ДИИШ, ки дар аксари кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, садҳо нафар ҷавони тоҷик чӣ тавр пайвастанд? Албатта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ! Бадхоҳону душманони дини ислом, фарҳанги миллӣ ва ориёӣ фаъоланд, аммо ворисони фарҳанги миллӣ бошад, ё бепарво ё бехабар ё бурун аз сарҳади шабакаҳои иҷтимоиянд. Онҳо гурӯҳӣ амал карда, борҳо мисли кафторҳо ба ман ҳуҷум кардаанду мекунанд. Зиёии мо бошад, вақте ӯро дашном ё таҳқир мекунанд, шарм мекунад ва бо ҳамин аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебарояду абадан ба он ворид намешавад.Фанатҳо, мутаассибон ва радикалҳои «исломӣ» ва ҳаракату равияҳои дигар динҳо низ усули муборизаи хоси худро доранд. Гурӯҳҳоедоранд, ки аз мубаллиғон, равоншиносон ва мағзшӯйҳои таълимдидаи ҳирфаӣ иборатанд ва бо маблағгузориҳои ҳадафманд фаъолият мекунанд. Мутаассифона, мо чунин гурӯҳҳои муборизи ҳирфаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ надорем, ки ин хеле хатарнок аст!
– Пас, аз назари Шумо ҳузури рӯҳониёни тоҷик, чи расмӣ ва чи ғайрирасмӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ногузир аст?
– Ногузир аст! Аммо рӯҳониёне, ки ба исломи анъанавӣ пойбанд бошанд. Ман ҳафтае қабл дар ишора ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон навишта будам, ки дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан чор ҳазор масҷид буда, беш аз ду даҳсола аст, ки Донишкадаи исломӣ имому хатиб ё мутахассиси дин дар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, махсусан ҳанафӣ, тайёр мекунад. Аз буҷаи давлат чӣ миқдор маблағ сарф шуд? Чаро ректори донишкада ҳисобот намедиҳад, ки дар 20 сол чанд нафар имом ё хатиб тайёр кардааст? Имом ё хатибе, ки аз илми динӣ ва дунявӣ огоҳ бошад, техника ва технологияи муосирро кор фармуда тавонад, фарҳанги корбурди интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоии онро донад, бо як-ду забони хориҷӣ ҳарф зада тавонад, таърихи гузаштаву имрӯзаи худро донад… Ин нафар, яъне имом ё хатибе, ки панҷ сол донишкада хондааст, аз таърихи миллату ниёгони хеш бохабар асту фанат нест, исломро тозаву озода ба мардум мерасонад. Ин дар ҳолест, ки ислом тозаву озода ва мубаррову бекамбудӣ аст.Ягон дин бадбахтии миллату башариятро намехоҳад.Вазифаи дин тарбияи инсон ва бекаму кост расонидани ӯба Худованд аст. Ҳоло иддае исломро силоҳи дасти экстремистону террористон кардаанд,аммо рӯҳониёни мо бошад, хомӯшанд! Душманони ислом дар дохили ислом ворид гашта, ин динро бадном карда истодаанд, мутаассифона, рӯҳониёни мо лаб во намекунанд! Бадбахтӣ дар он аст, ки мусалмонони радикал ба Ғарб рафта, барои гузаштан аз курсҳои махсус ба дасти душманони ислом афтида истодаанд, ки дар натиҷа, барои бадном кардани ин дин хидмат мекунанд. Бубинед, чанд вақти ахир вақте ман танҳо хоҳиш менамоям, ки Зардуштро ҳақорат надиҳед, ниёконро нарасед, фақат панҷ вақт намозатонро хонед, мусалмони озода бошед, инҳо ба сари ман ҳуҷум меоранд. Масалан, соли гузашта ба ҷониби ман панҷ ҳуҷум ва ду сӯиқасд буд. Инҳо кистанд? Бояд дар ин маврид андеша кард! Радикалшавии мусалмонон, махсусан ҷавонон, дар қаламрави Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дидаю дониста, бо роҳҳои маблағгузорӣ ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет хеле ҷоннок шуда истодааст, ки сари ин бояд ҷиддӣ андеша кард.
– Шумо бештар дар Фейсбук фаъол ҳастед, тасмим надоред, ки фаъолияти худро дар Ютюб ба роҳ монед?
– Тасмим дорам, ки канали маърифатии хешро дар оянда, дар Ютюб боз кунам.
– Вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Ютюб, корбарону блогерон ба гадоӣ даст мезананд. Ба назари Шумо ин падида ба имиҷи давлату Ҳукумат чӣ таъсир дорад?
– Шумо дуруст қайд кардед, ки гадоизатсия дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараён аст! Масалан, як фарди соҳибдилу бомаърифат ва чирадасту соҳибкор Раҳим аст, ки ба ду нафару бист нафар хона дод. Ман бошам аз шарм гоҳо арақ мекунам. Даҳ рӯз мешавад, ки сафи хонаталбон зиёд шуда истодааст. Шумо намедонед, ки паси дари хонаи Раҳим навбатест, ки соли 1992 дар осиёбҳои деҳот мешуд. Тоҷик хӯйи гадоӣ надошт. Миллати мо мемурду наметалбид. Ин хеле бадаст! Пеши роҳи ин ҳатман гирифта шавад! Аз ин рафтори талбандаҳои Ютюб ман афсурдахотир мешавам… Масалан, як ҷавонмард сурат ё навори писари маҷруҳ ё маъюб ё ноқисулақлашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузораду «кумак кунед» мегӯяд. Ин хӯйи гадоӣ дар вуҷуди миллати тоҷик набуд ва нахоҳад буд. Блогерон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар мағзи кӯдакону ҷавонон хислатҳои гадоиро рушд дода истодаанд. Кӯдак ё ҷавон метавонад гӯяд, ки кор намекунам ва ба Раҳим муроҷиат мекунам, бардурӯғ худро маъюб ё бемор метарошам, аз ӯ илтиҷо мекунам, ашк мерезам, ӯ ба ман хона медиҳад. Блогерон ва роҳбарони гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бояд таблиғи гадоиро бас кунанд. Ҳатто чандин рӯзноманигоронеро медонам, ки ютюбканалҳои машҳур бо обуначӣ (подписчик)-ёни зиёд дошта, ба чунин корҳо машғуланд. Айб аст ва боиси шармандагист, ки ба чунин амалҳои нангин даст мезананд. Ман – Абдуқодири Абдуқаҳҳор, 25 сол дар соҳаи идеология кору фаъолият карда, ба мушкилоти зиёди зиндагию корӣ мувоҷеҳ гаштам, аммо наталбидам. Шабакаҳои иҷтимоии интернет бояд наврасону ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбият кунанд, на дар рӯҳияи талбандагӣ! Имрӯз моро дар Осиёи Марказӣ даҳ миллион тоҷикони ӯзбекистон, тоҷикони Афғонистон, форсизабонони Эрон ва тоҷикони Аврупову Амрико тамошо мекунанд. Шумо дидед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Ютюб, як эронӣ ё як афғон, ки чил сол мешавад, зери тӯпу туфанг аст, даст ба талбандагӣ зада бошад? Ҷавонмардӣ?- мушкилатро ҳал намо, аммо на бо роҳи талбандагию гадоӣ! Хуни худату мардумро ба гадоӣ вайрон макун!
– Чӣ бояд кард?
– Рӯҳи миллат таъмир мехоҳад! Роҳи талбандагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шавад! Бинандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шабакаҳои телевизионӣ дида, ба маротиб бештаранд. Чунки шабакаҳои телевизионӣ рақобатпазир нестанд. Барои он ки аз тариқи телевизион ҳарфе бигӯйӣ, суханат вазн дошта бошад, аввал бояд донишгоҳи ҳаётро тамом кунӣ, баъдан донишгоҳи соҳавиро. Инчунин, чандин ҳазор китоб хонда бошӣ, то суханат ба дигарон таъсир расонад.
– Дар яке аз мусоҳибаҳои мо номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Расулов Сайфиддин пешниҳод карда буданд, ки блогерон аз курси махсус гузаронида шаванд. Шумо чӣ назар доред?
– Агар мо ин корро кунем, боз ҳам ҷомеаи Ғарб ба мо санг мезанад, ки интернетро соҳибӣ карданд, сензура карданд ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳукуматӣ карда истодаанд ва ғайраву ғайраҳо. Мардум бояд худаш гавҳаршинос бошад. Масалан, ба канали блогери бесавод ману шумо аъзо нашавем ва ба маводҳои фаҳшу бемаънии ӯ лайк намонем, пас аз як моҳ шабакаи иҷтимоиро тарк мекунад. Вақте наворҳои фаҳшу бемаънӣ, ки бо лаҳҷа ва дашному таҳқир дар он сухан гуфта мешавад, бинандаи зиёд доранду лайк мегиранд.Ин маънои онро дорад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо сафи чунин одамон зиёд шуда истодааст.
Пешниҳоди ман ин аст, ки нафароне бояд блогер шаванду ба тарбияи ҷавонону наврасон машғул шаванд, ки зебо мепӯшанду зебову бомаънӣ мегӯянд, андешаи миллӣ ва назари нек доранд, холисонаю донишмандона ҳарф мезананд… Дар натиҷа, ин блогерон андак-андак ҷойи блогерони дайду, бесавод ва талбандаро танг карда, онҳоро аз фазои маҷозии интернет хориҷ месозанд. Ҳамаи ин бояд тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ роҳандозӣ карда шаванд. Чаро мо дер мекунем? Дар назди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши блогериро бояд таъсис дод.Дар ин бахш бояд ҷавононеро ҷалб намуд, ки болаёқату донишманд ва равоншинос бошанд, бо экран кор карда тавонанд, адабӣ ҳарф зананд, идеолог бошанд ва мусоҳибаю баҳс карда тавонанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи як барнома бояд ҷавонони фарҳангӣ, фарҳрехта ва фарзонаро бар муқобили блогерони бесаводу дайду ва талбанда ба фазои маҷозии интернет ворид намоянд. Ин блогерони миллӣ бояд аз ҷониби давлат маблағгузорӣ шавад на Ютюб. Бо ин роҳ мо метавонем маърифати поинрафтаи хешро боло бардорем ва фарҳанги рехтаистодаамонро таъмир намоем. Ин аст пешниҳоди ман!
– Барои суҳбат ташаккур!

Мусоҳиб
МасъудҷонХаликов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (14380)
Tracey 4 января 2023 12:43
Hi, I think your blog might be having browser compatibility issues.
When I look at your blog in Safari, it looks fine but when opening in Internet
Explorer, it has some overlapping. I just wanted to give you a quick heads up!
Other then that, superb blog!

Here is my homepage; монобанк Мастеркард
Цитировать          4081
Kenton 4 января 2023 13:28
Yes! Finally something about joker388.
Цитировать          4082
Lakeisha 4 января 2023 13:29
I am genuinely thankful to the holder of this web page who
has shared this great piece of writing at at this
place.

my homepage RT News Today
Цитировать          4083
Marissa 4 января 2023 13:38
It's going to be finish of mine day, however before ending I am reading this wonderful post to increase my experience.


Also visit my web blog :: idnpoker
Цитировать          4084
Cesar 4 января 2023 15:38
When I originally commented I seem to have clicked the
-Notify me when new comments are added- checkbox and from now on each time a comment is added I recieve four emails with
the exact same comment. There has to be a way you are able to remove me from that service?
Thanks!

My homepage Visit here
Цитировать          4085
Angelita 4 января 2023 15:45
I'm gone to convey my little brother, that he should also pay a quick visit this website on regular basis to get updated from most recent reports.


Here is my web page :: idnpoker
Цитировать          4086
Nannette 4 января 2023 15:50
What's up i am kavin, its my first occasion to commenting anywhere, when i read this paragraph i thought
i could also create comment due to this good article.

Stop by my blog post ... Sonnoo
Цитировать          4087
Tyrell 4 января 2023 17:01
I blog quite often and I really thank you for your information. The article has really peaked
my interest. I am going to take a note of your blog and keep checking for
new details about once a week. I subscribed to your Feed
as well.

Here is my site ... Slot Anti Rungkad
Цитировать          4088
Twila 4 января 2023 17:22
When I originally commented I clicked the "Notify me when new comments are added" checkbox and now each time a comment is added I get four emails with the same
comment. Is there any way you can remove people from that service?
Many thanks!

Check out my website - sv388 login
Цитировать          4089
Helena 4 января 2023 17:24
Just desire to say your article is as astounding. The clearness
in your post is just great and i can assume you're an expert on this subject.
Fine with your permission let me to grab your feed to keep up to
date with forthcoming post. Thanks a million and please continue the gratifying work.


my web blog :: Vincenzo Burke
Цитировать          4090
Berry 4 января 2023 19:33
We're a bunch of volunteers and starting a brand new scheme in our community.
Your site provided us with helpful info to work on. You have done a formidable job and our whole group can be thankful to
you.

Here is my webpage sarang188 login
Цитировать          4091
Cameron 4 января 2023 20:52
Hello! Someone in my Facebook group shared this website with us
so I came to take a look. I'm definitely enjoying the information. I'm bookmarking
and will be tweeting this to my followers! Outstanding blog and superb design and style.


Also visit my web page - Sports Betting
Цитировать          4092
Fausto 4 января 2023 22:03
Thanks in support of sharing such a nice thinking, post is fastidious, thats why
i have read it completely

my blog post :: svv388 login
Цитировать          4093
Taylah 4 января 2023 23:51
Have you ever thought about including a little bit more than just your articles?
I mean, what you say is valuable annd all.
But think about if you added some great images or videos to give your posts more,
"pop"! Your content is excellent bbut with pics and clips, this website could undeniably be one of the greatest in its niche.
Very good blog!
homepage
Цитировать          4094
Margot 5 января 2023 01:10
Hi there, after reading this remarkable article i
am as well cheerful to share my experience here with friends.


my webpage - Pragmatic
play
Цитировать          4096
Shawna 5 января 2023 01:37
No matter if some one searches for his essential
thing, so he/she wants to be available that in detail, so that thing is maintained over here.


My homepage :: idn poker88
Цитировать          4097
Yasmin 5 января 2023 02:24
Hello every one, here every person is sharing these know-how, so it's fastidious to
read this blog, and I used to visit this blog every day.



my website; NY Times News Today
Цитировать          4098
Amee 5 января 2023 03:09
Hello to all, it's genuinely a good for me to pay a
visit this web page, it contains precious Information.

Here is my web site: mafoi consultancy, Lenore,
Цитировать          4099
Sonja 5 января 2023 03:42
I simply couldn't go away your web site prior to suggesting that I extremely loved the usual information a person provide
for your guests? Is going to be back often to inspect new posts

Look at my homepage :: leci 123
Цитировать          4100
Jetta 5 января 2023 04:46
I’m not that much of a internet reader to be honest but your sites really nice, keep it up!
I'll go ahead and bookmark your site to come back down the road.
All the best

Feel free to visit my webpage: development
management consultant
Цитировать          4101
Charlene 5 января 2023 05:22
I'm really enjoying the theme/design of your
site. Do you ever run into any internet browser compatibility issues?

A few of my blog readers have complained about my site
not working correctly in Explorer but looks great in Firefox.
Do you have any advice to help fix this problem?


Also visit my web-site; situs joker123 deposit
pulsa
Цитировать          4102
Bernadine 5 января 2023 05:27
Hello there, well put together internet site you have here.

https://izyrardow.pl
Цитировать          4103
Almeda 5 января 2023 06:08
Have you ever earned $765 just within 5 minutes?

trade binary options
Цитировать          4104
Sasha 5 января 2023 06:38
Can you tell us more about this? I'd love to find
out more details.

Also visit my web blog :: press release distribution services uk
Цитировать          4105
Fredericka 5 января 2023 06:48
I get pleasure from, lead to I discovered exactly
what I used to be looking for. You've ended
my four day long hunt! God Bless you man. Have a great day.
Bye

My web-site - Idn Poker
Цитировать          4106
Valorie 5 января 2023 07:05
Hi! I could have sworn I've been to this site before but after checking through some of
the post I realized it's new to me. Nonetheless,
I'm definitely delighted I found it and I'll be book-marking and checking back often!

My web blog; slot anti rungkad
Цитировать          4107
Jada 5 января 2023 07:09
Hi, I do believe this is a great web site. I stumbledupon it ;) I am going to come back once again since I bookmarked it.
Money and freedom is the greatest way to change, may you be rich and continue to help other people.



Visit my blog post acheter avis google
Цитировать          4108
Hunter 5 января 2023 07:10
I'm not sure why but this site is loading very slow for me.

Is anyone else having this issue or is it a problem on my end?

I'll check back later on and see if the problem
still exists.

Feel free to surf to my website online casino vavada
Цитировать          4109
Lawerence 5 января 2023 07:21
There is definately a lot to find out about this subject.

I love all of the points you've made.

My homepage :: NY Times News Today
Цитировать          4110
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: