Дар Ереван фаъолони мухолиф боздошт шуданд18-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Арманистон бо фаъолони ҳаракати "Порлумони созмондиҳанда", ки субҳи 17 июл бинои пулисро муҳосира карда, чанд нафарро дар Ереван асир гирифтанд, музокиротро идома медиҳад. Ба гуфтаи муовини сардори пулиси Арманистон, Унан Погосян, мақомот мехоҳанд фаъолони ҳаракатро аз талаба озодсозии роҳбари "Порлумони созмондиҳанда" Жирайр Сефилян ва чанд ҷонибдораш баргардонанд.
Фаъолони ҳаракат бар ин назаранд, ки Жирайр Сефилян ва ҷонибдоронаш маҳбуси сиёсианд. Погосян илова мекунад, ки пулис тавони кофии безараргардонидани фаъолони ҳаракатро дорад, вале ҳоло ки имкони ҳалли осоиштаи низоъ вуҷуд дорад, бояд гуфтугӯ анҷом дода шавад. Рӯзи якшанбе хабар расид, ки дар Ереван даҳҳо ҷонибдори мухолифон боздошт шудаанд. Дар майдони Озодӣ се фаъоли ташаббуси шаҳрвандии "Бархез, Арманистон" - Андриас Гукасян, Давид Санасарян ва Давид Ованнисян боздошт шуданд. Дар натиҷаи ҳамла дар Ереван субҳи 17 июл муовини хадамоти назоратгоҳҳо Артур Ваноян кушта ва се пулиси дигар захмӣ шуд. Шаш корманди пулис дар асорати фаъолони ҳаракати "Порлумони созмондиҳанда" ҳастанд. Намояндагони "Порлумони созмондиҳанда" ҳодисаи охирро "оғози эътироз" бо ҳадафи "сарнагун кардани ҳукумат" ва "озодсозии зиндониёни сиёсӣ" номидаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.