Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУҶАНД: Ваҳдати миллӣ -омили саодати миллат

ХУҶАНД: Ваҳдати миллӣ -омили саодати миллат

30-06-2022, 07:09
Хабарро хонданд: 3060 нафар
Назарҳо: 0
                ХУҶАНД: Ваҳдати миллӣ -омили саодати миллат

Сулҳу якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будан мароми мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдўст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумўи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Сулҳу ваҳдати Тоҷикистон намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон гашт ва мавқею мақоми давлатамонро дар миқёси ҷаҳон устувор намуд. Имрўз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру перафти имрўзаи маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти давлатии кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро побарҷо нигоҳ дошта метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдати комилу якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «ҳар касе ниҳоле сабзонда бошанд, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Онро ниҳоли Ваҳдат меноманд. Мо ин меваи ширину парвардаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўз самар оварда истодааст, ки бо он мо тоҷикон фахр мекунем.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ омад. Мамлакат обод шуд, пеш рафт. Дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ падидор гашт.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ҷаҳду талоши сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ имконият фароҳам овард, ки тарафҳои ба ҳам муқобил сарҷамъ гарданд, зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд,сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гардад ва ғайра. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармо гаштааст. Ин нуктаҳоро худи сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кардааст: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазандиваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».

Сарвари давлатамон дар мавриди таҳкими Ваҳдати милли сухан ронда таъкид намудаанд, ки «Ҳамин хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».

Ин нуктаи назари Савари давлат бар он далолат мекунад, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар ваҳдати миллиро ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳояд азиз ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

дар давоми 30-соли Истиқлолият ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян менамояд.

Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ѓазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯали ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо – Имом Абӯҳанифа (р), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсию илмӣ, маърифатию фарҳангӣ, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷӯии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили ҳар яке аз ҷашнҳо ҳадафи маърифати беҳтару хубтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихӣ ва ободону маъмур намудани диёрамонро дар пай дошт. Ба иборати дигар ин чорабиниҳои бузург ба ваҳдатимилли тоҷикон таҳким бахшид ва бори дигар собит сохт, ки мардуми мо аз азал дар сиришти хеш мароми ваҳдат ва ҷавҳари сулҳофариниро мепарварад ва дар таърих ҳамчун халқи сулҳҷӯ ва ваҳдатофарин шӯҳрат пайдо кардааст.

Имрӯзҳо дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ дар маводҳои чопию электронӣ бо теъдоди зиёда 1,5 ҳазор адад ба табъ расидааст. Дар онҳо олимон, коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро иброз намудаанд. Аз чоп баромадани силсилаи китобҳо таҳти унвони ягонаи «Ваҳдат, давлат, Президент» дар 10 ҷилд, китобҳо ва маҷмӯаҳои илмии «Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Таронаҳои Ваҳдат», «Баёзи Ваҳдат», «Дорога к согласию», «Миростроительство в Таджикистане», «Политика мира и созидания» ва амсоли онҳобаҳри таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо оид ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Хушбахтона бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи тандурустӣ низ тайи чандин соли охир дастовардҳои зиёдеро метавон дид, ки ин низ меваи ваҳдат аст. Пеш аз ҳама омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа, ворид намудани техникаву техналогияҳои нави тиббиро метавон қайд намуд.

Сарвари давлат дар мавриди худогоҳии миллӣ яке аз паҳлӯҳои асосии онро дар ҳифзи меъроси миллӣ мебинад. Махсусан аз забони Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки набояд меъроси илмию фарҳангии мо парешон гардаду ба дасти бегонагон афтад. Зеро маҳз ин меъроси маънавӣ дар баланд шудани маънавиёти мардум нақш мебозад ва танҳо миллати соҳибмаърифату соҳибкитоб метавонад дар заминаи дурдонаҳои ниёгонашҷомеаро пайваста ба дӯстӣ иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват созад. Ин аст , ки халқи мо аз қадимулайём то имрӯз ҷудоиву тафриқаангезиро маҳкум менамояд, тавҳиду ягонагиро ситоиш месозад ва баҳри ноил шудан ба саодати ичтимоӣ кӯшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон дар сатҳи кишвар муаррифӣ мекунанд ва чунин таҳавули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии милӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш намояд. Ваҳдати миллӣ бемуҳобо маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва як порчагии марзу буми кишварро ҳифз созад.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гулгул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрўз меболам ва бо ифтихор метавонам гўям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор маҳз бо талошу заҳматҳои шаборўзии фарзонафарзанди миллат –Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадди мустаҳкам расидааст.

Худоизода Дониёри Шер

Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамдилӣ” – и шаҳр и Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: