Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Меҳри Ватан бо меҳри модар тавъам аст

Меҳри Ватан бо меҳри модар тавъам аст

8-06-2022, 08:59
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Меҳри Ватан бо меҳри модар тавъам аст

Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли олам бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд. Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори хар яки мост.

Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон бояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки Ислом чунин аст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».

Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад.

Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем. Фарзандони худро бояд дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба ҳувияти Ватан тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем. Шукргузор бошем, ки аз шукр шакар зиёда гардад…

Ман ба буи ҷону ҷонон зиндаам,

Чун умеди рӯзгорон зиндаам.

Ман киям, ҳар лаҳза мепурсӣ маро

Тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам!

Юсуфова Ҳамидахон, мутахассиси бахши

омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: