Доналд Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ шуд20-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА расман номзадии миллиардер Доналд Трампро ба мақоми президентӣ дар интихоботи ин кишвар пешбарӣ намуд.
Доналд Трамп зимни анҷумани 19 июли ин ҳизб дар иёлати Огайои Кливленд тавонист, аз 16 рақибаш, ки аксарашон сиёсатмадорони таҷрибадоранд, раъйи бештарро соҳиб шавад. Интизор меравад, вай зимни суханронии 21 июлаш даъватномаи номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи ИМА-ро дарёфт кунад. Ин дар ҳолест, ки бештари мардум, аз ҷумла ҷумҳурихоҳон бо шумули Ҷорҷ Буш, президенти пешини ИМА даъватҳои Трамп барои манъи вуруди мусулмонон ба Амрико ва бунёди девор дар марз бо Мексикаю эродаш аз занҳоро тавҳину тафриқаандозӣ мешуморанд. Тавре интизор меравад, рақиби Доналд Трамп дар интихобот Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии пешини ИМА хоҳад буд, ки ҳафтаи оянда номзадияшро Ҳизби демократ расман пешбарӣ мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.