Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вахдати миллӣ

Вахдати миллӣ

26-06-2018, 07:39
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Вахдати миллӣ

Раванди расидан ба сулҳи фарогир дар Тоҷикистон, ки хоҳиши деринаи мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии созандаи мамлакат барои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб мерафт, дар ҷараёни кори иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27 июни соли 1997 идома ёфт, зеро баъди баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз низ ҳанӯз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ пурра ором нагардида буд. Қувваҳое мавҷуд буданд, ки ба касе итоат намекарданд. Агар баъзеи ин қувваҳои сияҳкор худро ҷонибдори мухолифин меномиданд, баъзеи дигар барои бадном кардани ҳукумат даст ба ҷинояту ғоратгарӣ мезаданд.
Маҳз ба хотири расидан ба сулҳи фарогир ва ба даст омадани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ баргузор гардид ва аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, се машварати байниҳамдигарии ҷонибҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифин баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот 9 санади асосӣ қабул шуд, ки ин санадҳо барои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ниҳоят, дар рӯзи барои мардуми Тоҷикистон басо таърихию тақдирсозӣ 27 - уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсозӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҷомеаи мо натанҳо сулҳу оштии миллиро таъмин намуд, балки ба пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард, зеро бидуни сулҳу оромӣ пешрафту тараққиёт имконнопазир аст.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфахмиву поктинату миллатдӯст будан буда, он бехтарин неъмати хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, наҷоти миллат, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танхо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯй меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президенти муаззамамон ба сулҳу ваҳдат ташбех додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо , мо тоҷикон фахр месозем.
Рохи оҳани Қургонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳӣ Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, моро ба сӯйи уқёнуси чаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид.
Дар воқеъ Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулху амонӣ ва дустӣ хукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд.
Махз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, мо чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба хадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшид ва барои мо такягоҳ аст.

Эҳсонҷон Исоев
Мудири шуъбаи умумӣ ва назорати
КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: