Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Страница 18
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон муҳосираи минтақае, ки он ҷо амалиёти махсус анҷом шуд, бекор гардидааст, хабар медиҳад бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Дар Туркия рӯзи сешанбе иҷозатномаи фаъолияти 24 телевизион ва радио, ки гӯиё марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонӣ ва фаъоли ҷамъиятии турк ҳастанд, бозхонд карда шуд.
Дар Ӯзбекистон барои хонандагони синфи 1-ум китоби алифбои электронӣ таҳия шудааст.
Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА расман номзадии миллиардер Доналд Трампро ба мақоми президентӣ дар интихоботи ин кишвар пешбарӣ намуд.
Мақомоти Туркия ду халабонеро, ки дар сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия даст доштанд, боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо истинод ба мақомҳои баландпояи турк иттилоъ додааст.
Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА гуфтааст, агар риоя нагардидани принсипҳои демократӣ баъди кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия идома ёбад, эҳтимол аст, узвияти ин кишвар дар НАТО қатъ шавад.
Мустафо Калискан, сардори пулиси Истамбул ба зердастонаш дастур дод, ҳар чархболеро, ки дар болои шаҳр бидуни иҷозат парвоз мекунад, бе огоҳӣ сарнагун кунанд.
Дар натиҷаи як тирпарронӣ дар минтақаи Қозибеки кӯчаи Абилай-хонаи Алмаато се нафар кушта шудааст, ки ду танашон корманди пулисанд, иттилоъ додааст яке аз шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо хабарнигори Интерфакс.
Мақомоти Арманистон бо фаъолони ҳаракати "Порлумони созмондиҳанда", ки субҳи 17 июл бинои пулисро муҳосира карда, чанд нафарро дар Ереван асир гирифтанд, музокиротро идома медиҳад. Ба гуфтаи муовини сардори пулиси Арманистон, Унан Погосян, мақомот
Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу ҳушдор дод, ки изҳорот дар бораи даст доштани Вашингтон дар табаддулоти нофарҷоми Туркия метавонад ба муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар халал ворид намояд.