Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ Исравшан: Устуворӣ аз ваҳдат аст

Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ Исравшан: Устуворӣ аз ваҳдат аст

10-06-2022, 08:36
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ Исравшан: Устуворӣ аз ваҳдат аст

Вақте мо аз хусуси ваҳдат сухан меронем, ваҳдати тамоми халқҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доштаро дар назар дорем. Ба қавли дигар, ваҳдати миллӣ ин зиндагии орому осуда ва бо ин васила дилҳои пурсуруру лабҳои пурхандаи ҳар фарди ҷомеа аст.

Агар мо ба воқеаҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа аз нигоҳи таърихӣ назар андозем, мебинем, ки тамоми дастовардҳои миллат дар ҳар давру замон ба ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад ва маҳсули он аст.

То ҳатто метавон гуфт, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ низ ҳосиле аз боғи ваҳдат аст, зеро ҳеҷ қавме дар парокандагию парешонӣ истиқлолият ба даст оварда наметавонад ва ё онро тез аз даст медиҳад. Аз ин рӯ гуфтан метавон, ки истиқлолияти давлат бо ваҳдати миллӣ комилтар ва қавитар мегардад. Ҳар чӣ бештар ваҳдат мустаҳкам бошад, истиқлолият устувор мегардад. Зикр кардан бамаврид аст, ки барои ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ саҳму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Маҳз иродаи матину устувор ва мардонагии бемисли ӯ омили асосӣ ва муайянкунандаи ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.

О.Шарифов

Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ

БЕҲТАРИН НЕЪМАТ

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид намудааст.

Дар тӯли бештар аз ҳазор сол тоҷикон худро аз парокандашавӣ наҷот дода, ба истиқлолияти миллию давлатӣ расиданд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қуввваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки эҳсоси ифтихори миллиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ равона намуданд. Вале табиати сулҳҷӯёнаи тоҷикон ғалаба карду дарки дурандешию хирадмандии онҳо боло рафт.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ваҳдати миллӣ ин бояд ваҳдати тамоми сокинони кишвар, навобаста аз мансубияти миллию динӣ, дар назар дошта шавад.

Зери маънои ваҳдат на танҳо озодӣ, балки пешрафт ва рушди мамлакат фаҳмида мешавад. Тоҷикистон ин дастовардҳоро дар натиҷаи кӯшишҳои пайдарпаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёт, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат мебошад.

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.

Д.Ҳайдаров

Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ

МУЖДАРАСОНИ ҲАЁТ

Барои ман Ваҳдат идест, ки ҳар рӯз офтоб ба хонаи мо онро меорад, ин табассуми модар, хотири ҷамъу боварӣ ба фардо ободии диёру шукуфоии рӯзгор аст. Ваҳдат муждарасонандаи ҳаёт, муҳофизи миллат, нигоҳдорандаи Ватан, такягоҳи давлат мебошад.

Ваҳдат мисли Ватан, Модар, Давлат, Истиқлолият барои ҳар як инсон муҳиму азиз аст. Ваҳдат ин якдилию якпорчагии мардум мебошад.

Бидуни Ваҳдат на танҳо соҳиб-истиқлолӣ, балки арзи ҳастӣ кардани миллате ё давлате имкон надорад.

Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» аз муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, дилхоҳтарин армуғон буд, ки онро бисту панҷ сол муқаддам, пас аз панҷ соли ҷанги фалокатбори дохилӣ, маҳрумияту нокомиҳо Пешвои ҷонсупори миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдими мардуми азияткашидаи тоҷик намуд.

Роҳатой Икромова,

раиси кумитаи маҳаллахонаи «Ваҳдат»

Ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ

ВАҲДАТ – НАҶОТИ МИЛЛАТ

Ваҳдат ҳамчун омили наҷотбахши давлату миллати тоҷикон яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Он садди роҳи аз байн рафтани Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, дар дили мардум умед ба зиндагии осоишта ва фардои дурахшон бедор намуд.

Ваҳдат ва субот аст, ки имрӯз мардум бо дили гарм баҳри ободии Ватани маҳбуб кору пайкор намуда, дар рушди устувори кишвар саҳм мегузоранд.

Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кори ҳар сокини ҷумҳурӣ бошад:

“Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллат, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат бошад”.

М.Исоқова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: