Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

30-05-2022, 10:08
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад
2022-05-28

Мусаллам аст, ки бадхоҳию фитнагарӣ кинаю адоват пасттарин сифатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, нафароне, ки дорои ин хислатҳо ҳастанд ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Бештар аз ҳама нафаре, ки ба давлату миллат ва Ватани худ хиёнат кардаанд, ҳеҷ гоҳ гунаҳашон бахшида намешавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он гаштанд, ки ҳамин гуна як гурӯҳи ноогаҳу фурӯхташуда чанд рӯз пеш дар ноҳияи Рўшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷавононро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват намуда, суботи минтақаро чанд рӯз халалдор намуданд. Иқтидори адолат, раъйи сокинон, пояи устувори давлатдорӣ собит намуд, ки ин фитнаангезиҳо ба истилоҳ хасе дар назди боданд.

Намоиши филми “Шикасти фитна” парда аз рўйи нақшаи тарҳрезишуда ва амалиётҳои саркардагони ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Маҳмадшоева ва Алим Шерзамон (дастурдеҳи хиёнаткор аз хориҷа)-ро бардошт. Сокинон огаҳ гаштанд, ки ин гурӯҳ бо мақсади ба баст овардани манфиат, халал ворид кардан ба сохти давлатдорӣ, гумроҳ кардани мардум омодагӣ дида, нақшаҳои хиёнаткорона тарҳрезӣ мекардаанд.

Кирдори разилонаи ин гурӯҳ дар он муайян гардид, ки онҳо дастури хоҷагони хориҷии худро амалӣ карданӣ буданд. Магар аз ин бештар хиёнат ба Ватан-Модар ҳаст? Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба хуни рехтаи чанд нафар зомин шуданд? Гуноҳу кирдори ин тоифаро на ягон меъёри қонун ва халқу миллат намебахшад.

Дар филм дида мешавад, ки ин саркардагон аз рафтору аъмолашон иқрор мешаванд. Боз шармандавор узр мепурсанд. Бештар аз ҳама, нафрати кас ба Улфатхоним Мамадшоева афзун мешавад, ки ба номи модарӣ ва зани тоҷик иснод оварда, худ ва имону виҷдонашро фурӯхтааст.

Воқеан, ҳар як ҳодиса ё аъмоли нафаре ҳушдоре ба ҷомеа мебошад. Ин воқеаҳо ва рафтори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошем. Ба қадри истиқлолу ваҳдат бирасем.

Давлату Ҳукумати кишвар зери раҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлоли кишвар, татбиқи волотарин ҳадафҳои давлатсозӣ фидокорона заҳмат кашида, ҳар сокини мамлакатро ба зиндагии шоиста ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят менамояд.

Рӯзибой Ашурзода,

муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробо
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: