Барои хонандаҳои синфи 1-и Ӯзбекистон алифбои электронӣ сохтанд20-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ӯзбекистон барои хонандагони синфи 1-ум китоби алифбои электронӣ таҳия шудааст.
Бино ба иттилои СА-News, ин китоби дарсии электрониро барномасозони Маркази рушди омӯзиши барномаҳои чандрасонаии назди Вазорати маорифи Ӯзбекистон сохтаанд. Ҳадафи асосии китоби электронӣ аз худ кардани дониш ба воситаи технологияи замонавӣ буда, маводи видеоию аудиоияш ин равандро осон менамояд. Барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи кӯдакон аксҳои рангаву бозӣ ва мусиқӣ истифода шудааст. Мактаббачагон метавонанд ин китобро ба воситаи компютер биомӯзанд. Тавре Агентии оид ба моликияти зеҳнии Ӯзбекистон хабар медиҳад, барои муаллифони алифбои электронӣ шаҳодатнома дода шудааст, то онро коркард намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.