Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷон Керрӣ даст доштани ИМА-ро дар табаддулоти Туркия номумкин хонд

Ҷон Керрӣ даст доштани ИМА-ро дар табаддулоти Туркия номумкин хонд

18-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Ҷон Керрӣ даст доштани ИМА-ро дар табаддулоти Туркия номумкин хондҶон Керрӣ, котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу ҳушдор дод, ки изҳорот дар бораи даст доштани Вашингтон дар табаддулоти нофарҷоми Туркия метавонад ба муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар халал ворид намояд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба Ҷон Кербӣ, намояндаи расмии Департаменти давлатӣ рӯзи якшанбе иттилоъ додааст.

"Ҷон Керрӣ ошкоро фаҳмонд, ки ИМА омодааст, ба мақомоти Туркия барои тафтиши ин ҳодиса кумак кунад. Аммо буҳтонҳои оммавӣ ё тасдиқи кадом як нақши Иёлоти Муттаҳида дар табаддулоти нокоми ин кишвар асос надораду ба муносибатҳои дуҷонибаи мо латма ворид мекунад", - гуфтааст Кибрӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҷон Керрӣ бори дигар ҳимояти Вашингтонро аз ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Туркия баён карда, аз Анқара даъват кардааст, ки таҳаммулпазир бошаду ҳангоми тафтиши ҳолатҳои кӯшиши табаддулот ба қонун эҳтиром бигзорад.

Президент Раҷаб Тайиб Урдуғон 16 июл аз ҳамтои амрикоияш Барак Обама даъват кард, Фатҳуллоҳ Гулен, руҳонии туркро, ки Анақара вайро дар кӯшиши табаддулоти низомӣ айбдор мекунад, ба Туркия бидиҳад. "Агар шарики стратегием, пас дархости моро иҷро кунед. Мо низ террористҳои дархостнамудаи шуморо таслим карда будем", - гуфтааст президенти Туркия.

Қаблан Ҷон Керрӣ гуфта буд, ки Вашингтон омадааст, далелҳои даст доштани Гулен дар табаддулотро баррасӣ намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: