Ваҳдати миллӣ - муҳимтарин дастоварди даврони истиқлол21-06-2022, 07:35
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати навин марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳила ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном «драмаи миллӣ» дучор мегардад. Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки кадом роҳ дуруст аст, баъзе гурӯҳҳои навмед ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад. Ба ин масъала олимон ва рӯзноманигорон танҳо баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад. Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии афкори сиёсии худро эълон намудаанд. Аз ҷумла, чунин менависанд: “Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта, бо системаи дунявӣ ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои таҳмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида ба ҷудоандозӣ, бӯҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд”. Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби амрикоӣ, англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд. Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину зиёде ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо - тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям - пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошад. Умаров Р.Р., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.